Эъдоми шоҳзодаи Саудӣ барои парондани як шаҳрванд (АКС)
Туркӣ бин Сауд ал Кабир, шоҳзодаи Арабистон Саудӣ барои қатли шаҳрванд Одил бин Сулаймон бин Абдулкарим эъдом шудааст.
Нашрияи “Ал-Шарқ-ал-Асват” дирӯз, 18 октябр бо такя ба Вазорати умури дохилии Арабистон ин хабарро таъйид кардааст. Ин шоҳзода 3 сол пеш аз сӯи додгоҳи Арабистон гунаҳкор донист шудааст. Дар баёнияи Вазорати дохилии Арабистон омадааст: “Мақомот ба дастгир кардани муҷрим муваффақ шуданд. Пас аз таҳқиқот ӯро ба даст доштан дар ҷурм мутаҳҳам карданд ва эъломи ҷурм алайҳи ӯ ба додгоҳи умумӣ ирсол шуд. Сипас ҷурми вай собит ва маҳкум ба марг шуд”.
Бар асоси ин эълом ҳукми шоҳзодаи Саудӣ пас аз таъйиди додгоҳи таҷдиди назар ва девони олии кишвар иҷро шудааст. Расонаҳо эъдоми ин шоҳзодаи муттаалиқ ба хонаводаи Оли Саудро як иттифоқи нодир ном бурдаанд.
Аз рост: Туркӣ бин Сауд Ал Кабир ва Одил бин Сулаймон бин Абдулкарим, як шаҳрванди Арабистон, ки Туркӣ ӯро ба қатл расонидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |