Даргузашти падари Муҳиддин Кабирӣ дар 95-солагӣ
Тилло Кабиров, падари Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шоми рӯзи шанбе дар 95-солагӣ даргузашт.
Ӯро 23 октябр дар зодгоҳаш рустои Қасамдараи ноҳияи Файзобод дафн кардаанд.
Номи Тилло Кабиров баъди як навори видеоӣ дар аввкалҳои моҳи декабри соли 2015 расонаӣ шуд. Дар ин навор ӯ аз Муҳиддин Кабирӣ даъват мекард, барои ободии Ватан талош намояд. Ӯ мегуфт: “Чаро аз Ватан беватан шудӣ? Охир ту ҳам роҳбар будӣ, ҳар кас хато мекунад, аз ҳаққи якдигар гузаред. Агар тавонӣ биё, дар ