Бахшҳо
13 сен 2016 12:21Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, даҳҳо сокини Суғд ба хотири манфиатҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, наздики 400 сокини вилояти Суғд ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил шудаанд, ки 36 нафари онҳо сокини ноҳияи Спитамен мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро имрӯз, 13 сентябр аснои мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен изҳор дошта, таъкид кардааст, “то имрӯз даҳҳо нафари онҳо ба хотири манфиатҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд”.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, ки замони муосир дар баробари пешрафти илму техника, инчунин, масъалаҳоеро ба миён гузоштааст, ки дарки онҳо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, ҳушёриву зиракӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеаро талаб мекунад: “Хусусан, дар солҳои охир тавсеа пайдо намудани зуҳуроти нангину хатарноки терроризму ифротгароӣ, ки аксаран таҳти шиорҳои динӣ ва зери ниқоби ислом сурат гирифта, аслан ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, барои ноором сохтани вазъи ҷомеаи ҷаҳон истифода мешавад”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур, роҳбарон, падару модарон, аҳли маориф ва фаъолони ҷамъиятӣ муваззафанд, корҳои тарбиявиро миёни наврасону ҷавонон вусъат бахшида, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳанд ва дар зеҳни наврасону ҷавонон ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва ватани соҳибихтиёрро тарбия намоянд: “Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳия ба шукронаи сулҳу суботи комили Ватан ва соҳибистиқлолии сарзамини аҷдодӣ минбаъд низ барои ободиву пешрафти кишварамон садоқамандона кору фаъолият карда, сиёсати Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва дар пешрафту тараққиёти минбаъдаи кишвари азизамон саҳми сазовор мегузоранд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)