Хизматчии Раёсати қӯшунҳои сарҳадӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд аз ҳалокати як хизматчии ҳарбӣ дар рудхонаи Сир хабар медиҳад.
Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Ҷовид Бобоеви 21-сола, сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ), ки хизматчии Раёсати қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд будааст, ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ рӯзи якшанбеи 21 август, тахминан соати 15:45 дар мавзеи манъшудаи дарёи Сир, воқеъ дар назди Боғи фароғатии “Наврӯзгоҳ” оббозӣ карда, “бинобар маҳорати хуби шиноварӣ надоштан”, ба ҳалокат мерасад: “Ҷасади ӯро наҷотдиҳандаҳои ситоди ҳолатҳои фавқулода пас аз чанд лаҳзаи ғарқшавӣ аз дарё берун кардаанд”.
Ба омори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд давоми 7 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр 20 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд расидааст, ки дар натиҷа 10 нафар ҳалок ва 10 каси дигар наҷот ёфтаанд: “Аз 10 ҳолат 5 нафар даст ба худкушӣ задааст”.
Аксро як корбари "Озодагон" фиристод
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |