Бахшҳо
27 сен 2016 12:48Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Пурсиши “анонимӣ”-и Кумитаи андоз аз соҳибкорон: Чӣ ё кӣ халал мерасонад?

Кумитаи андози Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи фаъолияташ бо пешниҳоди як суолнома назари шаҳрвандону соҳибкоронро дар бораи монеаҳои асосии рушди соҳибкорӣ дар кишвар пурсидааст.

Дар пурсишномаи Кумитаи андоз, ки дар сомонааш нашр шудааст, дар бораи рафтор, муносибат, фасодкорӣ, дониш, хизматрасониҳои электронӣ ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби мансабдорони мақомоти андоз суол гузошта шудааст. Инчунин раёсати мақомоти андози Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, 5 омили асосиро номбар кунанд, ки барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар халал мерасонанд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки шароити имрӯза тақозо мекунад, то барои рушди соҳибкории хурду миёна ва истеҳсолот шароити боз ҳам беҳтар фароҳам карда шавад: “Барои ислоҳи камбудиҳо ва дастгирӣ мехоҳем назари соҳибкоронро дар бораи мушкилоти воқеияшон фаҳмем”.

Ба иттилои манбаъ шаҳрвандон метавонанд, бидуни зикри ном посухҳояшонро ба почтаи info@andoz.tj ирсол намоянд, ё бевосита ба Кумитаи андоз то 4-уми октябр дастрас намоянд.

Ин суолгузориҳои мақомоти андоз дар ҳолеянд, ки бархе аз соҳибкорону коршиносон расмиёти барзиёду андози гаронро мушкили аслии рушди соҳибкорӣ дар кишвар медонанд. Ба гуфтаи бархе аз коршиносон масъулини андоз бидуни пурсишнома низ мушкилоти аслии рушди соҳибкорӣ дар кишварро медонанд, аммо дар ислоҳашон шитоб намекунанд.
Мӯҳр
Беном
Салом ба фикри банда омили асосии халал ба рушди андоз ин худи кормандони андозанд, ки барои рушд ва инкишофи сохибкори халал мерасонанд ва хама сохибкорни хурду миёна ва дехкони асиле ки бо захмат мехнат мекунад кормандони андоз гораташон мекнанд вале ин рафтори онхоро Пешвои миллат Чаноби Оли намедонанд.
Дар соли оянда рушди сохибкори тамоман паст хохад шуд...

nabi farhor
Дар аксарияти коргарон нозироти андоз хушмуомилаги дида намешавад.Дар Точикистон ман хушмуомилагиро дар ширкати бензинфурушии Газпромнефт,Мегафон,кариб хамаи ширкатхои мобили.Баъзе аз тарабхонахои номдор дидаам тамом.Бонкхо низ хушмуомилагиро фаромуш кардаанд.Аксари коргарон аз руйи ( на принципе )-кор мекунанд.Оё мо на принципе давлатро пеш бурда метавонем саволест бе чавоб.

Точири Корвон
Салому дуруд ба кормандони Сайти Озодагон барои чунин мавзухои чолибу пурмазмун!
Дари ин чахони тахавулоти бозаргони ва нооромихои кишвархои дунё Кумитаи андози кишвари моро зарур аст, ки дар масъалахои интихоб ва чобачогузори мутахассисони пеш аз хама касби ва баъдан дорои мёъёрхои одобу ахлоки хамидаи арзишхои инсони бояд бисер бодиккат бошанд. Афзалияту таъмини хукуку озодихои инсон ва шахрвандонро хамчун арзиши Оли эътироф намоянд.

Саломалайкум гуфтаниям ки хамин андози аксизро аз обонентхой провайдерхо гиранд бовар кунед ман коргар нестам ва мехохам хамаш хуб бошад

Хама гулай мухтарам "андоз". Вазифаатонро бо 150% ичро намудед. Сохибкор дар Точикистон намонд. Хам корхою чойхоро барои оила ва хешони дарачаи 1, холи кардед. Анакнун шумо бади ичрои и рисолаатон низ ба мисли сохибкорон сокрашкний мешавед

вавтандуст
Озодагон барои чи хамаи навиштагихоро чоп намекунед ё хешу табори раиси андоз астед

Яке аз сабабхо ин ба таври " контрабанда" вориду хорич кардани бор аз тарафи "мафия".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)