Бахшҳо
21 сен 2016 11:53Тоҷикистон / Тема дня

Ҳимояти Иттифоқи нависандагон аз даъвои Б.Собир: Ҳаққи адибонро намедиҳанд...

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз даъвои шоир Бозор Собир барои рӯёндани ҳаққи қаламаш аз Кумитаи радиою телевизион ва нашриётҳои кишвар ҳимоят кард.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон имрӯз, 21-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” надодани ҳаққи қалами адибони тоҷикро мояи нигаронӣ хонд. Ӯ афзуд, ҳарчанд борҳо дар мавриди рӯёндани ҳаққи қалами шоиру нависандаҳо, ҳам дар даврони раёсати собиқи Иттифоқ ва ҳам дар аҳди раёсати феълӣ ба Кумитаи телевизион ва радио муроҷиат кардаанд, вале натиҷае ҳосил нашудааст: “Шояд ба шарофати ин даъвои устод роҳбарони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон минбаъд барои баромадашон ба адибон ҳаққи заҳмат пардозанд. Ҳоло беарзиштарин мол сухани бадеист. Соле 365 рӯз васоити ахбор, дастаҳои ҳунарӣ (барои консертҳои давлатӣ) аз зеҳни адибон истифода мебаранд, вале барояшон як пули пучак ҳам раво намебинанд”.

Ба қавли Ато Мирхоҷа “ҳоло ҳарфи Иттифоқро касе гӯш намекунад ва ба эътибор ҳам намегирад”. Муовини раиси Иттифоқи нависандагон ҳамчунин мегӯяд, ки шахсан ман дар муддати 25 соли охир аз ягон шабакаи ТВ ва радио ягон дирам ҳаққи заҳмат нагирифтаам: “Аксари кулли шоирону нависандагони мо ба ҳамин ҳол мувоҷеҳанд”.

Ато Мирхоҷа мегӯяд, ки чанде пештар Аскар Ҳаким шоир ва раиси пешини Иттифоқи Нависандагон дар як суҳбати инфиродӣ изҳор дошт, ки ҳисоб кардааст, ки Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба андозаи чандин ҳазор сомонӣ аз ӯ ҳаққи қалам қарздор мебошад.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагон бо нигаронӣ афзуд, ки “устод Бозор Собир ба туфайли қурбу манзалати бузурге, ки дар назди ҳукумат дорад, пулашро рӯёнд ва мерӯёнад, вале ба доди адибони дигар кӣ мерасида бошад?”.

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир аз шоирони саршиноси Тоҷикистон бо ирсоли як ариза ба бахши захираҳои зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ хоҳиш кардааст, ки ҳаққи қаламашро аз бархе чопхонаҳо ва Кумитаи радио ва телевизион, ки осори ӯро бидуни қарордод ё иҷозаи ӯ нашр кардаанд, руёнад.
Мӯҳр
п
Бозор Собирро хар чи тезтар ба Амрико депортация кардан лозим аст.

Хичолат каш Ато Мирхоча,суханхои шумоҳо чи арзишу кимат доранд,ки боз ба шумо пул диханд?аз зехни шумо чи хел истифода мебаранд?

соддабой
Мантикан хакки калами кунди удабои точбарсар бояд пардохт нашавад.

Агар сухани арзишманду маънидоре мегуфтед, имруз асархову филмномахои шумо чахони мегашт. Дар кадом барномахои чолиб ва диданиву шунидании Тв ва радио иштирок кардед? Кадом мушкилоти чомеро матрах намудед? Ё бигуед,ки дар рушди кинои точик, хамчун нависанда чи сенария пешниход намудед, ки аз руи он як филми пурмазмуне ба навор гирифта шуд ва шумо аз хаки калам махрум мондед!

шахрванд
Шоириро ирси ва шеваи пайгамбари меноманд. Он истеъдоди фитрии инсон аст, ки бояд беподош бошад. Агар не, пас хакки калами хазорхо классикони нотакрори моро, ки хамаруза шеърхояшон дар хама навъи васоити ахбор шунидаву аз забони садхо сарояндагон шунида мешаванд, ки бояд пардохт кунад??? Ва ё чаро дар озмуни Иттифоки нависандагон ягон асари лоики тахсин ёфт нашуд, ки сазовори чои якум бошад??? Агар шоирон танхо шоир боки мемонданд, макому манзалаташон афзунтар мебуд...

