Бахшҳо

Убайдуллоев: Фаҳмонед, ки гармӣ буҷаи оиларо сарфа мекунад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи шаҳрдорӣ омодагӣ ба зимистонро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев масъулинро вазифадор кардааст, то бо ҷалби имконоти молиявии сокинон биноҳои бисёрошёнаро барои қабули гармӣ омода кунанд. Раиси Душанбе масъулинро муваззаф намудааст, то ба мардум фаҳмонанд, ки пайвастшавӣ ба низоми мутамаркази гармидиҳӣ ба буҷаи оила фоида меорад: “Гармии мутамарказ маблағи оилаҳоро сарфа мекунад ва он бояд тариқи телевизион ва варақаҳо дар байни аҳолӣ таблиғ шавад”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ҳукумат тасмим гирифтааст, аз 1-уми ноябр нархи гармиро барои муштариён ҳудуди 16 дарсад боло барад. Тибқи нархномаи нав ҳар Гкал гармӣ барои ниҳодҳои буҷавӣ 51 сомонӣ, барои харидорони яклухт, ки аҳолиро бо гармӣ таъмин мекунанд-6,64 сомонӣ ва барои харидорони дигар 196,3 сомонӣ муқаррар карда гардидааст. Аммо то ҳол дақиқ эълон нашудааст, ки аҳолӣ барои гармӣ чӣ қадар маблағ пардохт хоҳад кард.

Дар баробари ин раиси Душанбе хостори истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ шуда, бо ин мақсад дастур додааст, аз 1 ноябри соли 2016 фаъолияти фаввораҳо дар ҳудуди шаҳр қатъ карда шавад.
Мӯҳр
Парво накунен бародарон холо гармиро хохи нахохи пайваст мекунед ва пас мебинед, ки чи хел бучаи оиларо сарфа мекунед. Ин чо Точикисто аст на Руссия. Ва нархоро давлат ягон вакт ба фоидаи халк рохандози намекунад. Чи коре кунанд хам касе гап намезанад. Ягон вакт таклифи хубам мешавад ва бандхоро аз хонахоятон мебиёред.

АШАН
"муқаррар карда гардидааст" - аз матни макола.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)