Бахшҳо

Назарияи “тарбуз” дар ҳукуматдорӣ

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Аслан ин назария як назарияи илмӣ ва эмпирикӣ нест. Балки сифате аз ҳукуматҳо ва ҳукуматдориҳоест, ки бо номи ҳукуматҳои намоишӣ ё косметикӣ дар сиёсатшиносии амалӣ ёд мешаванд. Ин ибораи худдаровардӣ аст.

Дар сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ҳукуматҳоеро, ки корҳои решаӣ неву, корҳои салиқаӣ мекунанд, ҳукуматҳои намоишиву намоишкор ва ё ба истилоҳ маъмул ҳукуматҳои косметикӣ меноманд. Ин ҳукуматҳо ба масоили муҳими давлатӣ ва миллӣ бештар бархурдҳои иедоложик, ҷиноҳӣ ва сиёсӣ доранд. Дар асл ин гуна ҳукуматҳо гирифтори ҳазор мушкил ва буҳронҳои амиқе ҳастанд, вале аз роҳҳои василаҳои таблиғот ва идеоложик корҳо ва амалкардҳоеро ба мардум ва ҷомеа пешниҳод мекунанд, ки нишон медиҳад ин ҳукуматҳо пуркор ҳастанд. Вале бо вуҷуди будани солҳои зиёд дар ҳарими қудрат ба пешрафтҳои қобили мулоҳизае даст намеёбанд ва саранҷом поёни ҳукуматдорияшон норӯшану хатарзост. Дар ин гуна ҳукуматҳо тамоми талоши мумкин анҷом мешавад, ки нишон бидиҳанд, “ҳама кор садай”, вале дар воқеият ин гуна ҳукуматҳо аз буҳронҳо ва мушкилоти дохилии худ ҳамеша ранҷ мебаранд. Ин гуна ҳукуматҳо мисли тарбузанд. Дар зоҳир сабзу хушоянд, вале дар дарун сурху пурхун. Ва таъбири “назарияи тарбуз” ҳам таъбири мандаровардӣ аст. Ин таъбирро ҳам аз афсӯсномаҳои ҳаҷвнигори шаҳиди ҷанги бародаркуш Амиршо Ибронов пайдо кардам. Замоне ҳафтаномаи “Одаму олам” аз пайдо шудани дафтари хотироти танзгари шаҳир хабар дода, баъзе аз пораҳои хотироти ӯро низ нашр намуда буд. Дар яке аз гуфтаҳои он танзгари шаҳир мехондем: “Ман мисли тарбузам. Аз берун сабзу дар дарун сурху пурхун...”

Дар тӯли таърих ин гуна ҳукуматҳо талош кардаанд, ки ҳамеша корҳои намоишиву салиқаӣ анҷом бидиҳанд ва бо ин гуна корҳо эътимоди мардумро ба даст биоваранд. Дар ин гуна кишварҳо дар баробари “косметика”-и ҳукумат низомҳо бештар хосияти диктотурӣ пайдо мекунанд ва тамоми ҷомеа, бо шумули мардум абзори намоиш қарор мегиранд. Ҳукуматҳои диктотурӣ ва ё диктортурмаоб ба хотири он ки худкомагии худро пушти саҳна кунанд, даст ба намоиш ва корҳои намойишӣ мезананд. Дар ин гуна кишварҳо ҳукуматҳо чӣ аз боло ба поён ва чӣ аз поён ба боло ҳама кори намоиширо пеш мегиранд ва ҳар ниҳоде ба ниҳоди болоии худ корҳоро дар шакли тарбуз пешниҳод мекунанд.

Бештари кишварҳои пасошӯравӣ, бадбахтона кишварҳои тарбузмонанданд. Дар ҳамаи ин кишварҳо ҳукуматҳо намоишкор шудаанд ва бештар пружаву тарҳҳои намоиширо вориди иҷтимоъ мекунанд. Сабқати баландтарин парчаму калонтарин масҷиду дигар иншооти маишии бузургтарин реша дар ҳамин гуна корҳои намоишӣ дорад. Вагарна барои ин гуна ҳукуматҳо дар ҳоли ҳозир сохтани ин гуна ...бузургтаринҳо лозим нест, балки бояд ниҳодҳои истеҳсоливу мудириятӣ сохта шавад, ки битавонанд ҷомеаро аз ҳолати буҳронӣ ба ҳолати субот мунтақил кунанд.

