Бахшҳо

Э. Раҳмон: Дар рӯзҳои ид ба хароҷоти беҳуда ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ дода нашавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони вилояти Хатлон бо ишора ба наздик омадани Иди қурбон аз масъулин даъват кард, ба мардум фаҳмонанд, ки тибқи таълимоти дини мубини Ислом киҳо метавонанд қурбонӣ кунанд ва хайроту садақа диҳанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар ин вохӯрӣ, ки субҳи имрӯз, 25 август дар ноҳияи Бохтар баргузор шуд, раисиҷумҳур иброз доштааст, ҳар анъана ва расму ойине, ки дар фарҳанги динии мо роиҷ аст, фазилату мантиқ ва асосе дорад, ки шахсони савобҷӯ бояд тибқи он амал намоянд. Ҷаноби Раҳмон таъкид намудааст, аз таълимоти ислом бармеояд, ки қурбонӣ ҳамчун ибодати молӣ ба шахсоне воҷиб аст, ки аз назари иқтисодӣ имконият доранд ва молу сарваташон барои анҷом додани ин амал кофист: “Аз ин лиҳоз, ҳар як мусулмон пеш аз адои ин суннат бояд масъулияти худро дар назди аҳли оила ва хешовандони наздики худ, ки ба ӯ ҳаққи зиёд доранд, иҷро карда бошад. Дар ояти 286-уми сураи Бақараи Қуръони маҷид омадааст, ки “Худованд ҳеч касро беш аз тавоноияш вазифадор намекунад”.

Президент дар идома аз ҳадисҳои пайғамбари Ислом ҳам ёд овардааст, ки дар онҳо зикр шудааст, моли қурбонӣ ё қимати он ва умуман, ҳама гуна хайроту садақот, пеш аз ҳама, ба муҳтоҷону тангдастон, ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат дода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид кардааст, дар рӯзҳои ид ва гузаронидани тӯю маъракаҳо бо дарназардошти вазъи замона, аз ҷумла таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодӣ ба буҷаи ҳар оила ба хароҷоти беҳуда ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ дода нашавад ва қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳатман риоя гардад.
Мӯҳр
Нозим
Ин харочотхои бемаьние ки дар Душанбе ва дигар шахру вилоятхо бахшида ба истиклолият гузаштаистодааст ба конуни танзим дахл надоштабошад.Кучо хастанд муовинони кумитаи дин ё раиси танзим ки гап зананд.Ин 25 хазор нафаре ки саргардон шудаистодаанд аз кадом хисоб либоси якхела мепушидабошанд.

Маслихатхои гамхоронаи ПЕШВО-ро бояд нодида нагирем. Хар кадом агар аз руи ин маслихатхо амал кунад, чомеаи точикон "гулистон" мегардад. Ба хар кавму миллат дорои чунин ПЕШВО будан, муяссар намегардад. Худованд ба мардуми точик рахм карду чунин рохбарро ба мо насиб гардонд. Мо мардуми одди бояд уро хамчун гавхараки чашм аз душманони дохилию хоричи хифз намоем. Ороми ва суботи чомеа аз окил, одил ва дурандеш будани сарвари ягонаи он вобастагии калон дорад, ки мо чомеаи точикон аз он бархурдорем...

Халқа дар Кучахо Меброран Призидент омад.Бахами Зиндаги Кашоқона дар Ҷони Халқ задагийн.

бисёр фикри хуб зеро баъди чашни истиклол мардум дигар куввати харочотро надорад

Баъзе инсонхо хаст, ки худро точик гуфта (садкаи номи точик шавад), аз дасташ коре намеояд ва дар кунчи хона нишаста ба "гайбат"-и ин ва ё он машгул аст. Доим ба сиёх кардани рохбарият ва ПЕШВОИ миллати худ шугл дорад. Ин гуна одамонро дар чомеа "шаголак" ном мебаранд. Гайбатчи хам дар ин дунё ва хам дар он дунё рухаш сиёх аст. Мулк, ки бе сарвар монд, мулк вайрон мешавад. Шаголакхо хаминро мехоханд, ки ин хохиши хочагони хоричиашон мебошад. Мулк, ки ноором шуд, хочагон бо ду тангаи пучак боигарии миллатро аз худ менамоянд, ин аст максаду мароми ноором кардани кишвар бо истифода аз шаголакхо... Бе ягон суханони зиёдати мо точикони асил вазифадор хастем, ки сулху субот ва ПЕШВО-и худро хифз-хифз-хифз намоем. Рушду таракии точиконро ба гайр аз худамону ПЕШВО-ямон дигар ягон ачнаби намехохад...

Сорбон
Хамун пул бошад, ки харочоташ кунем, набошад сарош менем...

Магар танзим факат барои мусулмонон ва идхои исломи дахл дорад?

Бисьёр пешниходи хуб мебошад, ман хам тарафдор хастам ва лозим шавад фикру акидаи худро ба наздикону пайвандон дар ин мавзу мефахмонам. Мисол рафтани кудакони хурдсолу занон ба хонадони аруси пеш аз ид туйшуда. Ба хурдан сер намешанд, Дастархонро талаву тороч карда мебаранд. Дар шароити хозира хеле зарур аст ки
падару модарон ба фарзандону духтарони худ фахмонанд ки ба ягон келинчакхона нараванд. ва ин боиси боз карзор шудани домод аз бонк ё аз шахсони алохида мешавад.

Ҳар як сафаре ки Раҳмонуф ба шаҳру ноҳияҳо мекунад чи қадар пул аз буҷаи ноҳия сарф карда мешавад? Ҳазорҳо сомонӣ дуруст? Ин марширофкае ки ду ё се моҳ пеш аз 9 ми сентябр шуруъ мегавад ва ҳазорҳо долар масраф мешавад ин ҳам албатта ки аз буҷаи давлат.... пас ҷаноби Раҳмонуф дар ин мавридҳо ҷаро ҳарфе намезанед агар ки бар зидди ҳарҷу масрафҳои бемаънию беҳуда ҳастед??..

Солех
Суфии фархори,
Ай ами лаганбардоритон ах намонден да. Бачахот хамаш дар Москва дар азобан тьра ягончота гам нест. Руз то руз беномус бисёр шидестай. Ай беномусира дигар дхтарошона нигох намекнан ки ами рузо ба чи коро машгулан. Худочон хамаро бо рохи рост хидоят кун!!! Омин!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)