Бахшҳо

Оё САҲА Тоҷикистонро “чап” гирифтааст?

Ҳузури мухолифини тоҷик дар нишасти солонаи САҲА (ОБСЕ) аз дохили Тоҷикистон ба маънои дастгирии ин ниҳод аз терроризм маънидод шуд. Ин нукта дар эътирозҳои бешумори донишҷӯён, ки зоҳиран бо ҳимояти мақомот сурат гирифт, садо медод. Мавзеъгирии САҲА чӣ маъно дошт? Дар робита ба ин “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: ОЁ САҲА ТОҶИКИСТОНРО “ЧАП” ГИРИФТААСТ?

Фаррух САЛИМОВ, устоди донишгоҳ дар риштаи равобити байналмилал
Не, ман чунин фикр намекунам. ҲНИТ-ро Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ унвон кардааст ва ба фикри ман ҳанӯз ба рӯйхати ташкилотҳои террористии САҲА ва ё СММ ворид карда нашудааст. Дар Аврупо ҲНИТ шояд ҳамчун нерӯи оппозитсионӣ эътироф шуда бошад, на беш аз он ва саркӯб кардани он ҳамчун масъалаи муборизаи сиёсии дохилӣ дониста мешавад. Шояд аз ҳамин сабаб баромади ин гуруҳро дар ҷаласаи солона роҳ дода бошанд. Албатта ин амал аз ҷониби САҲА нодуруст буд, зеро ҷаласаи солонаи он барои шунидани ҳисоботи ҳукуматҳои давлатҳои узв буд, на барангехтани "ҷанҷол". Дар мавриди он ки САҲА Тоҷикистонро “чап” гирифтааст ё на, ба фикрам функсионерҳои асосии он, ки аксарият аз Аврупо мебошанд нисбати тамоми кишварҳои Осиё ва махсусан кишварҳои пасошӯравӣ чунин назар доранд, ки ҳама диктотурӣ ҳастанду онҳоро бояд “ислоҳ” кард ва дар истифодаи олот (минҷумла, иҷозати чунин амал) худро маҳдуд намекунанд.

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон
Ман фикр намекунам, ки САҲА Тоҷикистонро "чап" гирифта бошад, зеро ин созмон байниҳукуматӣ буда, усулу қавоиди фаъолияти худро дорад, ки ҳукуматҳои шомил ба САҲА дар баробари ҳуқуқ уҳдадориҳо доранд. Ҳамзамон, мутмаинам, ки гуруҳи ҷавонони пешсаф дар тасмими худ озод ҳастанд.
Ҳузури мухолифин дар нишасти солонаи САҲА амри маъмулӣ аст, ҳар сол мо шоҳиди эътирози гуруҳҳои гуногун аз кишварҳои дигар мешудем. Эътирози онҳо ба иҷрои ҳамон уҳдадориҳои ҳукуматҳо дар доираи САҲА, иҷрои тавсияҳои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, зерсохторҳои САҲА, СММ ва амсоли онҳо рабт дорад. Ҳамоиши солона як майдонест, ки чонибҳо бо далелу бурҳон мубоҳиса мекунанд, то ки аз ҳаводиси рухдода дар кишварҳои ҷаҳон сабақ бардоранд. Шояд имсол ҷониби мухолифин ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми мубоҳисаҳо ба иззати нафси ҳамдигар расиданд, зургӯйӣ карданд, танқидро таҳаммул карда натавонистанд. Ин аз фарҳанги сиёсии онҳо далолат мекунад.

Хуршед АТОВУЛЛО, иштирокдори ҷаласаи САҲА бо намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон
САҲА имконе барои оппозитсияи берун аз Тоҷикистон дод, то ҳарфи худро дар баробари мақомот гӯянд ва ба суолҳои худ ҷавоб гиранд. Бадбахтона ё натавонистанд ё нахостанд аз ин фурсат истифода баранд. Набудани фаросат барои гуфтугӯ, луқмапартоиҳо, таҳқир, дашноми баъзеи онҳо ҳатто аз чашми хориҷиҳо дур намонд. Бубинед, Равшани Темуриён, ки бевосита иштиокчии ин ҷаласаҳо буд, чӣ мегӯяд:
“Ҳамчунин дар ин маҷлис намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва коршиносони сиёсӣ дар пешниҳоднома аз талаби ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷамъомади солонаи САҲА дар бораи зарурати ҷорӣ кардани қоидаҳои ҷадид дар вақти суханронӣ ва ҷилавгирӣ аз такрору дағаливу беэҳтиромӣ дар баробари ҳозирин пуштибонӣ ба амал оварданд”.

