Бахшҳо

Паёми Мавлоно ба инсони қарни 21

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Инсон меҳвари баҳси тамоми улум ва воқеиятҳои ҳар давру замон буду ҳаст. Мавлоно ба унвони як орифи шоир ва андешаманди фарогири замони худ ва имрӯз консепсиюни фикрӣ, назарӣ ва роҳбурдиву футурулогие дар мавриди чистӣ ва кистии инсон дорад, ки ин навъи бархурдро дар илми муосир “фалсафаи инсонӣ” таъриф додаанд. “Инсони комил”-и Мавлоно як идея ё дидгоҳи сӯфиёна набуд, балки андешаи инсонсозие буд, ки баъдҳо дар осори фалсафии мутафаккирони ғарбӣ низ матраҳ шуд ва баҳси он хатм нашудааст. Мавлоно илова бар ҳама ановине, ки дорад инсоншиносе бузург ҳам буд, ки инро тамоми мавлавипажуҳон таъкид кардаанд.

Дар осори фалсафӣ ва шеърии Мавлоно инсон мақоми меҳварӣ ва усулӣ дорад. Шеъри мавлоно агар ҳосил ва намоёнгари таҷрубиёти ирфонияш бошад ва вақте мегуфт “инсонам орзуст”, муродаш инсоне буд, ки дар тадовуми солҳо ва садаҳо инсон боқӣ бимонад. Инсонсозии Мавлоно барои тамоми давраҳои таърих буд. Ин буд, ки Мавлоно осоре офарид то дар тамоми имтидоди умри башар битавонад ба сифати ганҷури ахлоқӣ ва маънавӣ истифода шавад.
Дар оғоз бояд ба ин нукта ишора кунам ва ҳамзамон як пешфарзеро барҳам занам, ки ин аст: як орифи фақеҳи исломии 800-у чанд сол пеш барои инсони қарни 21, ки бар асоси асолати таҷриба ва позитивисм зиндагӣ мекунад, чӣ ҳарфи бадардхӯре метавонад бизанад?

Вале бояд гуфт, ки бо вуҷуди маҳдудиятҳои иқлимиву ҷуғрофиёӣ, фарҳангӣ ва забонӣ, инсони муосир, ки гирифтори мушкилоти бешуморе аст ба суроғи Мавлоно меравад. Дар ҷаҳони имрӯз талошҳои бисёре шуда, ки Мавлоноро аз даврони худ ба ин тарафтар бикашанд ва аз ӯ чеҳраи дарвинист, морксист ва секулор битарошанд. Чаро башарият ниёзе ба чунин Мавлоно дорад. Қабл аз ҳама Мавлонои Балх дар ирфони худ, вақте усулу одоби дастёбӣ ба ҳаёти маънавиро баррасӣ ва нақд мекунад, ҳамзамон дар ҷустуҷӯйи иллатҳо, осебшиносӣ ва таҳлили равоншиносонаи дарду ранҷҳои башарӣ аст. Ин аст, ки инсони имрӯз ба руҳшиноси инсони 800 сол қабл ниёз дорад.

Пеш аз ҳама Мавлоно бо инсон аз ду зовия бархӯрд дорад: яке ин ки инсон чист ва дигаре ин ки инсон чӣ бояд бошад ва ё чӣ гуна бояд бошад. Бояд бидонем, ки дар инсоншиносии Мавлоно инсон ба унвони мавҷуди биологӣ мавриди баҳс нест, балки ӯ хоста, ки фаротар аз инҳо асл ва решаи одамиро пайдо ва рӯнамоӣ кунад.

Мавлоно ба унвони як олими ахлоқ ва орифи бузург ба инсон бархӯрди равоншиносона не, балки инсоншиносона дорад. Аз оғоз то ба анҷоми “Маснавӣ” Мавлоно ба таъбири худаш “бо чароғ гирди шаҳр” дар суроғи инсон аст ва нигарони сарнавишту саргузашти инсон мебошад.

Дар тамоми достонҳои Маснавӣ мо мушоҳида мекунем, ки Мавлоно бисёр нарму мулоим сухан меронад, вале чун маром ва сарнавишти одамӣ вориди достон мешавад, сухан ҷасту хез мекунад ва ин замон аст, ки Мавлоно беҳтарин андешаҳои такондиҳандаро месарояд.

