Иддаои бегуноҳии Нишонов ва 12 сол ҳабси ӯ барои дастдарозӣ ба духтари 8-сола

Додгоҳи шаҳри Тюмен Ҳасанбой Нишонов, як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро ба ҷурми қасди таҷовузи кӯдаки 8-сола барои 12 сол равонаи зиндони низомаш сахт кардааст. Нишонов, ки бо нишондоди зани солхӯрдае боздошт шудааст, ин иттиҳомро туҳмат хондааст.
Олга Малкова, айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, дар бораи ҷавони шубҳанок ба пулис як зани солхӯрда 6 сентябр хабар додааст ва Нишонов худи он рӯз боздошт гардидааст: “Ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми боздошт ҳеч санаде надошта дар телефонаш суҳбатҳои маҳрамона бо духтари 8-сола мушоҳида шудааст. Ҳасанбой Нишонов чанд муддат пеш ба хонаи хешовандони худ ба Тюмен омада, дар як сохтмон воқеъ дар хиёбони Заречний посбон будааст. Надежда, духтари 8-сола дар бозпурсӣ гуфтааст, ки бо Нишонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат кардааст. Ба гуфтаи ин кӯдаки 8-сола Ҳасанбой аз ӯ хостааст, ки суруд хонад ва баъдан ҳаракатҳои шаҳвонӣ мекардааст”.
Аммо, Нишонов гуфтааст, ки бо духтарак мисли хеши худаш муносибат кардааст ва ҳеч фикри баде надоштааст. Ӯ афзудааст, ки дар Тоҷикистон низ ҷияни 8-сола дорад. Ба гуфтаи вай кӯдакони маҳалла барои тамошои навори дастгоҳҳои назоратӣ гоҳ-гоҳ ба утоқи посбон медаромадаанд ва аз ҷумла Надя низ 6-7 маротиба ба ҷойи кораш ворид шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |