Бахшҳо

Ҷаримаи соҳиби сартарошхона барои дасткашӣ аз хизматрасонӣ ба зани мусалмон

Додгоҳи Норвеж Мерете Ходне, соҳиби сартарошхонаеро, ки аз хизматрасонӣ ба як зани ҳиҷобдор даст кашид, беш аз 1800 доллар ҷарима бастааст.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии TV2, додгоҳ Ходнеро дар табъизи динӣ муҷрим шинохта, 10 ҳазор крон (беш аз 1200 доллар) ҷарима бастааст. Инчунин ӯ муваззаф шуда, ки хароҷоти додгоҳиро дар ҳаҷми 5 ҳазор крон (беш аз 600 доллар) пардохт намояд. Мерет Ходне гуфтааст, аз ин ҳукм розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.

Моҳи октябри соли 2015 Мерет Ходне, ки он замон ба ҳайси сартарош хидмат мекард, Малика Баён, як зани мусалмони ҳиҷобдорро аз толори худ берун ронда изҳор дошт, намехоҳад “ба одамоне мисли ӯ” хизмат расонад.

Ходне баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навҷишт, ки хиҷобро на рамзи динӣ, балки рамзи сиёсӣ медонад. Мерете Ходне дар Норвеж бо нигоҳҳои зиддиисломии худ машҳур аст. Ба иттилои расонаҳо, қаблан ӯ яке аз фаъолони шӯъбаи норвежии ҳаракати зиддиисломии “Пегида” ва ҳаракати зидди исломикунонии Норвеж -- SIAN (Stopp islamiseringen av Norge) будааст.

Дар пайи ҳукми додгоҳ Малика Баён изҳор дошта, ки аз чунин ҳукм розӣ аст ва умед дорад он барои дигарон дарси ибрат мешавад. Расонаҳо мегӯянд, Малика норвежитабор буда, соли 2011 мусалмон шудааст.
Мӯҳр
худованд ин зани мусалмонро нигохдор бошад ки уда як чомеаи масехи мусулмон шуд. мусулмонхо имруз гарчи мазлум ва ситамдида хастанд ва аммо тахамул мекунанд зеро дар оянда ислом пируз аст. ин муборизахои зидди исломи натичае чуз шикасти худ надоранд.

мехмон
Хар чи набошад хам Аврупо демократи хаст. Хар як инсон метавонад хукуки худро химоя кунад.

Хирадгаро
Акнун тасавур кунед ки чанд нафар аз европа биёянду дар кишвархои исломи зиндаги кунанд ва хоханд як ибодатгохи яхуди буддои ва ё масехи бисозанд дар як шаб бомбгузори шуда хамаи онхо несту нобуд хоханд шуд кучост адолат? адолат факат дар акл аст ва дар хирад дунёро факат хирад начот медихад. мазхаб ба гуфтаи Фрейд хирадро метарсонаду инсонро ба кучахои торик хохад бурд ва аз пешбурди чаон ва кашфи он очиз хохад кард. Чунончи Сино ва Рози ва Хайём аз дасти ин муттаасибон дар гурез буданд чун мазхабро накд карданд гунохашон факат хамин буд накд яъне назари илмии худро гуфтанд ки Газолии почаканда барин нафархо шуруъ кардан ба такфир кардан.

Исломгаро, ин ҳама мусалмонбадбинӣ аз касофатии кӣ ва чӣ шуд? Магар ваҳшиёни ба ном давлати исломӣ не? Ба ал бағдодӣ ва бандитҳош раҳмат бигу.
Дуввум инки, кишвари Норвеж ё Норвегия давлати масеҳиён аст! Ин давлатро падару бобоёни онҳо ба биҳишти рӯи замин табдил додаанд, ки ҳаваси аъроб омада, худро бо сад ҳилаву найранг ба онҷо мерасонанд ва хайма мезананд. Мегӯянд, ки "шаҳри якчашма рафтӣ, як чашматро пӯш!" Кӣ мегӯяд, ки мусулмонон онҷо рафта, монанди нинза гарданд? Тасаввур кун, ки европоиё ба Тоҷикистон омада, ҳама бо шортикҳои аз зону боло ва тани урён гарданд. Ин ба ту мефорад? Не? Бале, ба онҳо ҳам намефорад. Зеро Норвеж мамлакати онҳост, маъхази тамаддуни онҳост, хонаи онҳост. Ҳар кас дар хонаи худ хоҷа аст.

Малика
тарафҳои мо ҳам ҳамин тавр демократ мешуданду ба занони аврупоӣ намечаспиданд
чаро дар Эрон ба зани аврупоӣ муҷбуран хиҷоб мепушонанд?
исломгароиҳо низ демократияро омӯзанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)