Шеърдуст
Чаноби Ато Мирхоча! Шумо хам худро широ мехисобед? кани он ашъоратон ки мисли устод Бозор Собир хонанда дошта бошад. дар кор шавад устод Бозор Собир хакки захматашро мебахшад. Аммо Шумо барин шоирхо чи кор мекунед? Ато Мирхоча чаро то хол даъво накарди? Ба умед нашав Ягон вакт аз Телевизион ва радио ба ту хакки калам намедиханд. Вазифаи шоир ва нависанда харруз бояд дар телевизион ва радио баромад карда мардумро бо рохи рост хидоят намудан аст. Мухтарам шоирон!!! Барои ба рохи рост хидоят кардан хакки калам интизоред. Шукр гуед ки хамин телевизиону радио хаст ки баъзе шоиру нависандахои имрузаро телевизион ва радио ба мардум муаррифи мекунад. Бояд шумо бо телевизион ва радио пул дихед.Кадом шоире ки монади Бозор Собир ашъораш серхонанда бошад меаарзад ки даъвои хаккаи калам кунад.

Айбаст наход суханро фуруши. Боз и шоиро муллохоро механданд,ки муллоги касб нест, рафта дар ягончо кор кунед! Шера нависти китоб кун фуруш! аз руи конун хама хак дорад, ки аз ашори чопшуда истифода баранд.

Ман фикр мекунам, ки хамин шеърнависиро бас кардан даркор. Хамон ашори гузаштагони мо барои 1000 соли дигар бас аст. И шоирои хозира хамон газалу шеърхои Рудакию Саъди-ро каме дигар мекунанду менависанд, мешава шеър. Ба шеърнависи боядя хотима гузошта шавад. Аз паи илми замона бояд шуд! Бе хамин шоиронам зиндаги пеш мера.

Ҳарфи Ато Мирхоҷа маънои аз номи Иттифоқи нависандагон гап заданро надорад. Ин одам (Ато Мирхоҷа) худаш чи чизе дорад, ки лоиқи пардохти ҳаққи қалам бошад. Дар пушти Бозор Собир истода нияти дили худашро гуфта истодааст.

Солхурда
Дусти азизам, Содабой! Ин кадар содаи бад хам нашавед. Бозор Собир ва Ато Мирхоча сад дар сад дуруст мегуянд. Бояд хакки калами адибон дода шавад. Инсоф бибояд, охир, махсули шоир шеър аст, агар у аз шеъраш музде нагирад, чи гуна бизияд?
Эй мардуме, ки масъули истифодаи ашъори шоиронед, подошашонро дихед! Охир, захмати шоир сангин аст. У хуни чигар мехурад то як мисрае хосил шавад.
Хар касе, ки сухан бар сухане зам кунад,
Катраи хуне аз чигараш кам кунад.
Оё махсулотеро, ки аз хуни чигар истехсол мешавад, бе подош мондан мумкин аст? Дар замони шурави барои хар мисраи шеър ба шоир се сум пардохт мекарданд, ки баробар ба 6 доллари имруз аст. Яъне, як мисраъ шеър арзиши 50 сомониро дошт. Имруз лоаккал ба хар мисраъ 10 сомони подош дихем, кани бинем шоирон шеъри хуб менависанд ё не?
Ман аминам, ки шеъри хуб хам пайдо мешаваду сенарияи хуб хам. Бе пул ки шеъри хубу сенарияи хуб менависад?
Нависандаи инкилоби Максим Горкий барои Ленин бе пул ягон чиз нанавишт, харчанд ки худ яке аз муборизони Инкилоб буд. Ленин аз у илтимос кард, ки навис ман баъд аз галабаи Инкилоб ба ту хакки калам медихам. Горкий рози шуд. Ленин баъди Инкилоб ба хар чумлаи Горкий ду сум пардохт кард.
Мо хуб дар хотир дорем, ки шоирон, нависандагон ва журналистон одамони сарватмандтарини чомеа буданд. Махз бо хамин дороии моддию маънавияшон дар чомеа обрую нуфузи калонро сохиб шуда буданд. Имруз аз хама кашок махз хамин табакаи чомеаанд. Чаро? Чунки махсулоташон харидор надорад. Биёед, дар замони бозаргони махсулоти онхоро бе подош намонем. Имкон дихем, ки онхо хам бизиянд.