Дар асри 21, ки асри нанотехнолоҷиву пикотехнолоҷӣ ҳаст, барои ҳукуматҳои тарбузмонанд ё намоишкор бисёр сангин аст, ки ҳолати воқеиро аз мардум пинҳон кунанд. Рушди технолоҷӣ, хусусан IT (фанновариҳои иттилоотӣ) дуруғ гуфтанро барои ҳукуматҳои намоишкор хеле душвор кард. Дуруғҳоро технолоҷии ҷадид бисёр зуд фош мекунад.
Тамоми ҳукуматҳои намоишкор бо расонаҳои мустақил ҷанги хатмношудание доранд. Аксари онҳо муваффақ шудаанд, ки расонаҳои мустақилро ба тамом саркӯб кунанд ва ё таҳти контроли худ қарор бидиҳанд. Онҳое, ки муваффақ нашудаанд, расонаҳои мавриди назарро таҳти фишори шадиде қарор медиҳанд. Ин корро барои он мекунанд, ки яке аз василаҳои намоиш барои ин гуна ҳукуматҳо ҳамин расонаҳо ҳастанд. Вуҷуди расонаҳои мустақил хосияти намоишро мекоҳонад, барои ҳамин талошҳоро барои набуди онҳо мекунанд.

Дар ихтиёри давлат қарор доштани телевизион ҳам яке аз масъалаҳои меҳварии ҳукуматҳои тарбузмонанд аст. Дар тамоми кишварҳое, ки намоишкоранд ҳеч телевизиони мустақилу хусусие вуҷуд надорад. Албатта боз ҳам барои намоиш чунин телевизионҳое ташкил мешаванд, вале “берун аз сиёсати партия ва ҳукумат” нестанд.

Бештарини ин гуна кишварҳо дар Осиё ва Африқо қарор доранд. Намунаи барҷастаи як ҳукумати намоишкор Курёи Шимолист. Курёи Шимолӣ ба ҳадде намоишкор аст, ки ба худ унвони “осорхонаи сиёсии олам”-ро гирифтааст. Ҳоло Русия бо вуҷуди як абарқудрати дунё будан ва “посухдор (масъул)-и сарнавишти кишварҳои олам” эълон кардани худ, хосияти як ҳукумати намоишкорро гирифтааст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар замони шӯравӣ ба ин вирус сироят шуданд ва аз бунёд ҳукуматҳои намоишкор доштанд. Баъди фурӯпошии ИҶШС дар ин кишварҳои демкоратияи косметикӣ рушд кард, вале моҳияти ҳокимият тағйир накард. Ҳукуматҳое мудирият карданд ва мекунанд, ки зоҳиран демократанд, вале ботинан бо арзишҳои демократӣ ҳамхонии камтар доранд. Туркманистону Узбакистон аз ибтидо ҳукуматҳои намойишкор буданд. Тоҷикистону Қазоқистону Қирғизистон дар ибтидо ба арзишҳои демократӣ эҳтироми вижае қойил шуданд, вале баъдан роҳро ба суйи ҳукуматҳои намоишӣ пеш гирифтанд. Албатта роҳу равиши қирғизҳо як каме фарқкунанда аст, вале шуруъи пайкорҳои нав дар фазои сиёсии ин кишвар дур нарафтани онро аз “асли хеш” пешгӯйӣ мекунад.

Ба таъбири мардумӣ “безебӣ”-и ҳукуматҳои намоишкор дар он аст, ки бо вуҷуди иштироки номзадҳои зиёд дар интихоботҳо, касби бештар аз 80-у 90 дар садии оро аз ҷониби барандаи интихобот, будани ҳизбҳои сиёсии бисёр, аз эътимоди собити мардум бархурдор нестанд ва ҳамеша талош мекунанд, ки дунёро ба “садоқату худ ба демкоратия” бовар бикунонад.

Ҳукумате, ки миллат ва давлаташро бар пояи пружаҳои суботу давомдори иқтисодӣ, ислоҳоти решаии сиёсиву кадрӣ ва маърифатӣ намесозад, саранҷом мисли тарбуз бо кафидан сурхияш ошкор мешавад ва аз сабзиву сабзрангияш чизе боқӣ намемонанд. Намоиш ҳамеша маҷоз аст, маҷоз кори бадеист, бо воқеият камтар ҳамхонӣ дорад. Вале ҳукуматдори кори рӯз аст ва муҳимтарини асли он дасту панҷа нарм кардан бо воқеиятҳост.
Мӯҳр
Бача равшанфикр шуетон ку.!

Dev
HUb navisti Irshodi jun! Ofarin!

Дугирак
Рахмат, бехтарин макола, вале афсус ислох намешавад

ҷовид
ҳамин як мақолаи калон маънои як ҷумларо медиҳад. э дар атрофи як ҷумла сайр мекуни да...

Ҳоҷӣ
Иршод, чаро ҳамеша шумо "дасту панҷа нарм" мекунед? Дар кадом қисмати кишвар ҳамин ибораро истифода мебаранд, хоҳишмандам нишониашро гуед? Албатта, мо ба андешаи шумоён барин навзабонону пайравони шеваҳои на он қадар зебои хориҷии забони тоҷикӣ "бесаводем", вале чаро дар ҳамин рӯзи забон ҳам бо забони дигар гуфтугу мекунед? Худовандо! Он рӯзеро , ки пас аз 50 сол бо ин "забондонҳоят" як тоҷик бе тарҷумон асарҳои Айнию Улуғзодаро хонда наметавонад, аз сари ин мардум дур гардон!

Сад дар сад дуруст. Куҷо намеравӣ фақат таъриф. Як кас агар дар бораи набудани газу барқ ё барои чӣ роҳе, ки бо қарз сохта шудаасту ин қарз дар гардани мою фарзандонамон ҳасту, ким-кадом як ширкати хариҷӣ онро бо 18 метр аз ҳарду тарафи роҳ аз худӣ кардаасту монанди аз падараш мерос мондагӣ пулакӣ кардааст, гап намезанад. Ин баринҳо бисёранд, вале мо дар вакууми итилоотие ҳастем, мисли тарбуз.

Муканнаъ
Афкори диниву мазхаби низ берун ё сиёх ё сабз аст аммо тули тарих хунрехтаанд Аммо аз навиштахои Иршод ( ки ман чанд муддат боз дунбол мекунам) хаминро метавонаш бардошт ки у васфашонро мекунад ва меболад ки пайрави хамонхост. дар чахони имруз андешахои касоне ки Иршод бар сари хукумат дидан мехохад сифр аст албатта Ибни Синову Хайёму, Беруниву Рози Мукафа ва Абумуслиму Муканнаъ, ва албатта суфиёну орифон тамоман аз ин доира берунанд зеро инхо бисёр андешахои "бузургони" мавриди назари Иршодро рад кардаанд. Бузургони мавриди назари Иршод як мушт шоир албатта Газоли, Ибни Таймия, факехон, охирихояш Икбол ки махсули андешааш хамин Покистони анбошта аз террорист хамчунин эшонхои ришолуду пашмолуд аст ки мо мардуми Озода хеч вакт онхоро ба давлату хукумат хатто наздик дидан намехохем чояшон масчид ва сари кавр аст ва маросими никоху хамин хел чизхо. Чоп кун Озодагон чун вакте номи Озодагонро бар сар дори ин хеле гапи калон аст хеле чун Озодагон аз назари ман мухолифи чахонбинии араби асри 6 и милоди аст.

Жозеф де Местра
Если правительство плохо, аморально, неэффективно, то виноваты в этом сами граждане страны, которые позволяют такому правительству существовать, не могут его контролировать и т. д.

Ҳануз дар оғози садаи ХХ бобои Ленин дар як номае навишта буд,ки " ..ба Тротский гӯед ӯ чун шалғамча (редиска) дар берун сурху дар дохил сафед аст"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)