Бахшҳо

Баъди 23 соли зиндон: Ифтитоҳи парвандаи нав алайҳи Ёров

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси маҳкумшуда ба 23 соли зиндон, парвандаи нав кушодааст.

Дар ин бора Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр имрӯз, 17-уми октябр ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, “парванда аз рӯи ду моддаи нав боз шудааст, ки якеаш моддаи 356-и Кодекси ҷиноӣ мебошад. Моддаи дигарро ҳоло дақиқ намедонем. Ҳозир дар пайи дарёфти адвокат ҳастем”.

Ба иттилои манбаъ, парвандаи нав алайҳи Бузургмеҳр дар пайи баҳсаш бо айдоркунандаи давлатӣ, Рустам Тақдирзода, кушода шудааст. Бузургмеҳр зимни сухани ниҳоияш дар бораи Ҷамшед шеъри “Бародарам”-и Муъмин Қаноатро қироат кард ва айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, дар бораи парвандаи худат суҳбат кун. Дар ҳамин ҳол миёни Бузургмеҳр ва айбдоркунанда баҳс ба миён омад ва ин парванда низ дар пайи он баҳс кушода шудааст”.

Моддаи 356 марбут ба “таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ” буда, он ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ва ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо пешбинӣ кардааст.

Парвандаи нав дар ҳолест, ки Ёров бо ҳукми додгоҳ барои 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур шуда, амволи ӯ комилан мусодира мешавад. Ҳамчунин, баъди раҳоӣ 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.

Бузургмеҳр Ёров бар пояи бандҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” айбдор шуда, 6-уми октябр аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе ба муҳлати 23 сол равонаи зиндон гашта буд.

Қаблан Бузургмеҳр Ёров дар номааш аз боздошт изҳор дошт, ки додситонии кулли Тоҷикистон нисбаташ ғаразҳои шахсӣ дорад ва ба парвандааш бархӯрди мунсифона сурат намегирад. Ёров иддаояшро бо он асоснок кардааст, ки гӯиё ҳангоми ташкили адвокатураи мустақил наздикони Юсуф Раҳмон рақиби ӯ будаанд. Аммо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба суоли “Озодагон”, ки “ба иддаои Бузургмеҳр Ёров прокурори генералии Тоҷикистон нисбати ӯ ғарази шахсӣ дорад. Шарҳи шумо чист ва оё қаблан Ёровро мешинохтед?” чунин посух дод: “Я его не знаю и знать не хочу. Он не тот человек которого я должень знать. Шумо фаҳмидед?”.
Мӯҳр
мехмон
Ман хайрони ин адвокату судьяхо хастам. Бо умри инсон бози кардан ин худ гунох хаст. Бузургмехр охир барои чи адвокат шуди? О рафта дар Руссия пардозчи ё хиштчин мешуди нагз набуд? Худат адвокат шуда худатро химоя карда натавони чи суд аз ин.

Озодагон чаро шабона навиштахои маро чоп накардед? Магар дар шумо низ беадолати нест? Ман хакикатро навиштам ва то он вакте ки шумо хакикатгую хакпараст нашавед, чомеъа пеш намеравад ё магар ба шумо низ фишор меоваранд. Чаро мо дар тамоми дунё шармандаю одамони сифати паст гаштаем вакто ки гузашта фардони бузург доштем? Илтимос шабона навиштаи маро чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)