Бахшҳо
07 окт 2016 13:58Тоҷикистон / Тема дня

Барканории милиса барои кӯфтани журналист ва даъвати ВКД аз Атовулло: Маълумоти доштаро ироа кунед

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳолати латукӯби рӯзноманигор Доро Суҳробиро аз ҷониби корманди милиса дар маҳаллаи “Гипрозем” мавриди санҷиш қарор додааст.

Ин ниҳод имрӯз, 7-уми октябр бо пахши иттилоияи расмӣ гуфт, “дар аризаи худ Доро Суҳробӣ сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синоро гунаҳгор медонист, аммо ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло рӯзноманигор изҳор дошт, ки ин шахсро намешиносад ва пеш надидааст”.

Вазорат афзуд, ки дар рафти санҷиш маълум гашт, ки дар ҳақиқат ҳолати мазкур ҷой доштааст: “Барои маълум намудани шахси аниқи рӯзноманигорро лату кӯб намуда ҳамаи кормандони минтақаи маъмурии милитсияи №19 ШВКД дар ноҳияи Сино, ки ҳодиса дар онҷо рух додааст, барои шинохтан пешниҳод карда шуд. Худи рӯзноманигор корманде, ки ӯро лату кӯб кардааст шинохта натавонист ва ҳамзамон дар рафти санҷиш муоинаи тиббии рӯзноманигор Доро Суҳробӣ низ гузаронида шуд ва маълум гашт, ки номбурда ҷароҳати ба саломатӣ таъсирнопазир бардоштааст. Барои рух додани ҳолати мазкур сардори Минтақаи маъмурии мазкур Хоҷаев Ислом, рӯзи 26-уми сентябри соли 2016 аз кор озод карда шуд”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, барои мунсифона санҷиш ва баҳогузорӣ шудани ҳолати мазкур маводро барои идомаи санҷиш ва баровардани қарори ниҳоӣ ба Прокуратураи ноҳияи Сино ирсол намудаанд: “Баъзе аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ додаанд, ки маълумоти дақиқ оиди ҳодиса ва шахсияти корманди рӯзноманигорро лату кӯб карда доранд. Барои пурра ва объективона анҷом ёфтани тафтишот аз расонаҳои мазкур даъват карда мешавад ва инчунин тибқи қонунгузорӣ уҳдадоранд, ки маълумоти доштаашонро вобаста ба ин ҳолат ба ВКД ё Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран “Озодагон” аз қавли Хуршед Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иттилоъ дод, ному насаби нафареро, ки Доро Суҳробӣ, журналисти ҷавони тоҷикро латукӯб намудааст, муайян кардаанд.

Хуршед Атовулло, ки ҳамчунин роҳбарии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро ба уҳда дорад, дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода буд, ки “аллакай мо ному насаб, вазифаи он нафарро медонем ва инро ҳам медонем ки дар "боло" кӣ дорад, хамсояи кӣ асту зодаи куҷост”.

Хуршеди Атовулло таъкид намуда буд, дар ҳолате агар хулосаи тафтишот қонеъкунанда набошад, тасмим дорад, ки аз ҳисоби журналистон гуруҳи тадқиқотӣ ташкил кунаду асли воқеаро ба ҷомеа расонад.

Доро Суҳробӣ, хабарнигори 20-солаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон 18-уми сентябр ҳангоми иҷрои вазифаи хидматияш дар бозори “Гипрозем” аз сӯи мансабдори милиса то ҳолати беҳушӣ мавриди латукӯб қарор гирифтааст.
Мӯҳр
Иван
Авсонаи Гарибшо компания шид ку. Аввал ай болои кормандони налог шикоят бурд, баъди як хафта бо хдш хдша гунахгор бровард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)