Бахшҳо

Ёров додситонро ноҳақ хонд: Бо иттиҳоми сохта Ш.Шоҳтемуру Н.Махсумро қатл карданд

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик баъди зуҳри имрӯз, 27-уми сентябр зимни сухани ниҳоияш дар додгоҳи Душанбе даъвои айбдоркунандаи давлатиро бепоя хонда, афзудааст, ки маҳз дар пайи чунин иттиҳомҳои сохта замоне бузургони миллат ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ҳукми қатл гирифтаанд.

Тавре иштирокдорони мурофиа иттилоъ доданд, Ёров изҳор доштааст, ки давоми фаъолияташ дар ҳазорҳо парванда иштирок дошту тайи 15 сол тариқи ВАО-и давлатӣ баромадҳо мекардааст ва ҳеч нишоне аз ифротгароӣ дар фаъолияташ сабт нашудааст. Ӯ гуфтааст, азмаш барои ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ рисолати вакилияш буд ва ҳеч робитаи дигаре дар миён нест.

Дар идома аз ҳамкораш Нуриддин Маҳкамов ҳимоя карда, изҳор доштааст, ки ташхис дар матлабҳои Маҳкамов ягон нишонаи ифротгароиро наёфтааст ва додрас набояд ба хулосаи танҳо муаллими донишгоҳ такя кунад.

Ёров бо ишора ба 25 соли ҳабс, ки додситонӣ талаб кардааст, афзуд “ман аз аввал ба барқарор шудани адолат дар парванда шубҳа доштам”. Ӯ суол гузоштааст, ки агар баррасии парванда мунсифона бошад, чаро масъулини додгоҳ ба ҳомиёни ҳуқуқ, дипломатҳо ва рӯзноманигорон иҷозат надоданд, ки дар мурофиа иштирок кунанд?

Ин дар ҳолест, ки масъулини додгоҳи шаҳри Душанбе баъди зуҳри 27-уми сентябр нагузоштанд, ки рӯзноманигорон, намояндагони САҲА ва дипломатҳои хориҷӣ суханҳои охирини вакилони боздоштшуда-Нуриддин Маҳкамов ва Бузургмеҳр Ёровро дар мурофиа шунаванд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз назди бинои додгоҳи Душанбе иттилоъ дод, масъулини додгоҳ танҳо барои иштироки наздикони айбдоршавандаҳо иҷозат доданд: “Бо вуҷуди исрори хешовандон дарбон иҷозат надод, ки рӯзноманигорону дипломатҳо дар мурофиа иштирок кунанд. Аммо баъди оғози мурофиа дарбон изҳор дошт, ки мо шуморо даъват кардем, наомадед”.

Ба иттилои хабарнигори “Озодагон” айни ҳол дар мурофиаи додгоҳӣ танаффус эълон шуда, баъди он суханронии ниҳоии Ёров дар мурофиа идома хоҳад кард.

Қаблан Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси парванда хост, Бузургмеҳр Ёровро 25 сол равонаи зиндон кунад. Тақдирзода аз додрас хост, молу амволи Бузургмеҳр Ёров бо шумули манзил, мошин ва мағозаи ӯ мусодира шавад. Ёров бар пояи бандҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” айбдор мешавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои адвокати дигари боздоштшуда Нуриддин Маҳкамов, ки бо моддаҳои 189, қисми 2 банги “г”, 247 қисми 4 банди “б”, 307 қисми 2 банди “г” ва 307 қисми 1 муттаҳам мешавад, 23 соли зиндон талаб кард. Ӯ хост, Ёров ва Маҳкамов ба зиндони низомаш пурзӯр фиристода шаванд.

Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Ёрову Маҳкамов дар барангехтани кинаву адоват муттаҳам мешаванд
Мӯҳр
Бегунох Танхо Худо аст боки хама гунохдорем... Ба намояндахои САХА равед ба аврупо хазорон бародарону хохарони мусалмони мухочир бо хукукхояшон дар об гарк шуда истодаанд.... илтимос равед хукухои онхора аз хукуматхои магрури Аврупои пурсед. Агар хама хукуки зиндаги карданро дошта бошанд чаро онхо дар аврупо ба таври мармуз ба халокат мерасанд?

Навбати шумоам мерасад, ИНША АЛЛОХ.

Ба муҳоҷир: Шумо ягон хел муҳоҷир нестед, Шумо ягон курсинишине, ҳастед, ки агар ҳамин рӯз аз вазифа гирандатон инфаркт мешавед. Дар масъалаи ҳуқуқи одамон дар Аврупо, ман дидигима гап мезанам: 3 бор дар Прибалтика будам, инсофу, одамгарию адл ҳама дар ҳамон ҷост. "МАРДӢ НАБУВАД ФИТОДАРО ПОЙ ЗАДАН", Мазлумро агар ёрӣ расонда натавонед, ақаллан хап шинед беҳтар!Мухочир,
Мухочир,
Мухочир,
Мухочир,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)