Амруллоҳи НИЗОМ, яке аз мухолифини иштирокдор дар нишасти САҲА
Нишасти солонаи САҲА яке аз муътабартарин минбарҳои гузориш додани ҳукуматҳо аз корномаҳои худ ва додхоҳии мухолифону ҷабрдидагон аз онҳост. Дар ин ҷо нақду баррасии коргузории кишварҳои узви ин созмон сурат мегирад. Биноан набояд ҳузури мухолифон барои як кишвар ва ҳукумате ба мисли Тоҷикистон он қадар нигаронкунанд бошад, ки ҳамаро ба по бихезонад. Ин ба по хезонданҳои ҷавонон ва халал расонидан ба ҷадвалҳои дарсии донишҷӯён як навъ асабоният ва нишоне заъф аст. Инчунин он навъе ба намоиш гузоштани таҳаммулнопазирии як ҳукумат аст. Ин ҷо иштибоҳи ҳукумат аст, ки ғалат фикр мекунад САҲА онро “чап” гирифтааст. Ин хел ҳам фикр кардан, ки гӯиё дунё ҳама амалкардҳои ҳукуматро дар ҳаққи мухолифон қабул мекунанд, ғалат аст. Инҷо он қадаре, ки намояндаҳои кишварҳои узв ва созмонҳои ҷамъиятӣ аз корнамоиҳои ҳукумати кишвар интиқод ва онҳоро маҳкум карданд, мухолифон шояд нисфи онҳо ҳама интиқодотро анҷом надода бошанд.

Ховари СОДИҚ, таҳлилгари сиёсӣ
Ман фикр мекунам фаҳмидани ин масъала бисёр кори содда аст. Тоҷикистон натавонистааст бо амалкардҳои ахираш САҲА-ро мутақоид кунад. Ман намедонам, ки пеш аз ин САҲА бо Ҳукумати Тоҷикистон сари масъалаи мухолифин муколамае доштааст ва ё не, вале чун шоҳиди манзараи зикршуда дар ҷаласаи Варшава шудем, гуфтан имкон дорад, ки дар ҳоли ҳозир САҲА аз амалкардҳои Тоҷикистон дар умури сиёсӣ “розӣ” нест. Ин “норозигӣ” дар ҳадде нест, ки мо бигӯйем Тоҷикистонро “чап” гирифтааст, вале Тоҷикистон як кишвари узви ин созмон аст ва бо шарти иҷро кардани стандартҳои он узвиятро пазируфтааст. То мо шоҳиди вокуниши расмии Ҳукумати Тоҷикистон нашавем, наметавонем дар мавриди чигунагии муносибати САҲА бо Тоҷикистон қазоват кунем.

Ёқуби Саид, рӯзноманигор
Дар нишасти солонаи САҲА на танҳо мухолифони тоҷик, балки аз Туркманистону Қирғизистон ва кишварҳои дигар низ ширкат доштанд. Барои мисол, Қодирҷон Батиров - як мухолифи қирғиз, ки дар барангехтани адовати миллӣ ва анҷоми ҷиноятҳои сангин гунаҳкор дониста шудаву дар ғайбаш ба зиндон ҳам маҳкум шудааст, дар нишасти САҲА иштирок ва суханронӣ кард. Танҳо вокуниши Қирғизистон ин буд, ки роҳбари ҳайати ин кишвар зимни суханронии Батиров толорро тарк кард. Қирғизҳо бо ҳамин қаноат карданд, дигар на эътирози зидди эътироз барпо карданд ва на муроҷиатнома қабул намуданд. Асабонияти ҳамватанони мо дар дохили кишвар каме зиёдаравӣ буд, ки дар шаъни донишҷӯён намезебид. Мавзеъгирии САҲА оддӣ буд. Чунин рафторро нисбати кишварҳои дигар ҳам карда буд. Аммо ин "чапгириҳо" фикр намекунам вазъиятро дар Тоҷикистон тағйир бидиҳанд ва демократияро таъмин кунанд.
Мӯҳр
САХА- ана хамин кадар кор дорад, ки аз чинояткорон аломаву бегунох метарошад. САХА - бо ин амали номатлубаш мехост бигуяд, ки ин ташкилот туф кардааст ба конунхои контитутсионии Точикистон, вагар рохбарони САХА ба инобат мегирифтанд, ки ХНИТ натанхо дар сатхи конун ташкилоти террористи эълон шудааст, балки рохбари он дар ПАЙГАРДИ БАЙНАНМИЛЛАЛИ, дар чустуи интерпол карор дорад! ИН бозгу аз он аст, ки полиси байналмиллаи ва ё ИНТЕРПОЛ баъд аз омузиши дакики мурочиати давлатхо ин ва ё он шахсро паи чустучу карор медиханд.

мехмон
САХА чаро ба Сирия, Ирок ва Афгонистон, ки хукуки миллионхо инсон поймол мешавад дахолат намекунад??
ХНИТ бояд регламенти пойдории сулхро дар Точикистон риоя мекард. Албатта хукумат низ бисер хатогихо дорад. Чобачогузории кадрхо хандаовар хаст. Лекин ба фикри ман бояд муросо мекард. Номи ХНИТ низ ба Точикистон рост намеомад. Хаддал имкон замонасози мекарданд. Аз номи дин хизб сохта ба мансаб талош кардан ин окибат надорад. Кабири аз Ислом бохабар аст чаро гурехт ? У худ медонад , ки дар рохи дин шахид шудан ё озор дидан ачри зиёд дорад. Як кор аз дасташ намеояду чи кадар кудаконро бепадар кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)