Хайратчон
Рузноманигорони ТВ мва Радио худашон ба холи зоре хакки калам мегиранд, бози ин шоиронро аз кучо хакки калм медиханд. Ин даъво имруз беасос аст, чунки дигар системаи даври Шурави нест, ки дар идорахои Радио ва ТВ хакки калам барои хамсухбатони беруна ва ё гайриштатихо алохида чудо шавад. Имруз хар шоиру нависанда ва ё ононе, ки дар ТВ ва Радио баромад мекунанд, бояд шукргузор бошанд, зеро махз хамин расонахо хастанд, ки Шумо муаррифи мешавед, вагарна ягон шахрванди Точикистон шояд Шуморо нашиносанд, чунки хеч вакт ашъори Шумо ва ё китобу асархоятон барохат ба дасти оммаи васеъ намерасад...... Имруз кам касоне хастанд, ки дар чустучуи китоб бошанд......Аммо аз Тв ва Радио шояд боре Шуморо мебинанду мешунаванд.......Масалан ман ягон ягон баромади Ато Мирхочаро соли равон дидам вагарна уро умуман намешинохтам..... Баромадаш дар бораи Симпозиюми Шоирони Хавзаи Навруз буд, ки дар Точикистон гузашт. Магар барои ин баромадатон, ки масъули баргузории ин чорабини Иттифоки нависандагон буд ва бояд барои бинандагон ваё шунавандагон дар мавриди баргузории он иттилоъ дихед, бояд ба Шумо маблаг диханд? .......... Хайр дигар гап надорам.... Коре кунед, ки хамон ду пули рузноманигоронро низ кашида гиред.......

Файзали ЧГП -и Кулоб
Дилам ба хамин миллати рохгумам месузад. Хама шеъре барои васфи духтаре менависад. Боакл шуд, бас мекунад, девонахо онро то охири умр давом медиханд. Солхои зиёд дар Эрону Афгонистон маъмурият доштам, шеърхониро, ки сар карди мефахманд, ки точик хасти. Нохия Рудаки, Шохин, Фирдаси, Н.Хисрав, А.Чоми, Айни, Хамадони мактабхо, кучахо, танкучахо танхо хочатхонахо монданду халос.. Оё, мо олимони физик, математик, илмхои техники, тиб, иктисод, сарлашкарони номдор надорем, ки номи онхоро зинда гардонем ва насли баъдиамонро аз хамин ёвагуихо халос намуда, хавасманди ин сохахо гардонем. Примус сохта наметавонем, мошинхоямонро афгонхо омада таъмир мекунанд...
Поезд омад, ду,ду,
Бозор Собири ростгу - зуд як кучаро ба номи ман монед...

Посух ба шарҳҳои Ҳимояти Иттифоқи нависандагон аз даъвои Б.Собир: Ҳаққи адибонро намедиҳанд.
https://www.ozodagon.com/27814-imoyati-ittifoi-navisandagon-az-davoi-bsobir-ai-ad


ibonro-namediand.html
Дар ҳаққи банда суханҳои таҳқиромез гуфтаанд, ба ин маънӣ, ки Ато Мирхоҷа кист ва суханаш чӣ арзише дорад. Гӯё дар пушти Бозор Собир пинҳон гашта, масъалаи пардохти ҳақи заҳмати нависандагонро ба миён гузоштаам ва ғайра.
Сухани ман агар арзиш намедошт, ҷашни Ваҳдати соли 2010 аз рӯи сенарияи ман сурат намегирфт. Ин либретто дар маҷмӯаи шеърҳояи «Нафаси дуюм» ҷой дода шудааст. То ҳол ҳам манзараҳои ин сенарияро коргардонҳои бузурги мо дар консертҳои давлатӣ аз ҷумла дар консерти давлатӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлорлият дар Кохи Борбад рӯзи 8-уми сентябри соли 2016 истифода бурданд.
Сухани ман агар арзиш намедошт, дар намоишномаи ҷашни Ваҳдати соли 2016 (як моҳ пеш) ду шеъри банда дар иҷрои Фотима Машрабова ва дастаи фолклории Бадахшон садо намедод. Агарчи дар Барномаи мазкур Вазорати фарҳанг ё намедонам Кумитаи телевизион ва радио номи маро ҳамчун муаллиф хат зада буд, то ки дар чашми Президент натобад.
Сухани ман агар арзиш намедошт, соли 1996 ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ барои шеъри беҳтарин ба муносибати 5-солагии Истиқлолият намешудам. (Агарчи вақте куҷоӣ буданамро фаҳмиданд, пулашро ба ман доданду номро ба яке аз шоирони ҳамтабори худ).
Сухани ман агар арзиш намедошт, дар бораи асарҳоям адабиётшиносон ва адибони маъруфе чун Раҳим Мусулмониён, Абдунабӣ Сатторзода, Алиризои Қазва, Додихудо Карамшоев, Юсуф Акбарзод, Муъмин Қаноат, Ҷамолиддин Саидзода, Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, Камол Насрулло ва дигарон наменавиштанд.
Сухан ман агар арзиш намедошт, Садорати Иттифоқи нависандагон маро ба симати муовини якуми ин ниҳод пешбарӣ намекард.
Агар даъвое дар дониш ва таҷрибаам дошта бошед, марҳамат, бо ҳар як даъвогар ба ҷанги тан ба тан дар майдони сухан мебароям.

РОСТИН ш. Душанбе
Точик ягона колое, ки дораду ба дарди мардуми олам мехурад, ин шеър аст, сухани воло аст, агар аз ин хам мункир шавем, пас мо дигар кием?! Маълум, ки мо ба ин наздикихо кашфиёти бузурге карда наметавонем, ки ба он оламиёнро ба хайрат гузорем. Кани он физик, химик ё иктисоддони бузурге, ки мо ба кору амалаш бифахрем? Агар бошад амалашро нишон дихад. Ки пеши рохи ин кабилхоро гирифтааст, ки нумуъ накунанд? Мархамат майдон аз далер аст!
Ба бузургон нарасед, ки арвохашон куратон мекунад. Точикро Айни точик кард, сохиби забон ва давлат гардонд. Муддати 30 сол номи Турсунзодаву Точикистон як буд. Гуфтед, ки ба номи Рудакию Фирдавсию Чомию Айни нохия мегузоранд. Набошад ба номи ки гузоранд? Дар Узбекистон ба номи Навои, ки як шогирди каттории Чоми буд, як вилояро гузоштанд, ки 25 шахру нохия дорад, боз он вакт империяи шурави буд. Холо хам китоби "Сарфу нахви" Чомиро дар тамоми Донишгоххои Арабистону Миср ва мамолики бузурги исломи меомузанд. Магар онхо донишманд надоранд, доранд, аммо аз китоби Чоми бехтарашро навишта наметавонанд. Пас чаро ба номи у дар ватанаш як мавзеякеро нагузорем? Фирдавси бузургтарин суханвари руи замин аст. Инро ман намегуям, оламиён мегуянд. Оё мо метавонем дар ягон сохаи дигар хамин гуна шахсони чахониро ба самар бирасонем? Албатта не!
Оне ки мо примус сохта наметавонему афгонхо мошинхои моро таъмир мекунанд, ин казияи дигар аст, ки ба шеъру шоир хеч рабте надорад. Ин аз бехунари, бепарвои, ноогохи ва камхирадии мо аст, ки ба ин наздикихо ислох намешавем.
Хамин Бозор Собир аст, ки 50 сол боз сухани рост мегуяд. Президент хам барои хамин ростгуияш Ситораи тиллои Президенташ дод, ки як вачаби дигар ба Кахрамони монда буд. Амалан у Кахрамон аст. Кахрамони Точикистон! Бозор Собир дар рохи рости аз хеч чиз наметарсад. На аз мурдан, на аз дор, на аз обу на аз оташ! Одами асил хамин хел мешавад. То замоне ки точик аст, номи Бозор Собир гум намешавад. Оё саодати аз ин баландтаре хаст?
Эй хасудони шеъру шоир, эй хасудони Рудакию Фирдавсию Айниву Турсунзодаю Бозор Собир, аз дастатон хеч чиз намеояд. То замоне ки як точик хаст, инхо хастанд, ба номашон шахрхо, нохияхо ва вилоятхою боз даххо чойхои мухимро мегузоранду ба шерашон ифтихор мекунанд. Шумо ва шумо баринхо хеч коре карда наметавонед!

Пулхои гадоии Амрико тамом шуд? Рав аз Афгонистон пул талаб кун. Барои афгондухтар марсияи хеле "чолиб" навишта буди.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)