Бахшҳо
21 окт 2016 15:15Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ / Акс

Намози ҷанозаи Сафаров бо иштироки Р.Эмомалӣ ва вазири турк (АКС)

Дар намози ҷанозаи Сафар Сафаров, собиқ муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон намояндагони воломақоми ҳукумати Тоҷикистон ва Туркия иштирок доштанд.

Намози ҷанозаи Сафар Сафаров дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо иштироки Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасод, Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, Мевлют Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи “Истиқлол”, Абдуҷаббор Раҳмон, ёрдамчии Президент оид ба робита бо ҷомеа, Шерхон Салимзода, раиси Агентии назорати маводи мухаддир, Ғайбулло Афзал, собиқ раиси вилояти Хатлон, Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Убайдулло Раҷаб, ҳунарманди маъруф, Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва дигарон баргузор гардид.

Сафаров, собиқ раҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳур, сафири Тоҷикистон дар Русия, ноиби раиси Маҷлиси намояндагон ва ноиби аввали раиси ҲХДТ имрӯз дар қабристони Сари Осиё ба хок супорида шуд.

Ӯ соати 01:00-и шаби гузашта дар синни 69 реҳлат кардааст. Ба гуфтаи наздикон, Сафаров чанд вақти ахир аз бемории қанд ранҷ мебурд.

Сафаров аз соли 2010 муовини якуми раиси ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон буд ва моҳи декабри соли 2014 дар Анҷумани 12-уми ҳизб аз ин симмат барканор шуд.

Сафар Сафаров 22 майи соли 1947 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва соли 1983 мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Дар замоин Шӯравӣ бештар дар ниҳодҳои комсомоливу ҳизби коммунист кор карда, то мақоми котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло -Темурмалик) расида буд. Солҳои 1990-2000 вакили парлумон. Солҳои 2000-2001 раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2001 сафири Тоҷикистон дар Русия ва соли 2007 намояндаи мухтори Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шудааст. Аз соли 2007 то феврали соли 2010 муовини авали раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон буд. Дорандаи ордени "Шараф" ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон.


Намози ҷанозаи Сафаров бо иштироки Р.Эмомалӣ ва вазири турк (АКС)

Намози ҷанозаи Сафаров бо иштироки Р.Эмомалӣ ва вазири турк (АКС)

Намози ҷанозаи Сафаров бо иштироки Р.Эмомалӣ ва вазири турк (АКС)



Акси аввал аз "Азия плюс"
Мӯҳр
Фотима
Худованд чояшонро чаннату хонаи охираташонро обод гардонад. Ба кулли дустонашон ва ахли пайвандонашон сабри чамил мехохем.((((((((

Қадрдон
Барои даргузашти фарзанди барӯмандаш ба бобои Ғаюр Сафаров ва аҳли хонадонаш ҳамдарди изҳор менамоям.

...Сад дод, зи дасти фалаки ҷомакабуд,
Дӯстони маро ягон, ягон омаду бурд...

Худо рахмат кунад мархумро.
Дар Точикистони калон як мошини мурдакашон (Катафалк) нест ми? Ин айб аст ки то хол дар болои мошинои асри гузашта ки ба он одамонро кашонидан мумкин нест як чанозаро мебаранд. Як шахсятро ки барои милат хизматхои зиёд кардааст дар охирин гуселкуни бо иштироки мехмонхои хоричи чунин гуселкуни айб аст!!!
Ба сохибкорохо Садхо мошинхои лимузин барои туйховуклипхо меоред амо 1 мошини мурдакашон (Катафалк) оварда наметонед?
Озодии мухтарам хамин мавзуи догро пайгири кунед як хабар нависед. Фикри сохибкорони Лимузиничрадиханда-ро хатман пурсед.

Корбар
Дуо куни инхоро бин...!? Дастхояшонро вардошта аммо х,ушашон дар кучост номаълум....Бояд дуо бо Ихлос бошад.

Қадрдон,
Ин фалаки чома Кабуд гуфта Кира дар Назар Дори? Риштаи умр дар дасти Аллох аст.

Қадрдон
Ба "Шефмулло"
"Ҷомакабуд" - гуфта, худата дар назар дорам. Ба гуфти хуҷандиҳо э, Шеф нашуда, муред!..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)