Бахшҳо

Муроҷиатнома ба Путин барои ҳимояи Емеляненко аз чеченҳо (ВИДЕО)

Шаҳрвандони Русия аз Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар дархост кардаанд, ки Фёдор Емеляненко, варзишгари маъруфи русро аз ҳамлаи бошандагони Чеченистон дифоъ кунад.

Дар пайи интиқоди Емеляненко аз муҳорибаҳои омехтаи кӯдакон дар Грозний, ки бо иштироки писарони Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон баргузор шуд, варзишгари рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадафи таҳқиру таҳдидҳо қарор гирифтааст. Фарохон барои ҳифзи Емеляненко дар торнамои Change.org ба роҳ андохта шуда, то ҳол 63 ҳазору 183 нафар аз он ҳимоят кардаанд. Дар матни фарохон омадааст: “Муҳтарам Владимир Владимирович! Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба қазияи Федор Емеляненко ва Рамазон Қодиров таваҷҷуҳ кунед. Федор варзишгари бузург ва намунаи мардонагӣ мебошад. Ӯ ба ҳайси раҳбари анҷумани муҳорибаҳои омехта ба нақзи қоидаи мусобиқа аз суӣ раҳбари ҷумҳурӣ вокуниш нишон додааст ва арзандаи чунин тавҳин нест. Умед дорем, ки шумо ба ин қазия дахолат ва варзишгару бародари имонии моро аз ҳамла ҳимоят мекунед”.

Ахиран дар Грозний муҳорибаҳои намоишии бидуни қоида бо иштироки фарзандони 8,9 ва 10-солаи Рамазон Қодиров баргузор шуданд, ки ҳамаашон бо пирӯзии писарони раисиҷумҳури Чеченистон анҷомиданд. Дар ин мусоқибаи “Grand Prix Akhmat 2016”, ки дар пойтахти Чеченистон баргузор шуд, Аҳмад, писари 10-солаи Рамазон Қодиров рақиби худ Дамир Шевхужевро ба ҳолати беҳушӣ расонд. Дар навори ин муҳориба дида мешавад, ки Дамир гиря мекунад ва аз бинияш хун ҷорӣ аст.

Дар пайи ин Федор Емеляненко, президенти Иттиҳоди муҳорибаҳои омехта (ММА)-и Русия бо нашри як изҳорот ин сабқатро танқид кард: “Баромади кудакони 8-сола бояд намоишӣ мебуд, аммо дар асл ба мусобиқа табдил ёфт. Мувофиқи қоидаҳои варзиши Вазорати тарбияи ҷисмонии Федератсия Русия варзишгарони 21-сола бояд ба майдони ҳарб бо шлем ва то 12 сола бо либоси махсуси варзишӣ бароянд. Ба кудакони то 12 сола баромад кардан аз рӯи қоидаҳои муҳорибаҳои омехта умуман манъ карда шудааст. Ҳодисае, ки дар сабқати Грозний ба вуқӯъ пайваст, ғайри қобили қабул аст”.

Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон мухолифати Фёдор Емеляненко, президенти Иттиҳоди муҳорибаҳои омехта (ММА)-и Русия алайҳи муҳорибаи кӯдакон дар Грознийро нодуруст хонд.

Қодиров дар саҳифааш дар Instagram навиштааст, ки “вокуниши Фёдор Емеляненко ба муҳорибаҳои намоишии кӯдакон дар мусобиқаи Grand Prix Akhmat-2016-ро мефаҳмид, агар ӯ аз сухани нек дар мавриди ин мусобиқа ва аҳамияташ оғоз мекард. Ҳамчун паҳлавон ва ватандӯст Чеченистонро бо ид табрик мекарду як бор меомад, медид, ки мо мусобиқаҳоро чи гуна мегузаронему барои рушди варзиш чӣ кор мекунем. Аммо наҳваи изҳороти ӯ суолбарангез аст”.

Раисиҷумҳури Чеченистон бо зикри гуфтаҳои Емеляненко, ки ҳар нафар бояд аз худ ва оилааш оғоз кунад, афзудааст, ки нашри акси кӯдакҳои бегона ва таҳрики шарҳҳо дар зери он худаш хилофи этикаю арзишҳои маънавист: “Мо аз кӯдакӣ ватандӯсту ҳомиёни Русияро тарбия мекунем. Фёдор Шумо ноҳақед. Паҳлавонҳои рус чунин намекунанд”.

Дар баробари Емеляненко Расул Боқиев, паҳлавони тоҷики муқими Русия низ гуфтааст, набояд кудакони то 8-сола ба муҳорибаҳои омехта ҷалб шаванд: “Ҳатто бо шлем мубориза дар чунин синну сол хатар дорад, кӯдакон бояд аз ҷиҳати ақлонӣ рушд кунанд, китоб хонанд на ба чунин навъи варзиши хатарнок машғул шаванд. Дар ин намуди рақобат як зарба метавонад кӯдакро то охири умр маъюб кунад ва ин барои аъзоёни оилаи онҳо дарди сахт хоҳад буд”.


Мӯҳр
Қодиров Рамазона ма дига коршда гап надорум неки ай и чихат не....
Рост оли иё кудакан яки ягон зарбаи сахт мехуран дига якумри.........

Ali
Чеченистон ин кишвари Алибобо ва Чили рохзан аст!

мехмон
Расул Бокиев шумо бо оташ бози накунед ! Чеченхо хар як кадами худро дилпурона мезананд ва пуштибони акидаи худ ва рохбарашон хастанд. Агар он кадар боакл бошед точиконро аз миёнараву фиребгархо тоза кунед.

Dev
Tamomi tahkiru dashnomi rusho ba sari tojiku uzbaku kirgiz, digaron onhoro odam ham hisob namekunand.

Антифанатик
Дар ЧТ туда туда фанатикхо аз Рамазон Кодиров пайгамбар метарошан..дидед аку "пайгамбар" тон чи хел дар зери никоби варзиш лату куб ва занони кудаконро таргиб мекунад...умуман бокс, тем боле бой без правила берахми ва амали зидди куронист...

Валуев
Пусть этот рамазон выйдет один на один с Федором, все вопрос безопасности будет решен.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)