Коҳиши қурби доллар ва ҷаҳиши арзиши рубл дар Душанбе
Қурби 1 доллари амрикоӣ, ки даҳаи дуюми моҳи равон то ба 791-7,93 сомонӣ расида буд, дубора поин омада, имрӯз, 30-юми сентябр дар саррофиҳои маркази Душанбе ба 7,88-7,90 сомонӣ баробар шудааст.
Бонки давлатии “Амонатбонк” имрӯз, 30-юми сентябр қурби як доллари амрикоиро зимни харид 7,88 ва ҳангоми фурӯш 7,90 сомонӣ муайян намудааст. Дар баробари поинравии қурби доллар, арзиши рубли русӣ боло рафта, феълан 1000 рубл дар маркази Душанбе ба ивази 122,5-123,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. Арзиши миёнаи фурӯши 1000 рубл имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 124 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии 1 долларро-7.8722 сомонӣ, 1 евро-8.8305 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1217 сомонӣ муайян намудааст. Ин ниҳод шаҳрвандонро огоҳ кардааст, ки берун аз намояндагиҳои бонкҳою банкоматҳо мубодилаи асъори хориҷӣ мамнуъ буда, ҷазои маъмурию ҷиноиро дар пай дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |