Суҳбати сафир: Аз сафари Порошенко ба Душанбе то тиҷорати Фирташ...(АКС)
Файзулло Холбобоев, сафири Тоҷикистон дар Украина мегӯяд, сафар накардани раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Киев ангезаи сиёсӣ надорад.
Холбобоев дар суҳбат бо “Деловая столица” сабаби сурат нагирифтани сафарҳои тарафайни сарони Украина ва Тоҷикистонро ба расмиёт рабт додааст. Ӯ шарҳ додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 2012 аз Украина дидан намуд ва акнун навбати раисиҷумҳури Украина аст, ки бояд ба Тоҷикистон биравад: “Зимни мулоқотам бо президент Петр Порошенко ӯ изҳори ният кард, ки соли оянда ба Душанбе сафар кунад. Мо сари ин мавзуъ кор карда истодаем ва умед дорам, ки сафари Порошенко ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт”.
Сафири Тоҷикистон инчунин аз он изҳори нороҳатӣ кардааст, ки масъулини Украина овораи наздикшавӣ ба Аврупо шуда, ба ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд: “Аммо мегӯянд, дӯсти куҳна беҳтар аз ду дӯсти нав аст”.
Ӯ афзудааст, дар пайи таъсири вазъи сиёсии Украина додугирифти мол бо Тоҷикистон тайи 5 соли охир 5 баробар кам шудааст: “Агар соли 2010 додугирифти мол ба 200 миллион доллар баробар буд, соли гузашта ин нишондод ба 40,2 миллион доллар расидааст”.
Холбобоев изҳор доштааст, ки бояд тамоми имконоти бахши хусусию давлатӣ барои густариши ҳамкориҳо равона гардад ва Комиссияи байниҳукуматӣ фаъол шавад.
Дар мавриди фаъолияти олигарҳои украинӣ дар Тоҷикистон Холбобоев гуфтааст, то ҷое медонам, Дмитрий Фирташ ба “Тоҷиказот”-у корхонаи “Гулистон” сармоягузорӣ кард: “Аммо баъдан маълум шуд, ки зимни хусусигардонии корхонаи “Гулистон” қонуншиканӣ сурат гирифтааст”.
Дар мавриди парвозҳо миёни Душанбею Киев Холбобоев посух додааст, ки айни ҳол ширкати украинии “МАУ” барои ҳалли ин масъала ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муроҷиат кардааст: “Дар нақша аст, ки парвозҳо ҳафтае ду маротиба миёни Душанбе-Киев ва Харков-Хуҷанд амалӣ шаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |