Бахшҳо
07 сен 2016 12:56Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Tcell-ро Бунёди Оқохон мехарад

Ширкати шведии Telia барои фурӯши 60 дарсади саҳмияҳои худ дар ширкати Tcell ба Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ризоият додааст.

Аз ширкати Tcell ба “Озодагон” гуфтанд, AKFED феълан 40 дарсади саҳмияи “Central Asian Telecommunications Development B.V.”, ки соҳиби ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (бренди Tcell) мебошад, дар ихтиёр дорад: “Харидуфурӯш, ки бояд аз ҷониби мақомотҳои танзимкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шавад, ба нақша охири соли 2016 ба анҷом расонида шавад”.

Йохан Деннелинд, президант ва директори генералии ширкати Telia мегӯяд, “фурӯши саҳмияамон дар ширкати Tcell бо мақсади мо оиди қоҳиш додани ҳузури худ дар бозори Евразия ва диққати худро бештар ба бозори Аврупо ва кишварҳои Нордик равона сохтан, мувофиқат менамояд. AKFED аз замони таъсиси ширкати Tcell саҳмиядори муҳим ба ҳисоб меравад ва ман бовар дорам, ки AKFED ин ширкатро дар оянда боз ҳам муваффақтар мегардонад”.

Нархи фурӯш дар асоси арзиши ширкати “Индиго Тоҷикистон”, ки 66 миллион доллари ИМА ро ташкил медиҳад, аз он 60% саҳмия, яъне 39 миллион доллари ИМА ба ширкати Telia тааълуқ дорад, ҳисоб карда шудааст: “Нархи мувофиқашудаи фурӯш тақрибан ба мултипликатори чор маротибагии EV/EBITDA ширкати Tcell аз рӯи ҳисоботҳои соли 2015, ки бо қурби асъори чорӣ аз нав ҳисоб карда шудааст, мувофиқат менамояд. Харидуфурӯш ба натиҷаҳои молиявӣ ва қарзи тозаи ширкати Telia маҳдудан таъсир мерасонад”.

17 сентябри соли 2015 ширкати Telia, ки саҳҳоми аслии Tcell мебошад, эълон карда буд, тадриҷан фаъолияти худро дар АвруОсиё қатъ намуда, бештар ба Аврупо рӯ меорад. Ин ширкат ба ҷуз аз Тоҷикистон дар Қазоқистону Узбакистон, Озарбойҷону Молдова ва Гурҷистон фаъолият дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)