Мавлоно, дақиқан “Маснавӣ”-ро барои наҷоти башарият эҷод кардааст. Баъзе аз мавлавишиносон шаш дафтари ин асари безаволро “инсоннома” гуфтаанд. Вале инҷо баҳси мо сари инсоншиносии Мавлоно дар кулл нест, балки паёми Мавлоно ба инсони қарни 21 аст.

Паёми ибтидоии Мавлоно барои кулли башарият дар тамоми даврони мобақии таърих ин аст, ки инсон бояд соҳиби ақлу хирад ва андешаи худ бошад. Чун Мавлоно пешинаи инсонро иборат аз даврони ҷимодӣ, наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ медонад, мегӯяд, ки инсон бидуни ақлу андеша колбаде беш нест:

Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мобақӣ ту устухону решаӣ.
Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ,
Вар бувад хоре, ту ҳайми гулханӣ.
Гар гулобӣ бар сару ҷайбат зананд,
Вар ту чун бавлӣ бурунат афкананд.

Мавлоно бар ин назар аст, ки инсон дар ҳар замоне бояд тавассути ақлу андеша хештани хешро бишносад. Албатта хирадгаройии Мавлоно мисли файласуфони ақлгароёи имрӯз нест, балки ӯ барои дарки ҳақиқати мутлақ ақли куллро пешниҳод мекунад ва ин ақли кулл муртакиб аз ақлу ишқ аст. Мавлоно муътақид аст, ки башар дар ҳар замоне як тилисм дорад ва агар он тилисмро бикушояд ба саодат мерасад. Ин тилисми инсон хештани хеш аст. Андеша ва ақл аз назари Мавлоно ба инсон дар ҳар замоне барои шинохтани хештани хеш, воқеияти замони хеш, мушкил ва роҳҳои бурунрафти асри хеш кӯмак мекунад:

Баҳри он пайғамбар инро шарҳ сохт,
Ҳар ки худ бишнохт, эзид онро шинохт.

Ё дар ин ғазал:

Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,
Ки чаро ғофил аз аҳволи хештанам?
Эй хуш он рӯз, ки парвоз кунам то бари дӯст
Ба ҳавои сари кӯяш пару боле бизанам
Аз куҷо омадаам? Омаднам баҳри чӣ буд?
Ба куҷо меравам охир, нанамоӣ ватанам.
Мондаам сахт аҷаб, к-аз чӣ сабаб сохт маро,
Ё чӣ будаст муроди вай аз сохтанам?
На ба худ омадам ин ҷо, ки ба худ боз равам,
Он ки овард маро боз барад дар ватанам.
Мурғи боғи малакутам, наям аз олами хок
Чанд рӯзе қафасе сохтаанд аз баданам.

Беҳтарин назароти мушаххаси инсоншинохтии Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” баён шудаанд ва хулосаи онҳо инсони ноқис, инсони миёна ва инсони комил мебошанд. Яке аз аслҳое, ки Мавлоно барои инсони комил хос медонад, ин аст ки инсон бояд дар фикри наҷоти худ ва замони худ бошад.

Ваҳдатгароӣ, маънавиятгароӣ ва равоншиносии маънавӣ аз паёмҳои дигари ҳазрати Мавлоно барои инсони замони мо мебошад. Ҳамин аст, ки ғарбиҳои имрӯз бо афкори Мавлоно он бархӯрдеро надоранд, ки бо дигар чеҳраҳои Шарқ доштанд. Яъне ғарбиҳо дар ҳоли ҳозир ҳам ба тамоми олами Шарқ бо дидгоҳҳои ориентолистӣ (он чи Эдвард Саид дар асараш “Ориетолизм” менависад) менигаранд, вале ба Мавлоно ва ҷанбаҳои маънавии осораш бар асари буҳрони маънавии худ дигаргуна менигаранд. Паёми инсонсози Мавлоно ҳоло аз шумули улгуҳои чорасозе барои буҳрони маънавӣ дар Ғарб шудааст. Бо вуҷуди он ки ғарбиёни муосир медонанд, ки андешаҳои Мавлоно бар пояи таълимоти Қуръони карим, ҳадисҳои Муҳаммад (с), суннатҳои авлиёҳои Худо ва таҷрибаҳои маънавӣ эҷод шудаанд ва бо ин пояҳо ихтилофоти фикриву бовармандӣ доранд, вале барои шинохт ва рафъи буҳрони маънавияту ҳувият ва наҷоти худ умед ба осор ва андешаи Мавлоно кардаанд. Ҳоло агар шинохти инсонҳои муосири ғарбӣ аз ислом ДИИШ ва ҳаросатафканиҳои “Толибон”-у “Ал-қоида” аст, барои андешамандони Ғарб осору андешаи Мавлоно ба иқрори дуктур Сайидсулаймон Сафавӣ “исломи сулҳу гуфтугӯ, исломи ишқу мадоро, исломи иззату ҳукумат аст”. Осори Мавлоно посухгӯйи ниёзҳои инсони муосир аст ва фарқе намекунад, ки ин инсон шарқист ва ё ғарбӣ.

