Бахшҳо

Номи Э.Раҳмон, С.Абдулқодирзода, Д.Назаров дар феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2017”

Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ва қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаровро ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2017” шомил кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар бахши сиёсӣ ва Абдулқодирзода дар бахши идораи умури дин вориди феҳраст шудаанд. Дилшод Назаров дар қатори мусалмононе мақом гирифтааст, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 ба медали тилло даст ёфтанд.

Сегонаи аввали ТОП-50-и феҳристи “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2017”-ро Шайх Аҳмад Муҳаммад Ат-Таййиб профессори донишгоҳи Ал-Азҳар, Абдуллоҳи 2 ибни Ҳусайн шоҳи Урдун ва Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Сауд шоҳи Арабистони Саудӣ ба худ ихтисос додаанд. Дар мақоми 4-ум Алӣ Хоманаӣ роҳбари Эрон нишастааст. Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён дар зинаи 37-ум омадааст.

Дар ин рӯйхат инчунин раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ворид шудаанд. Феҳристи имсола номи 7 экстремистро низ дорад, ки дар садри он Абубакр Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” менишинад.

Номи раисҷумҳури Тоҷикистон пеш аз ин ду бор ба ин феҳрист роҳ ёфта буд. Дар гузашта исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ҳам шомили “500 мусулмони таъсиргузори ҷаҳон” шуда буд.
Мӯҳр
Замин
Агар вокеан хамин Пажуишгох номи Раиси шурои уламоро дар сайфаи худ хамчун шахси арзанда чо карда бошад, аз ин бармеояд, ки ин Нашрия нашрияи воситабозу ношаффош будааст

Мастчохи
Муборак бошад ба хамаи мардуми сарбалди точик.

Раиси уламои Точикистон хатто дар ЧТ обрую эьтибор надорад, чи монад ба дунеи числом. Агар мухтарам Убайдуллоев, е Расулзода ва хатто ягон вазири дигарро ном мегирифтанд бовар мекардем.

Салому алекум. Ҳамватанони азиз воқеъан ин ифтихор барои миллати тоҷик аст ки чунин шахсиятҳои бузуг дорад.Муборак бошад муҳтарам Ҷаноби Оли ва инчинин мехоҳам муҳтарам Сайдмукаррами Абдулқодирзода ва Дилшод Назаровро табрик гуям.

ҳомид
ҲАҲАҲАҲА wink мурдем ай хандара

Номи Бозор Собирро ҳам илова кунед

Бародари нофаҳм, бояд бидонӣ ки мардуми бонангу бономусу давлатдӯсти мо имрӯз пешрафтаву бофарҳанг шудаанд, бинобар ин мо имрӯз бо роҳнамоиҳои Пешвои бохирад ва боғайрат ва ғамхори ин миллат ва бо насиҳатҳои Саидмукаррам Абдуқодирзода Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар аз ин ғавғои сагон наметарсем. Шумо гурӯҳҳе ҳастед, ки худатон намедонед, ки кӣ ҳастед ва чӣ мақсад доред ва кӯҷо меравед, ҳамчунон шоир мефармояд: Хуфта хуфтаро кай кунад бекор.

Рустам,
Дар радифи 500 мусулмони таъсиргузор роҳ ёфтани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода инчунин варзишгар Дилшод Назаров фоли нек ва иқдоми дуруст аст. Воқеан, ин шахсиятҳо барои оромиву осудагии кишвар хеле корҳои наҷиб кардаанд ва амну осоишро беҳтарин неъмати илоҳӣ медонанд. Дар мамлакате, ки сулҳу ваҳдат ва осудагиву амният нест, ҳеҷ гуна пешравӣ, аз ҷумла рушди дини мубини Ислом ҳам буда наметавонад. Инро набояд фаромӯш кард!


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)