Бахшҳо

ВКД муноқишаи маргбори Хоруғро шарҳ дод (ВИДЕО)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муноқишаи маргбор миёни ҷавонин шаҳри Хоруғро шарҳ дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 9 октябр соатҳои 12:30 миёни ҷавонони маҳаллаҳои “Беморхонаи марказӣ” ва “Носири Хусрав”-и шаҳри мазкур муноқиша ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа Орзу Боймамадови 30-сола бо истифода аз таппончаи тамғаи “Макаров” ҷониби Фирӯз Одинашоеви 33- сола тир холӣ мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад: “Дар натиҷаи ин муноқиша Одинашоев Фирӯз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Аз ин пеш, манобеи “Озодагон” гуфта буданд, Одинашоев умуман ба муноқиша рабт надошта, “аз тири “дайду”-и нафарҳои даргир ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 14 октябри соли ҷорӣ Орзу Боймамадов боздошт шуда, аз ӯ “далели шайъӣ таппончаи тамғаи “ПМ”, бе рақам, бо тирдон ва тирҳояш гирифта шуд”.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони Хоруғ мегӯянд, Орзу Боймамадов ихтиёран ба мақомот ҳозир шуда, иддао кардааст, дар қазия танҳо ӯ гунаҳкор нест. Бархе аз манобеъ мегӯянд, муноқиша дар заминаи пули пасандоз, ки соҳибаш натавонистааст, онро аз бонк бигирад, сар задааст.

Ахиран, Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо баргузории як ҷаласа бо ҳузури мақомоти қудратӣ муноқишаи маргбори Хоруғро баррасӣ намуда, омили аслии ин муноқишаро мавҷуд будани силоҳ дар дасти мардум, кам будани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон ва беҷазо мондани бархе аз гунаҳкорони муноқишаҳои қаблӣ дар Хоруғ арзёбӣ кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Зиёдулло Азизуллозода, сардори шуъбаи умури дохилии шаҳри Хоруғ ба раиси ВМКБ гузориш додааст, ки дар муноқишаи маргбори 9-уми октябр дар маҳаллаи “Болнисен” дар баробари ҳалокати Фирӯз Одинашоев чанд нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Ба гуфтаи Азизуллозода маҷруҳшудагон дар ин муноқиша дар беморхонаҳо бистарӣ нагардидаанд.

Шодихон Ҷамшед беҷазо мондани гунаҳкорони бархе аз ҷиноятҳои қаблиро яке аз сабабҳои сар задани ин муноқиша хонда, дастур додааст, ки гунаҳкори аслии қазия муайяну муҷозот шавад. Инчунин аз иштироки хонандаҳои синфҳои болоии макотиби миёна дар муноқиша изҳори нигаронӣ шуда, дастур дода шудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар карда шаванд.



Гузориши ТВ "Бадахшон" аз ҷаласаи ситоди назди раиси ВМКБ:

Мӯҳр
Дар эълоне, ки дар охир буд ба забони Руси, ки дар он ҷо ба ҷои "Село" кишлак навиштаанд. Кормандони озодагон агар ба ҳамон касоне, ки эълонро навиштаанд мерасондед, ки кишлакро истифода намекарданд хуб мебуд. Агар село нанавиштанд пас мо вожаҳои Деҳа ва Русто дорем. Қишлоқро қишлоқзодаҳо истифода кунанд.

Зулфикор
Шаҳоб,

Фаркаш чи будаст, ки "село"-и руси нависем ё "кишлак"- турки. Кишлак ба фикрам барои хама фахмотар ва то хозир хам дар забони точики "кишлок" истифода мебарем ва дуввум ин ки беш аз 80 дарсади ахолии Точикистон "кишлок"-нишинанд на шахрнишин, аз он чумла ту хам (агар хато накунам). "Русто"-ро агар истифода кунем шояд барои бештари ба фикри худат "кишлоки"-хо нофахмо бошад, зеро ки "русто"-ро бештар дар Эрон истифода мебаранд. Хирадманд аз пайи нукот нагардад!

Ба ин мардум чи шудаст ки худ ба худашон тинч гашта наметонанд? Хамсоя ба хамсоя, куча ба куча, махала ба махала бо якдигар чанг мекунанд! Дар як вилояти калон ва аз хама ахолии кам боз бо як дигар соз намегиред. Бо хамсояи худ ки тенч зиндаги карда натавонед бо дигарон чи хел дустона зиндаги мекунед.

Милица да Хоруг тамоман кор намекнад метарсанд аз мардум сокинони шахри Хоруг конунро тамоман риоя намекунанд бо шишахои сиех бе документ дар Хоруг мегарданд, раиси шахри Хоруг, нач. милица кчо нигох мекнед шумо охи то кай хами давом мекунанд...озодагон Илтимос чоп кунед

Сабаби сар задани ин ходисаро дар мачуд будани силох шарх додан, ин тамоман нодуруст мебошад. Сабаби сар задани ходисаро дар бемасъулиятии ва ба муфлисшави расонидани банкирхо шарх додан лозим. Чунин мунокишахо холо дар тамоми сарзамини Точикистон гузашта истодааст. Харруз кашокаши ва занозани аст. Мисол касе аз бозор ё магоза ба мухлати муайян бор меирад ва бо сабаби бонк шуда дар мухлаташ пулро дода наметавонад ва пас аз ин чангу чанчол сар мезанад. Холо Содиротбонк ва махсусан Агроинвестбонк мардумро ба холати мунокишахо овардааст. Рохбарияти Агроинвестбонк хато ваъдаи дар рузхои наздик ба эътидол овардани вазъиятро ба муштариёнаш намекунад. Чаро хукумат аз инхо пурсиш намекунад ё худ низ дар ин кор даст дорад? Аз пеш зимистон ва бовари дорам, ки чунин мунокишахо бо айби бонкхо зиёд мегарданд. Ярок набошад бо корд, бо калтак, бо охан, бо шохи, бо бел ва гайра анчом мегирад. Бинобарин омили чунин казияро мавчуди ярок шарх надихед балки омили ин казияхо бонкдорони баднафси мо мебошанд. Озодагон илтимос бе кайчи чоп кунед.

сангали
Дар Помир кор нест, ягон манбаи дигар ва имкони даромади пули нест. Нарху наво баланд. Бонкхо бо айби сарбонкхо ки дар чумхурианд, пул гирифта наметавонанд. Бекориву кашшоки. Масъалахои ичтимоиро бояд рохбарон хал кунанд, на банкирхо. Барои бонкхои вилоят ИМТИЁЗ ва ичозати гузаронидани хизматрасонихо дода шавад.
Наход дар сатхи Хукумат касеро ин масъала ба ташвиш наорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)