Чизе, ки аз андешаи Мавлоно барои инсони имрӯз бисёр муҳим аст шинохт аз диёнат аст. Имрӯз модернистҳои секулор ва бештари андешамандон бар ин назаранд, ки диёнат яке аз мушкилоти усулӣ ва меҳварии инсоният ва ҷаҳони имрӯз аст. Ҷанг (на муколама)-и имрӯзи Ғарб бо Шарқ (шарқи исломиву мусалмонӣ) барои наҷоти тамаддуни динмеҳвари ғарбӣ аст, ки аз назари ғарбиҳо агар дар низоми фикриву боварҳои ғарбиҳо, ки умдатан бар пояи масеҳият шакл гирифтааст ихтилол ворид шавад, тамаддуни ғарбӣ дучори буҳрон ва шикаст мешавад. Вале аз назари Мавлоно диёнат инсонро ба маънавият ва ҳақиқатшиносӣ ва ахлоқи неку мерасонад:

Сад китоб ар ҳаст ҷуз як боб нест,
Сад ҷиҳатро қасд ҷуз меҳроб нест.

Мавлоно дар “Маснавӣ” дақиқан ишора кардааст, ки ихтилоф дар адён нест, балки ихтилофро пайравони динҳо эҷод мекунанд. Аз назари Мавлоно Мусову Исову Муҳаммад (с) ҳар се инсонро ба тавҳиду хайри башарият фаро мехонанд. Ин назароти ӯ дар достони “Он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониёнро мекушт аз баҳри таассуб” тарзе таҳлил кардааст, ки дархури ниёзҳои замони мост. Мавлоно мегӯяд, ки ин динҳо бояд пайравони ваҳдатбин дошта бошанд, на касратбин;

Мо чу киштиҳо ба ҳам бар мезанем,
Тирачашмему дар об рӯшан шавем.

Яке аз мушкилоте, ки инсони рӯзгори мо бо он рӯ ба рӯст наёфтани ҳақиқат аст. Аз назари Мавлоно инсон то замоне асири эҳсосоти худ аст ва барои ёфтани ҳақиқат чашми дарунашро накушодааст, наметавонад шоҳиди зебоии ҳақиқат бошад:

Ту даруни чоҳ рафтастӣ зи кох,
Чӣ гунаҳ дорад ҷаҳонҳои фарох.

Мавлоно паёми ҷовидонӣ дорад, ки ҳам барои инсони садсолаи 21 ва ҳам барои инсони қарнҳои пасин моҳияти усулӣ дорад. Ин паёми ҷовидонӣ ёфтани худ ва ҳақиқати худ аст. Мавлоно мегӯяд, ки то инсон кӣ ва чӣ будани худро дар наёбад, наметавонад роҳҳои наҷоти худ ва замони худро пайдо кунад. Мавлоно мегуфт, ки инсон бояд мушкилотро дар даруни худ биҷӯяд:

Мо забонро нангарему қолро,
Мо равонро бингарему ҳолро.

Ин паёми ҷовидонаи Мавлоно барои мо имрӯз чи қадар зарур ва корсоз аст. Баъзеҳо бо ин ки кӣ будани худро фаромӯш кардаанд ва хуб дар наёфтаанд, ки чистанд мушкилоте барои инсоният дуруст мекунанд... То замоне чунинҳоро дорем андеша ва паёми Мавлоно дар низоми фикрии дунё ҳукумат дорад.
Ба ҷойи хулоса. Соли 2007 ё 2008 вазири вақти корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон ба Тоҷикистон омад ва як дидоре бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ҳам дошт. Зимни саволу ҷавоб Гавҳарбону Шарофзода, раиси феълии Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар (он замон муовини ректори ДМТ буданд) суоле карданд:

- Дар Қонияи Шумо як бузургвори мо, Мавлонои Балхӣ хобанд. Шумо дар ин бора чӣ мегӯйед?

Вазири турк гуфт, ки “бузургоне чун Мавлоно аз мову Шумо намешаванд, онҳо ба тамоми башарият тааллуқ доранд. Мавлоно арзиши тақсимнашаванда мебошад”.
Мӯҳр
Устоди гироми, мухтарам Иршод Сулаймони!!! Рости ман бештар ари он фикр менамоям, ки сабаб чист, ки имруз аксаран журналистони ба истилох "номи"-и мо аз забуни шеваи мардуми Эронзамин истифода менамоянд. Шумо худ журналист ва дар баробари он таълимгари мутахассисиони сохаи худ ки хастед бояд хубтару зиёдтар ба донишчуён ва худатон бо шаклу услуби тозаи точики навиштанро омузонед. Ё ман нафахмидам "сукулор", ва шайраву хоказо монанди ин истилоху иборахои ба забони шевои мо бегонаро дарч ва нанависед. Каблан сипосгузорам!!! ХОНЕД! ОМУЗЕД! ТАЧРИБА КУНЕД! ана баъд дуруст инщо намоед!!!

Саидбилол
Обод боши бародар. вокеан руху магзхои одами солим аз суханону кушишхоят неру мегирад.

Мероси фарҳангияш барои баҳрагирии тамоми башарият аст, ва худаш аз мо аст. Тоҷикистон барои он, ки талаб карда тавонад, ки касе аз мо аст бояд ба хатти форси гузарад. Бо ин хат мо аз Кириллем, ва аз ин зиёд чизе дигар не.

Йй
Навиштахои зиёди бародарро хондаем. Хеле чавони фаъол ва равшанзамир аст аммо ин навишта аз худаш нест хафа нашава бародар! Аз замин то осмон фарк аст

Иршодчон, бисёр хуб сар кардй андешаи инсонсозии Мавлоноро. Аммо дар охир ба Шарофзода часпида, маколаи тахлилиро расво кардй!!!

Одам
Буйи гараз ва хушомад дар хар сатр!

Точик
Иршод чанд бор Маснави ва Девони кабирро хондаи? 90 дар сади бардошти Мавлоно аз фарханги гании форсу точик аст аз забон гирифта то андешааш

Мо точикон, ки дорои забони точикии беш аз хазорсолахоро мебошем ман хеч намефахмам чаро рузноманигорони имрузи мо вожахои худро месозанд,ки барои хонанда одди тамоман нофахмост????????

Зинда боши акаи Иршод. Ин бахелакои ки факат аз Шумо камбуди мекобанд ба инх,о ах,амият натен инх,о ч,акидан мегиранд. Инх,оро садк,аи забони ширини Форси кунад, садк,аи шоирону бузургони Форс кунад. Ва дар охир гуфтаниам: К,урбунет бешам хели мак,олаи пурмазмун ва ач,ибе зинда боши огои Иршодч,он.

Бародар Чамшед аз истифодаи шеваи Эронзамин норохат мабош зеро мо бо Эрон хамхун хастем тамоми шоирон хато шоирони муосири мо Лоики Гулрухсор аз шеваи Эрони истифода мебарад забони адабии мост шеваи эрони ту инчо "шеваи мардуми Эронзамин "гуфти мардуми Эронро аз мо чудо макун хамин давлатиэрон аст,ки мо забонамонро нигохдошта истодааем вагарна кайхо Хитой ё рус шуда мерафтем.
Инчо баъзехо навиштахои Иршод Бародари азизро нафахмида истодааст.Алабата инсонхо аз пастии зехну мафкураи худошон хабар дода истодааст зеро инсони бохирад мефахмад ки Хаманои калимахо чист Яъне Чи офтоб гуи чи Хуршед ва чи Шамс мано як аст аввал хонед ба тафаккур кунед ба инчо омада андеша кунедки саводи шуморо дида хандаам омад бовар кунед фарзанди 12-солаам тамоми мавзуро хонда фахмид аку шумо нафахмидитон айби ки?

Бародар Чамшед аз истифодаи шеваи Эронзамин норохат мабош зеро мо бо Эрон хамхун хастем тамоми шоирон хато шоирони муосири мо Лоики Гулрухсор аз шеваи Эрони истифода мебарад забони адабии мост шеваи эрони ту инчо "шеваи мардуми Эронзамин "гуфти мардуми Эронро аз мо чудо макун хамин давлатиэрон аст,ки мо забонамонро нигохдошта истодааем вагарна кайхо Хитой ё рус шуда мерафтем.
Инчо баъзехо навиштахои Иршод Бародари азизро нафахмида истодааст.Алабата ин инсонхо аз пастии зехну мафкураи худошон хабар дода истодааст зеро инсони бохирад мефахмад ки Хаманои калимахо чист Яъне Чи офтоб гуи чи Хуршед ва чи Шамс мано як аст аввал хонед бад тафаккур кунед ва бад инчо омада андеша кунед,ки саводи шуморо дида хандаам омад бовар кунед фарзанди 12-солаам тамоми мавзуро хонда фахмид аку шумо нафахмидитон айби ки?

Бародар Чамшед аз истифодаи шеваи Эронзамин норохат мабош зеро мо бо Эрон хамхун хастем тамоми шоирон хато шоирони муосири мо Лоики Гулрухсор аз шеваи Эрони истифода мебарад забони адабии мост шеваи эрони ту инчо "шеваи мардуми Эронзамин "гуфти мардуми Эронро аз мо чудо макун хамин давлатиэрон аст,ки мо забонамонро нигохдошта истодааем вагарна кайхо Хитой ё рус шуда мерафтем.
Инчо баъзехо навиштахои Иршод Бародари азизро нафахмида истодааст.Алабата ин инсонхо аз пастии зехну мафкураи худошон хабар дода истодааст зеро инсони бохирад мефахмад ки Хаманои калимахо чист Яъне Чи офтоб гуи чи Хуршед ва чи Шамс мано як аст аввал хонед бад тафаккур кунед ва бад инчо омада андеша кунед,ки саводи шуморо дида хандаам омад бовар кунед фарзанди 12-солаам тамоми мавзуро хонда фахмид аку шумо нафахмидитон айби ки?

Ба номи Худованди меҳрубон
Джамшед
Бародар Ҷамшед сатҳи донишатро боло бар ҳеҷгоҳ як донишманд бар асоси сатҳи дониши паст матлабро наменависад. Китобои тафсири Алкашофи Замахшариро диққат кунед нукоти адабӣ (ДАСТУРИ ЗАНБОНИ АРАБИ)-ро хеле кӯтоҳ ва ишоравор баён мекунад агар касе бо дастури забони арабӣ мусаллат бошад мефаҳмад, ки муфассир бузург чӣ гуфтааст агар касе ошнои бо граматикаи забони арабӣ ошно набошад дарк намекунад, инҷо эрод ба мутахасис фан ворид нест эрод ба хонанда ворид аст. Сатҳи дониши башар сония ба сония боло меравад истилоҳоти ҷадид дар забон ворид мешавад забонро аз аслаш хориҷ месозад мо агар бихоҳем асли забон ҳифз шавад аз китобҳои қадим монанди Эҳёи улуми дини Ғазолӣ ва Кимиё саъодат истифода кунем чун инҳо китобҳои манбаъ ба ҳисоб меоянд. Ҳамин худи шумо Ҷамшед дар куфторат аз калимаи Журналист истифода кардед оё калимаи Журналист истилоҳи форсӣ (тоҷикӣ) аст? На калимаи Журналист дар истилоҳи форсӣ (тоҷикӣ) хабарнигор аст.
Мувафақ бошед

Аввал ин ки Иршод таълимгар, яъне омузгор нест. Дуюм хохиш менамоям шеъри Мавлоно бегалат навишта шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)