Бахшҳо

СММ ба Тоҷикистон: Мустақилият ва ҳуқуқи адвокатҳоро ҳифз намоед

Дафтари Созмони милали муттаҳид (СММ) оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ аз ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҷиддан изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин ниҳод бо пахши як изҳорот гуфтааст, ин ду адвокат дар мурофиаи амалан пӯшида бо иттиҳомоти қаллобӣ, сохтакорӣ, “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва экстремизм мувофиқан ба 23 ва 21 сол зиндонӣ гардиданд.

Дар идомаи изҳорот омадааст, ҷаноби Ёров, сарвари Коллегияи адвокатҳои “Сипар” моҳи сентябри соли 2015 баъди иқдомаш барои ташкили кумитаи ҳифзи аъзои ҳизби мамнуи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва расонаӣ кардани эҳтимоли шиканҷа шудани зерҳимояаш - муовини Раиси ҲНИТ дастгир шуда буд. Баъдтар, моҳи октябри соли 2015 ҷаноби Маҳкамов, ки ҳамчун ҳимоягари Ёров баромад менамуд, ҳамчунин дастгир гардида, минбаъд бо ҷурмҳои монанд маҳкум шуд. Илова бар ин, ҳарду аз машгул шудан ба фаъолияти адвокатӣ баъди адои ҷазо ба муҳлати 5 сол маҳрум шуданд: “Чунин ба назар мерасад, ки маҳкумияти онҳо бо фаъолияти қонунии касбии онҳо алоқаи зич дошта, интиқом барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аъзои ҲНИТ мебошад ва Идораи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз ин амиқан нигарон аст”.

Ришард Коменда, намояндаи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар ин изҳорот гуфтааст, “ин ҳукмҳо идомаи амалияи нигаронкунандаи айбдоркунии адвокатҳо буда, бо уҳдадориҳои давлат оиди эҳтиром ва таъмини мустақилияти адвокатҳо комилан мухолифанд”.

Гузоришгарон гуфтаанд, ин масъалаҳо ҳамчунин аз тарафи Давид Кайе, гузоришгари махсуси СММ оид ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии ақида ва баён баъди сафари расмиаш ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2016 таъкид шуда буданд: “Вай аз идомаи тарсондан, таҳқир ва таъқиби адвокатҳои раҳбарони ҲНИТ изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки онҳо бояд аз боздоштгоҳ озод шаванд ва дар сурати озод нашудан, мурофиаи судии онҳо бояд одилона сурат гирифта, кафолатҳои мурофиаи дахлдор таъмин гарданд, аз ҷумла, мурофиаҳо бояд кушода бошанд ва далелҳои зидди онҳо бояд зери назорати аҳли ҷомеа ва холисона баррасӣ гарданд”.

Дар идома мехонем, принсипи 16-и Принсипҳои асосӣ оиди мақоми адвокатҳо аз Ҳукуматҳо даъват мекунад, ки аз ҷониби адвокатҳо "бе тарсу ҳарос, бе монеа, таҳқир ё дахолати нораво иҷрои кардани ҳамаи вазифаҳои касбии худро” таъмин намоянд ва адвокатҳо “набояд барои амале, ки дар асоси масъулияти касбӣ, стандартҳо ва ахлоқи касбӣ иҷро кардаанд, азоб кашанд, ё мавриди таъқиби ҷиноӣ, ҷазои маъмурӣ, иқтисодӣ ё ҷазои дигар қарор гиранд”: “Ғайр аз ин, дар принсипи 18 омадааст, ки "адвокатҳо дар аснои иҷрои вазифаҳои худ набояд бо муштариёни худ ё манфиатҳои онҳо алоқаманд карда шаванд”.

Ришард Коменда гуфтааст, “мақомот бояд аз алоқаманд намудани адвокатҳо бо манфиатҳои муштариёни онҳо худдорӣ кунанд. Ин бояд принсипи асосии ҳар як низоми ҳуқуқӣ бошад. Маҳкум намудани ду ҳимоятгар як ҳушдори аниқ ва зараровар ба ҷомеаи ҳуқуқии Тоҷикистон буда, ба интихоби муштариён аз тарафи адвокатҳо ва стратегияҳои намояндагии онҳо таъсири манфӣ мерасонад ва ҳамин тавр, ҳуқуқи универсалии намояндагии ҳуқуқиро зери хатар мегузорад”.
Мӯҳр
Занакои лаби об: Хамин бачахако нав чошона ёптиян. Вале апсус ки СММ низ бозичаи дасти абаркудрато шудаанд. 92 000$ пора гирифтаро суд накунанд киро суд кунанд? Як журналисти бечора дар Кургонтепа барои 100сомони пора 7 сол суд карданд. Ин адвакатчахоро 92 сол бояд судмекарданд!

Банда 92000 $-ро ки дод? Ту доди? Аз Аллох битарс.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)