Парлумони Узбакистон номзади муваққат ба мақоми президентро тасдиқ мекунад
Парлумони Узбакистон имрӯз, 8 сентябр бо баргузории як ҷаласа номзади раисҷумҳури муввақатии ин кишварро тасдиқ мекунад. Дар ин бора шабакаи давлатии телевизионии “Узбакистон” хабар додааст.
Тибқи моддаи 96-и Конситутсияи Узбакистон раиси Маҷлиси миллӣ (Сената Олий Мажлиса) то 3 моҳ кишварро идора мекунад ва дар ин муддат бояд интихоботи президентӣ баргузор шавад. Маҷлиси миллии Узбакистонро Неъматулло Юлдошев раҳбарӣ мекунад.
Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон, ки аз соли 1989 зимоми қудратро дар ин кишвар дар даст дошт, рӯзи 27 август бо хунравии мағзӣ ба бемористон интиқол ёфт. Рӯзи 2 сентябр телевизиони давлатии Узбакистон аз даргузашти Ислом Каримови 78-сола хабар дод. Ӯро 3 сентябр дар Самарқанд ба хок супориданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |