Бахшҳо

Ҳотамов гунаҳкорони шикасти тоҷикон ва аз даст рафтани Самарқанду Бухороро ном бурд

Намоз Ҳотамов, доктори илми таърих дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ҳаводиси солҳои 20-уми асри гузашта ва аз даст рафтани Самарқанду Бухороро шикасти миллати тоҷик хонда, сабабашро муттаҳид набудани тоҷикон унвон намуд.

Ҳотамов, ки дар бораи ҳаводиси соли 1920-и Бухоро суҳбат мекард, гуфт, ҳамеша амали Русияро нисбат ба Осиёи Миёна забт баҳо медиҳад: “Бархе ҳамроҳшавӣ мегӯянд, вале ман ҳамеша забт менависам. То забтшавии Осиёи Миёна аз тарафи Русия дар ин минтақа оромӣ набуд. Аморати Бухоро, Хонигарии Қуқанд, Хонигарии Ҳирот байни худ ягон муносибати хуб надоштанд. Русия вақте омада Тошкандро гирифт, Бухоро ба Қуқанд ҳуҷум карда, онро ишғол намуд. Аз тарафи дигар, байни фарзандонашон низ барои мансаб ҷанг буд. Аз давраи Ҳахоманишиҳо, ки Ардашер 115 писар дошт, баъди фавташ ҳама талоши мансаб карданду Искандар ин давлатро ба осонӣ барҳам дод”.

Намозов афзуд, ки қариб дар тамоми давра рақобати мансаб буд ва муноқишаи ду давлати тоҷикҳо - давлати куртҳои Ҳирот ва Сарбадоронро мисол овард: “Ҳар ду давлати тоҷикӣ бо якдигар ду маротиба ҷанг карданду Темур омада, ба осонӣ ҳар дуро шикаст дода, калламанора сохт. Русҳо ҳам, ки бисёр мутахассисони пурқувват доштанд, гуфтанд, коре кардан даркор то мансабтаъинкуниро зери назорат гиранд. Баъди ба ин муваффақ шудан, дар Осиёи Миёна рақобати мансабӣ аз байн рафт”.

Ба қавли муаррих Намоз Ҳотамов то соли 1924 лидерҳои тоҷикон нисбат ба тақдири тоҷикон огоҳ набуданд: “Ба ҷуз Абдуқодир Муҳиддинов, ки баъди огоҳӣ мавқеи худро маҳкум карда гуфт, ки мо ба миллати худ хиёнат кардем. Баъди соли 1924, ки ҷумҳурии мухтор ташкил гардид, аввалин шуда Нусратулло Махсум нисбат ба тақсимоти миллӣ ҳудудӣ эътирози худро баён намуд. Ҳамчунин Нусруталло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Абдуқодир Муҳиддинов ба Сталин навиштанд”.

Мавсуф мегӯяд, вақте ҳукумати подшоҳии Русия аз байн рафту буржуазия сари қудрат омад, буржуазияи Русия тайёр буд, ки мухторияти Туркистонро шиносад: “Инқилоби октябр ҳамаи халқҳои мазлуми собиқ Империяи Русияро озод кард. Агар инқилоби октябр дар коми ҳамаи мардум шакар рехта бошад, зиёиёни милии мо - Файзулло Хоҷа, Абдулло Раҳимбоев онро заҳр карданд. Чунки Самарқанду Бухоро аз даст рафт".

Ин муаррихи тоҷик афзуд, дар Бухоро бо шахсони масъул вохӯрда суол кардааст, ки чаро чунин шуд: “Гуфтанд, одамони Файзулло Хоҷа омада пурсиданд, ки Шумо кӣ? Гуфтем тоҷик. Гуфтанд, ки ҳа шумо шиамазҳаб! Мо гуфтем астағфируллоҳ. Яъне, мазҳабро омехта карда буданд. Муддатҳо забони коргузорӣ дар Бухоро тоҷикӣ буд, ҳатто дар давраи қарахониҳо ҳам. Вале соли 1920 бо ташаббуси Файзулло Хоҷа забони туркӣ забони давлатӣ эълон мешавад”.

Намоз Ҳотамов, доктори илми таърих дар мавриди сарвати зиёди Амир Олимхон низ ишора карда, гуфт, то замони Шӯравӣ ин амири манғитӣ дар бонкҳои Русия пули зиёд дошт: “Масалан, Бонки русӣ-осиёӣ мегуфтанд, шуъбаи бухороиаш аз Амир пули зиёд ҷамъ карда, аз ҳисоби пули Амир ба дигар шуъбаҳо қарз медод. Аз рӯи ҳисобҳо Амир 34 миллион рубл дошт ва бо 30-40 рубл як гов ё асп харида мешуд. Вақте ҳуҷҷатҳои таърихиро дидам, дар хазинаи Амир боз 30 миллион пули нақд ҳам будааст”.

Ин таърихнигор ба иштирокчиёни маҳфил хабар дод, ки яке аз хешовандони Амир Олимхон ба ӯ гуфтааст, нияти гӯронидани устухонҳои Арим Олимхонро дар Тоҷикистон доранд, чунки Узбекистон рад кардааст: “Ман гуфтам, ки амир ба Тоҷикистон чӣ кардааст?! Ин хешаш гуфт намедонад. Ман гуфтам, коре накардааст. Ба ҷуз бадбахтӣ чизе наовардааст. Бигзор ҳамон ҷо хоб кунад. Агар амир бо қисми пешқадами зиёӣ меистод, мумкин ҳодисаҳои солҳои 20-уми асри гузашта намешуд”.
Мӯҳр
ОФАРИН УСТОД!!!

