Президент: Бо ин ҳама таъминоту пуштибонӣ натавонистед интизороти миллатро бароварда созед
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон барои нокомӣ дар бозиҳои олимпии Рио-де Женейро мусъули бахши варзиши кишварашро сарзаниш кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои туркманӣ, Бердимуҳаммадов ба Каакбой Саидов, раиси кумитаи варзиши Туркманистон гуфтааст, “хеле дилсардкунанда аст, ки бо ин ҳама таъминоту пуштибонӣ шумо натавонистед интизороти миллатро бароварда созед”.
Дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро ҳеч варзишгари туркман ба гирифтани нишон мушарраф нагардид. Ин кишварро имсол дар олимпиада 9 вазишгар намояндагӣ мекард.
Президенти Туркманистон Саидовро сарзаниш кардааст, ки натавонист обрӯи кишварро дар арсаи варзиш боло бубарад. Ӯ ҳушдор дода, ки раиси кумита ин камбудиҳоро ислоҳ кунад, вагарна аз мақом сабукдӯш мешавад.
Соли 2012 раисиҷумҳури Туркманистон раҳбари собиқи кумитаи варзишро барои нокомӣ дар бозиҳои Олимпии Лондон аз мақом барканор карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |