Бахшҳо

Пеш мекунем-таҳдиди раисони бозорҳо ба савдогарон баъди дастури Убайдуллоев (АКС)

Раёсати бозорҳои шаҳри Душанбе дар пайи дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев барои риояи либоси ягона ҳушдор додаанд, тоҷироне, ки ин меъёрро риоя намекунанд, аз бозорҳо ронда хоҳанд шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ҳафтаи равон дар ҷаласаи шаҳрдорӣ дастур дод, ки дар бозорҳо, сарфи назар аз моликияташон либоси ягона барои савдогарон таъмин гардад: “Таъмини либос ва фаъолияти фурӯшандаҳо зери назорати қатъии комиссияҳои депутатии Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр ва ноҳияҳои он, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дода шавад”.

Дар пайи ин дастур раисони бозорҳо тариқи баландгӯякҳо ва паҳни варақаҳо миёни савдогарон ҳушдор додаанд, ки саркашҳоро ҷарима ва аз бозор пеш хоҳанд кард.


Пеш мекунем-таҳдиди раисони бозорҳо ба савдогарон баъди дастури Убайдуллоев (АКС)
Мӯҳр
Каромат
ҳадаф аз ин кор пеш кардани занони руймолдор ва мардони ришдор аз бозор аст ҳеч сабабу дигар нест ҳамааш баҳона аст

шахрванд
О пеш аз либос ивазкуни холати санитарии бозорхоро ба танзим дароред мухтарам сардорони бозор.

Карим
Бисер хуб, фурушандара аз харидор бояд фарк кард..БРАВООО

Факат дар фикри чарима, чи илоч кунем халка чарима кунем тамом .дар бозорхои дехкони марди дехкон барои ду се халта карточка е як лаганд ангуре , ки аз борону чола эмин ефтаанд , бояд аз макомоти бозор либоси махсус харад е махсулота оварда бо пули пуччак ба гургони бозор дихад чаноби раис?

Либоси ягонаи милли гуед.(Кепка, футболка бо мини юбка).

ахсан ба раиси шахр. ин шахси окилу дурандеш аст. дар хамаи давлатхои дунё фурушандахою пешхизматон либоси ягонаи фарккунанда доранд. дар душанбе бошад фурушандаро аз харидор фарк намекуни. умедворам баъди ин фармон дар бозору магозахо тартибот чори мешавад

Хамин нархномааш чизи хуб, нархнома набоша САВДОГАР чизе мехоха мегуя......инсоф кариб ки нест....

Зиндаву саломат боши мухтара Раиси шахри Душанбе Убайдуллоев ба хамин Карори баровардагиатон. Ман сад дар сад тарафдори карори Шумо хастам Раис. Вакте ки дар бозор медарои фурушандаро аз харидор фарк намекуни, агар формаи ягона шавад бехад хуб мешавад. Хоричихохам омад мегуяд, ки ин бозор хас. Касе дар бораи ин Карор гапи зиёде мезанд хатман хато мекунад. Агар одамхои мефахмидаги бошем биёед дасгири намоем. Раиси шахр бехтарин одам хаст бехтарин мемонад. 50 соли дигар дасгири мардуми шахри Душанбе бимони Раиси мухтарам.

Як конуни дигар хам бароред, кудакони селофанфурушу резинфурушро хам аз бозор бароред, бозори Шохмансур пур аз кудакони зирафурушу мурчфурушанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)