Бахшҳо

Раҷабиён аз қасди ҳамкории Душанбе бо Анқара дар заминаи уран хабар дод

Сафири Тоҷикистон дар Туркия мегӯяд, Тоҷикистон қасд дорад, барои истихроҷи зағолсанг ва уран бо Туркия ҳамкорӣ кунад.

Ин нуктаро сафири Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён дар суҳбат бо хабаргузории расмии “Анадолу” таъкид карда, гуфтааст, ки Душанбе хоҳони густариши равобит, аз ҷумла дар заминаи истихроҷи зағолсанг ва уран бо Анақра аст: “Мо дар сатҳи дуҷониба тавофуқномаҳое дар заминаи энергетика ба имзо расондаем, ки ҳадафи он тавлиди неруи барқи обӣ аст. Дар заминаи истихроҷи зағолсанг ва уран низ қасди ҳамкорӣ бо Туркияро дорем, аммо ин амр ба омодагии Туркия дар ин хусус вобаста мебошад”.

Сафири тоҷик дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки равобити Тоҷикистон бо Туркия дар сатҳи боло қарор дошта, ҳамакнун бо сафари Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия ба Душанбе ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид мешавад: "Интизор меравад сатҳи равобит миёни ду кишвар густариш ёбад. Иродаи мақомоти ҳар ду кишвар аст, ки муносибати дуҷониба беш аз пеш густариш ёбад. Сафари ҷаноби Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби ризоият ва хурсандии давлат ва милллати тоҷик аст”.

Маҳмадалӣ Раҷабиён дар мавриди интизориҳояш аз сафари Човушуғлу ба Тоҷикистон гуфт: “Мо медонем, ки дар ҷараёни сафари вазири Туркия тамоми масоили марбут ба рушд ва густариши равобити дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Интизори мо беш аз ҳама он аст, ки дар ҷараёни сафари соли 2012-и раисҷумҳури Тоҷикистон ба Туркия, ҳарду ҷониб ибрози алоқа карданд, то як Шӯрои ҳамкорӣ дар сатҳи олӣ миёни ду кишвар таъсис диҳанд. Интизор дорем, ки ин шӯро таъсис ва фаъолияти худро оғоз кунад. Ҳадафи ин шӯро барраси масоили дуҷониба ва назорати ҷиддӣ бар густариши муносибатҳо бошад".

Сафир инчунин аз равобити тиҷоратӣ байни ду кишвар истиқбол карда, Туркияро аз ҷумлаи кишварҳое ҳисоб кард, ки дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҷои чаҳорумро ишғол мекунад.

Ин суҳбати сафири тоҷик бо расонаи туркӣ дар пайи сафари Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушуғлу ба Душанбе сурат гирифтааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)