ТАХЛИЛИ БЕХТАРИН, АММО АФСУС КИ МО ТАЬРИХИ ХУДРО НАМЕДОНЕМ.

Файзулло Хоҷа, Абдулло Раҳимбоев - инхоки буданд? Оё Точик будан ё турк?

Давлати туркхои Хирот, не балки давлати Куртхо ё Картхои Хирот бояд навишт.

Беҳтарин ҷавоб доден.Амир Ягон Коринек Накадай Барои Тоҷикон.Аз Мурдаш Безорем.Дилам Барои САМАРҚАНДУ БУХОРО ДИЛАМХУНАСТ АЗ ДАСТАМОН РАФТАСТ.ИНШАЛЛО БАУМЕД ХАСТМ.ЯГОН ПОТШОИ ПАТРИЁТ МИЁЯД МЕГИРЕМШ

Устод хешои Амир ман хастм неки васияти амир дар болои кабраш ин аст, ки мар дар те мулк гурезаам вакте хама чо тенч мешавад хоки маро ба ватан баред. Лекин устод хешу акрабои Амир гуфтан ичозат бошад хокашро биерем. Мо Таер хастем аз пули захираи шох мактаб, интернат, е масчид е корхона месозмесозем. Лек сад афсус шумо борин бахило рох наметиен.

Файзулло Хочаев. Абдулло Рахимбоев - хар ду точике хастанд, ки зимоми хукумати Бухороро дар даст доштанд, аммо аз точик буданашон мукир шуданду худро ва дар баробари он халки точикро "туркхое донистанд, ки ба таъсири мадрасахои форси забонашон гум кардаанд". Бадбахти Рахимбоев ягона касест, ки ба сухбати Ленин расидааст. Вакте Ленин аз у дар бораи миллатхои Осиёи Миёна мепурсад, хатто лакаю кунгуротро номбар мекунад, аммо миллати худаш точиконро не. Ин бадбахтхо нобаяд сафед карда шаванд. Хиёнате, ки ба миллат кардан чуброннопазир аст

Бовар нокарданист ки давлати шуравӣ бо чунин имконият ва амнияти қавӣ аз тақсимоти беинсофонаи ҳудуи-миллии Осиёи Миёна бехабар бошад...!!! Пушти пантуркистҳо ва Хоҷаевҳо ки меистод...? Имрӯз пуштибони паштуҳо киҳоянд...?!

Амир хуб буд ё бад ин як гушаи таърихи милати мо аст. бигзор ба хоки Точикистон оварда гуронда шавад. Ва як макбара сохта шавад ки барои саёхон чои хуб бошад ва дар бараш осорхонаи амир низ сохта шавад... ба хеши амир Гуфтаниам ки мо шуморо дасгири мекунем. Бигзор васияти амир ба чой оварда шавад ва устухонхояш хам ба рохат дар кабр об кунад...

патриот
Олимхони манғит куҷое ки мурдаас монед дар ҳамонҷо пусида равад. Хешовандояш рафта дар куҷое ки ин манғит мурдааст онҷоро зиёрат кунед. Ин амир набуд як бачабоз (педофиль) буд.

АРДЕВАСУРА
ДАР ШАРЁНХОИ ХУНИ ТОЧИКОН, ХУНИ БУЗУРГОН ЧОРИСТ. ОНРО ХЕЧ КАС КУДРАТИ ИВАЗ КАРДАН НАДОРАД. ХОИН ФАРЗАНД ДАР ХОЛЕ МЕШАВАД, КИ ПАДАРУ МОДАР КАРЗИ ХУДРО ПЕШИ ФАРЗАНДОН АДО НАМОЯНД, ЯЪНЕ ВАСИЯТ БИКУНАНД, КИ АЗ КАДОМ НАЖОД АСТ, БО ЧИ ФАРЗАНД МЕТАВОНАД ИФТИХОР БИКУНАД. САД АФСУС ИФТИХОР ДАР КИСМИ ЗИЁДИ ФАРЗАНДХОИ МО ДИДА НАМЕШАВАД. ПАДАРУ МОДАР ПЕШИ ФАРЗАНД ЯК УМР КАРЗДОР МЕМОНАД, КИ УРО ХУДШИНОС НАКАРД, ДАР ИН ДУНЁ ХАМ ЧАВОБАШРО МЕГУЯД ДАР НАЗДИ ОФАРИДГОР ХАМ.

АГАР МО ПАРОКАНДА ЛАШКАР НАБОШЕМ, БОЗ ХАМ ХАМОН ТУРКИ МАНГИТИИ БИЁБОНИ ДАР ХАСРАТИ ПОРА-ПОРА КАРДАНИ МЕХАНУ ФАРХАНГИ МО ТОЧИКОН ХАЗОРСОЛАХОИ БЕОХИР ОРЗУ МЕКУНАД.

УСТОД ТАШАККУР. ХАМИН ХЕЛ ТАХЛИЛХОИ ТАЪРИХИ, КИ ИФТИХОРИ ФАРЗАНДХОИ МОРО МЕТАВОНАД БЕДОР КУНАД, КОШ ЗИЁДТАР БОШАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)