Бахшҳо
07 окт 2016 16:16Тоҷикистон / Тема дня

Собиқ сафири СССР дар бораи Наҷибуллоҳ, Масъуд ва сулҳи тоҷикон

Борис Пастухов, сафири пешини Иттиҳоди Шӯравӣ дар мусоҳибаи худ бо нашрияи “Совершенно секретнно” дар бораи Муҳаммад Наҷибуллоҳ, раисҷумҳури вақти Афғонистон, Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи ҳаракати “Муҷоҳиддин” ва формулаи сулҳи тоҷикон суҳбат кардааст.

Ин дипломати собиқи рус, ки баъди сафирӣ солҳои 1992-1995 ноиби вазири умури хориҷии Русия будааст, иддао дар мавриди коммунист будани Наҷибуллоҳро рад кардааст: “Ин ки Наҷибуллоҳро коммунист мегӯянд як гапи бемаънӣ аст. Ӯ фарзанди содиқи мардуми худ ва як миллигаро буд”.

Пастухов бо ишора ба ин, ки Наҷибуллоҳ талоши амалӣ кардани идеяҳои худ, аз ҷумла оштии миллиро дошт, афзудааст: “Ӯ бузургӣ ва истиқлоли Афғонистонро мехост. Сиёсати овардаи ӯ-ваҳдати миллӣ-формулае буд баромада аз ҳолу ҳавои зиндагӣ на маслиҳати мушовирон аз Маскав”.
Борис Пастухов дар робита ба ин гуфтаи худ ваҳдати миллии Тоҷикистонро мисол овардааст: “Замоне, ки муовини вазири умури хориҷӣ будам, талош мекардем, ки ин формуларо дар Тоҷикистон амалӣ кунем. Дар ҷойҳое, ки даргириҳои шадид ҷарён доштанд, мо корҳои зиёдеро анҷом додем. Барои мисол формулаи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон рӯи кор омад. Ҳоло гуфтан дар бораи ин як навъ қобили қабул нест”.

Сафири пешини Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон дар мавриди иштибоҳи Шӯравӣ чунин гуфтааст: “Иштибоҳи бузурги мо ин буд, ки бо тамоми ҷанбаҳои мусбат ва манфии Наҷибуллоҳ ӯро бояд як муддати дигар дастгирӣ мекардем. Аммо, мо ин корро накардем”. Пастухов дар мавриди шеваи кумак ба Наҷибуллоҳ гуфтааст: “Барои мисол ба нерӯҳои Наҷибуллоҳ бояд аслиҳа, ғизо ва маводи сӯхт дода мешуд. Замоне, ки мо интиқоли маводи сӯхтро ба неруҳои ҳавоӣ ва танкҳо қатъ кардем, онҳо зуд аз кор мемонданд.”

Борис Пастухов дар ҷавоб ба суоли кадоме аз сиёсатмадорони вақти Шӯравӣ тасмими қатъ кардани кумак ба Наҷибуллоҳро гирифта буд, гуфтааст: “Ман намедонам он кас ки буд. Аммо, медонам ки Нурсултон Назарбоев, котиби аввали Ҳизби коммунисти Қазоқистон то охир дар заминаи таъмини маводи сӯхт кумак мекард. Чандин бор талош кардам бо Сафармурод Ниёзов низ дар ин маврид тамос кунам, ки муваффақ нашудам. Ман фикр мекунам, агар давлати мо неруҳои ҳавоии Афғонистонро дастгирӣ мекард, ҳоло Русия дар Афғонистон шоҳиди вазъияте мешуд, ки дар Осиёи Марказӣ дорем”.

Сафири пешини Шӯравӣ дар Афғонисон дар бахши дигари мусоҳибаи худ дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон суҳбат кардааст. Ба гуфтаи ин дипломат Аҳмадшоҳ Масъуд “қаҳрамони романҳои оянда хоҳад буд. Ман шарафи суҳбат кардан бо ӯро доштам. Ӯро дар Узбакистон вохӯрдам ва гуфтамаш: “Ҷолиб аст. Замоне мо ба ҳамдигар аз сӯрохии милли туфанг нигоҳ мекардем ва ҳоло сари як миз ҳастем”.

Борис Пастухов дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд инчунин гуфтааст: “Ба бовари ман ӯ низ мисли Наҷибуллоҳ як афғони миллигаро буд. Ӯ ба ҳеч ваҷҳ на мо ва на амрикоиҳоро дар хоки худ намепазируфт. Афғонҳо ҳеч касро аз берун қабул надоранд. Искандари Мақдунӣ, Чингизхон ва лашкари Инглис, ки дар асри XIX тақрибан тамоми Ховари Миёна, аз Миср то Ҳиндро тасарруф карданд, аммо натавонистанд Афғонистонро таҳти контроли худ дароваранд”.
Ҷаноби Пастухов дар мавриди он, ки гӯиё Аҳмадшоҳ Масъуд ҳангоми хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон тавассути ағбаи Соланг пул гирифтааст чунин мегӯяд: “Дар мавриди гирифтани пул чизе гуфта наметавонам, аммо шоҳиди он будам, ки артиши Шӯравӣ ҳангоми хориҷ шудани аз Афғонистон ду сӯи роҳи Солангро бомбаборон карда буд. Дар мавриди Масъуд баъид аст, ки касе метавонист ӯро “бихарад”.

Сафири Шӯравӣ дар хитоб ба муаллифи мусоҳиба гуфтааст: “Вале агар Масъуд пул ҳам гирифта бошад муътақидам онҳоро барои худаш масраф накардааст, он гунае, ки порахурон мекунанд. Ба ҳар ҳол ҳангоми хориҷ шудани мо аз сӯи артиши Масъуд касе ба мо оташ накушод.”

Борис Пастухов дар поёни суҳбат ба суоли хабарнигор дар мавриди он, ки Русия чӣ дарсеро аз воқеоти он замон метавонад, бигирад, гуфтааст: “Дарси асосӣ, ин аст; бояд бидонад, ки дӯстӣ дар ин минтақа мавриди бархӯрди махсус қарор мегирад ва қадр мешавад. Ба дӯстони худ бояд кумак кард. Мо набояд Наҷибуллоҳро ба ҳоли худаш мегузоштем. Агар баъди рафтани мо кумакҳои молӣ мебуданд ӯ пеш мерафт. Афғонҳо одамони ҷолибанд. Онҳо тамоми чизро таъмир кардан метавонанд. Ман бо чашми худам дидам, ки чи тавр трубинаи нерӯгоҳи “Нағлу”-ро таъмир карданд. Кумак ба Афғонистон баро мо гарон намеуфтод, вале метавонистем робитаи дӯстонаро нигоҳ медоштем. Танҳо коре, ки аз мо талаб мешуд напартофтани дӯстон ва мутаҳидони сиёсии мо буд, аммо ҳамаро ба ҳоли худашон гузоштем. Ҳам ба Хонеккер ва ҳам ба Наҷибуллоҳ хиёнат кардем. Ангуштони даст кофӣ нестанд, ки онҳоро ҳисоб кунам.”
Мӯҳр
ман
Русҳо ба ҳама хиёнат кардаанду мекунанд. Ҳамеша сиёсати духураро пеш мегиранд

Озодагон ташаккур барои чунин мусохиба, бисёр маълумотхои заруриро барои худ гирифтам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)