Бахшҳо
13 окт 2016 14:46Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Мулоқоти А.Ғоиб бо Фағонӣ дар пайи коҳиши тиҷорат миёни Душанбею Теҳрон

Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар мулоқот бо Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук зимни мулоқот Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳор доштааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишварро фароҳам меорад. Ҷониби Эрон низ ҳавасманидияшро барои густариши додугирифт бо Тоҷикистон таъкид намудааст.

Азми Теҳрону Душанбе дар ҳолест, ки додугирифти мол миёни Тоҷикистону Эрон тайи солҳои охир майли поинравӣ дорад. Бар асоси омори расмӣ соли 2014 гардиши тиҷорат байни кишварҳо 226,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод, ки ин нишондод соли 2015 18,9 фоиз коҳиш ёфта, ба 183,4 миллион доллар баробар шудааст: “Дар нуҳ моҳи соли 2016 гардиши мол ба 74,9 миллион доллари ИМА баробар шудааст, ки аз ин 19,1 млн. доллари ИМА ба содирот ва 55,1 млн. доллари ИМА ба воридот рост меояд”.

Коҳиши додугирифти мол миёни ду кишвар дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо аз манъи вуруди бархе аз колоҳои эронӣ ба Тоҷикистон хабар доданд. Фағонӣ моҳи июни соли равон дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ бо ишора ба мулоқоти худ бо Ибодулло Қурбониён, раиси “Тоҷикстандарт” гуфтааст: “Ҳадаф аз ин мулоқот баррасии чароии мавзӯи ҷамъоварии бархе колоҳои эронӣ аз сатҳи шаҳри Душанбе ва дигар нуқоти Тоҷикистон буд, ки тайи моҳҳои ахир иттифоқ уфтодааст”.

Фағонӣ гуфтааст мақомоти “Тоҷикстандарт” ин иқдомро ба қонунгузории Тоҷикистон муртабит донистаанд, ки 3 январи соли 2014 дар хусуси муқаррароти фаннии барчасбгузории маводи ғизоӣ тасвиб шудааст: “Дар моддаи 3-и ин санад омадааст, ки ба манзури ҳимоят аз ҳуқуқи масрафкунандагон бояд колоҳо барчасби тоҷикӣ дошта бошанд. Албатта, раиси созмони Тоҷикстандарт гуфт, ки хати русӣ ҳам қобили қабул аст”.

Сафири Эрон дар робита ба ин мавзӯъ афзуда буд: “Тоҷирони эронӣ аз вазъияте, ки барои онҳо пеш омадааст ба сафорат шикоят карданд. Ин мавзӯъро дар мулоқот бо раиси созмони истондорти Тоҷикистон матраҳ кардам то бибинам асли моҷаро чист? Вай бо ироаи тавзеҳот ва нишон додани омору арқом хотирнишон кард, ки ин ҷамъоварӣ маҳдуд ба колоҳои эронӣ набуда, балки дар мавриди колоҳои ҳама кишварҳое, ки нисбат ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон бетаваҷҷуҳӣ нишон додаанд, эъмол шудааст”.

Фағонӣ аз қавли омори “Тоҷикстандарт” гуфта буд аз бархе кишварҳо колоҳои ғайристандартӣ ба маротиб бештар вориди Тоҷикистон шудаанд. Сафири Эрон он замон таъкид карда буд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон низ дар ин мавзӯъ кутоҳӣ кардааст: “Зеро вақте колое аз гумрукот ва бо пардохти боҷ вориди Тоҷикистон мешавад, ин ба он маъност, ки аз нигоҳи системҳои назоратӣ вурудаш қонунӣ будааст”.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз ҷониби мутахассисони ду кишвар лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум барои амалӣ намудани Созишномаи дутарафа дар бораи ёрии байниҳамдигарии идорӣ оиди иҷрои дурусти қонунгузории гумрукӣ барои пешгирӣ, таҳқиқ ва мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукӣ» таҳия гардида, мавриди мувофиқа қарор дорад.


Мулоқоти А.Ғоиб бо Фағонӣ дар пайи коҳиши тиҷорат миёни Душанбею Теҳрон

Мулоқоти А.Ғоиб бо Фағонӣ дар пайи коҳиши тиҷорат миёни Душанбею Теҳрон
Мӯҳр
Албата камрангшавии дусти ва рафту омад байни ин ду кишвари хамзабон нигаронкунандааст... Амо Рухони хар руз ба аврупо меравад амо якбор тарафои мо тов намехра ки бпрса хамин мардуми точик чи хол доранд... Ба меган ки прабоема шидесай... Ахмаднажот шери нар бд хар хафта миёомад Точикистон сари я стол мешиштан мардак барин чак-как мекардан... Хамаи праблемара дар чош хал мекардан...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)