Бахшҳо
19 окт 2016 11:56Тоҷикистон / Сиёсат

Суоли Зуҳуров: Агар амниятиҳо ба хонаи афроди бегуноҳ зада дароянд?

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 19-уми октябр тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ”-ро қабул карданд, ки бар асоси он амниятиҳо ҳақ доранд, дар ҳолатҳои истисноӣ бидуни иҷозати соҳибхона ва додгоҳ вориди хонаҳои шаҳрвандон шаванд.

Саймуъмин Ятимов, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зарурати ин тағйиротро ба мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти аҳолӣ рабт дод. Ӯ афзуд, баъзан, ки дар хонаҳо террористону гаравгонгирҳо ҳузур доранду фурсати гирифтани иҷозат нест, кормандони мақомоти амниятӣ ҳақ доранд бидуни иҷоза вориди манзил шаванд ё бо истифодаи зӯрию силоҳ амалиёт баранд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон суол гузошт, ки дар ҳолате агар амниятиҳо бидуни иҷоза вориди хонаҳо шаванду он ҷо афроди бегуноҳ бошанд, ҷуброни зарарро кӣ пардохт хоҳад кард. Дар посух Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гуфт, дар ин ҳолат тибқи қонун ҷуброни зарарро давлат пардохт мекунад. Ӯ таъкид намуд, ки меъёри Констутсия дар мавриди дахлнопазирии манзили зисти шаҳрвандон побарҷост ва ин қонун танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла амалиёти террористӣ иҷозат медиҳад, ки кормандони мақомот вориди хонаи шаҳрвандон шаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон тағйироти мазкурро ба қонун дар бораи мақомоти амнияти миллии кишвар ҳанӯз охири моҳи август тасдиқ намуда, он бо имзои раисиҷумҳури Тоҷикистон ба баррасии парлумон пешниҳод шуда буд.
Мӯҳр
Рустам
Ин амал лозим аст. Амният барои амнияти мо кор мекунад. Бинед терроризм то кучо реша давонда истодааст. Ягон зарар расад бинед давлат чуброн мекардаст.

Мирзо
Ин хамаш гап аст, дар холатхои махсус. Вакте, ки конун кабул шуд, амниятихо ба хонаи хар яки мо беичозат даромадан мегиран. Чунки дар урфияим мо одат аст, ки ба чои салла калла.

Акнун хар руз зада медароянду мегуянд, ки ин холати истиснои буд. Дар холе ки бади зада даромадани Махмуд Худоибердиев ба Хучанд, фронти халки амалиёти "Очистка"- ро ба рох монда ба хонахои Хучандихо зада даромада шкафе ки дар он чойнакхо барои зинат гузошта буданд даруни онхоро кофтан гирифтанд. Бад сохиби хона мегуяд, ки командир ин Махмуд даруни чойнаки манба пинхон шудаст ми....

Абдулло Усмонзода
Озодагон! Илтимос каме забони тоҷикиро хуб аз худ кунед ва номи вазифа, идораи давлатӣ ва умуман калимаву ибораҳоро дуруст нависед. Таҳияи мақолаҳои шумо дар сатҳи бисёр паст аст.
1. С. Ятимов сардори КДАМ нест, Раиси КДАМ аст.
2. дар ҳолати навиштани Қонуни ҶТ "Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ" калимаи "қонун" бо ҳарфи калон навишта мешавад.
3. Калимаи "амниятиҳо" як эҳсоси бадбинӣ нисбат ба мақомоти амнияти миллиро нишон медиҳад. Умуман калимаи амниятиҳо вуҷуд надорад. Кормандони мақомоти амнияти миллӣ ё хизматчиёни КДАМ навиштан мумкин аст.

Дигар камбудиҳоро наменависам. Умуман таҳия карданро ёд гиред.

Адолат
Дар қонун ҳамчунин илова бояд кард, ки раис ё вазир манфиати миллиро аз хама чиз боло ва муқаддас ҳисобида минтақаҳои ҶТ бо як чашм нигоҳ кунад на ин ки дар хизмати як гуруҳ ё қавме, инчунин ҳатман бояд тоҷик бошад.

Бародарон ин муалимхои забони точики бе кор мондаанд, ки ба хар макола мисли диктан тафтиш мекардаги барин хатоги мекобанд. Ман дар сайтхои русси низ иштирок мекунам. Онхо ба харфи калону майда дикат намедиханд ва чунин комментарияхои пурмаъни менависанд, дар мо на гап маъно дораду боз факат камбуди навиштачотхоро кофтан. Озодагон худатон гунахгоред. Вактоки комментарияхои бо маъни менависанд чоп намекунед ва хар гапи туфтаро чоп мекунед. Ин мардуми мо ягон саводи сухангуи надоранд.....

салим
то ҳозира худи аблавакунон бе иҷоза дар шаб хонаҳои мардум медароянд, акнун ин қонун корҳои оноҳоро ҳам тавҷиҳ мекунад. мардумро ҳама барда ва каниз карданд.

Руслан
Ин қонун барои нигоҳдоштани амнияти давлат аст барои фоидаи кормандони КДАМ нест. То ин вакта дар хонаи ягон кас беасос надаромадаанд Танҳо дар хонаи ҷинояткорон ва террористон даромадаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)