Маҳфили “Дурахши меҳр” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори 60-умин солрӯзи шоири тоҷик Махсум Олимӣ маҳфили шеъру суруд доир гардид.
Дар маҳфили шеъру суруди “Дурахши меҳр” шоирону адибон, рўзноманигорон ва дӯстону пайвандони марҳум аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон гирди ҳам омада, бо ёдвораву хотира ва лаҳзаҳои хотирмони рўзгор ёде аз ин шоири шаҳид намуданд.
Шахсиятҳои номошно Юнус Юсуфӣ, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Кароматуллоҳи Мирзо, нависандаи Халқии Тоҷикистон, Абдуғаффори Абдуҷаббор, рањбари Дастгоҳи иҷроияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Қурбон Восеъ, олим ва ходими давлатӣ, Абдушукур Хокироев, мудири бахши фарњанги ноњияи Айнї ва дигарон бо нақли қиссаву хотира аз шахсияту эҷодёти шоир Махсум Олимӣ суханронӣ карданд.
Фарзанди марҳум - Шаҳриёр Олимӣ шеъри “Падар”-ро қироат намуд, ки саропо таҷассумгари чеҳраи падари марҳумаш буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |