Бахшҳо

ВАО: Абубакр Бағдодӣ, "халифа"-и ДИИШ заҳролуд шудааст

Расонаҳои Ироқ аз заҳролуд шудани Абубакр Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ хабар додаанд.

Ба иттилои ВАО, дар баробари Бағдодӣ се мақоми баланди ДИИШ ҳам ҳангоми тановули ғизо заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин қарор доранд. Манбаъ гуфтааст, ҳоло ҳамаи онҳо дар “ҷойи махфие зери назорати шадиди муҳофизон” қарор доранд. Расонаҳо навиштаанд, феълан ҷангиён талош доранд, то афродеро, ки қасди куштани раҳбари ДИИШ ва дигаронро доштаанд, пайдо созанд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, дар маконе, ки Бағдодӣ заҳролуд шудааст, боздоштҳо шурӯъ шудаанд.

Дар гузашта низ чандин бор хабари захмӣ ва ҳатто марги Абубакр Бағдодӣ расонаӣ шуда буд. Моҳи октябри соли 2015 хабаргузориҳои эронӣ навиштанд, Бағдодӣ дар пайи бомбаборон шудани минтақаи Анбар аз сӯи неруҳои ҳавоии Ироқ захмӣ шудааст. Моҳи сентябри соли 2014 низ бархе расонаҳо гуфтанд, “халифа”-и ДИИШ дар пайи як ҳамла кушта шудааст, аммо баъдан Вазорати дифои Ироқ ин хабарро рад кард.

Моҳи декабри соли 2014 Иёлоти муттаҳидаи Амрико эълон кард, барои нафаре, ки макони буду боши Абубакр Бағдодиро пайдо мекунад, 10 миллион доллар мукофот медиҳад.

ДИИШ як қисмати Ироқу Сурияро дар ихтиёр дорад. То имрӯз аз пайвастани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули Гулмурод Ҳалимов, раҳбари пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилӣ ба ин гуруҳи террористӣ хабар расидааст. Ахиран, расонаҳои Ироқ аз таъини Ҳалимов ба мақоми вазири ҷанг хабар доданд.
Мӯҳр
шахри
э кош ин хабар рост бошаду оламро аз касофати он чангчуи манфур пок созад.Хуни азорон хазор мудуми бегунох дар гардани уст. худоё бо ин бори гунох рох то кучо мебурда бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)