Бахшҳо
07 окт 2016 16:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сарояндаи тоҷик дар феҳрасти 10 маддоҳи беҳтарини Путин (ВИДЕО)

Расонаҳои Русия имрӯз, 7-уми октябр дар рӯзи таҷлили 64-солагии Владимир Путин феҳрасти 10 суруди беҳтаринро тартиб додаанд, ки дар васфи ӯ хонда шудаанд.

Тавре сомонаи ЮГА.ру иттилоъ медиҳад, Толибҷон Қурбонхонови тоҷикистонӣ бо таронаҳои “ВВП”, "С юбилеем, господин президент!” ва “Спасибо тебе Боже за Владимира” шомили даҳгонаи маддоҳони беҳтарини Путин шудааст.

Расонаҳои Русия менависанд, Толибҷон Қурбонхонов замоне шинохта шуд, ки соли 2012 нахустин сурудашро таҳти унвони “ВВП” сароид ва дере нагузашта таронаи дигари ӯ "С юбилеем, господин президент!”, ки ба 60 солагии Путин бахшида буд, нашр шудааст.

Толибҷон Қурбонхонов ба дунболи “ВВП” ва "С юбилеем, господин президент!”, як таронаи дигар ҳам дар васфи Путин иҷро кард, ки “Спасибо тебе Боже за Владимира” ном дошт.

Соли 2015 суруди“ВВП”-и ӯ дар раддабандии “Топ 10 суруд дар васфи Путин” ё подхалим-парад, ки телевизиони “Дождь” таҳия кард, дар зинаи ҳаштум ҷой гирифта буд. Суруди “ВВП”-и Қурбонхонов соли 2012 қабл аз интихоботи президентӣ дар Русия нашр шуда, бо вокунишҳои зиёде рӯбарӯ гардид. Шабакаи радиоии "Серебряный дождь" соли 2012 таронаи “ВВП”-ро ғолиби наминатсияи “Нафаси чуқур” барои “талоши охирин ҷиҳати дарёфти қайди зист дар Маскав” дониста, Қурбонхоновро соҳиби ҷоизаи рамзии “Калуши нуқрагин” эълон кард.




Мӯҳр
Мадох рузат аз ин бад. Ман хайронам,ки чаро инкадар ин миллат маддох тарбият мекарда бошаду чолпусу хушрмадгуву хонабезор..

Комрошох
Озодагон ба чои калимаи "маддох" калимаи "вассоф"-ро истифода мекарди хуб буд ва ин лид хам чолиб буд...чи даркор одамро тахкир карданд....бидуни гараз навиштанро шумо кай ёд мегиред...

"мир мох асту бухоро осмон, мох суи осмон ояд хаме"
Озодагони мухтарам ба фикрам фахмидед барои чи аз ашъори Рудакии бузург "отрывок"-ро манзури шумо барои мулохизаву анализи чукур, овардам.
Ин хам мисли он Бузарг васфи нафареро кардааст.Чолиб он аст ки харду хам бахри маскун гардидан дар маконе яке дар РФ дигаре дар Бухоро.

Хулоса яке гуру дигар чон меканад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)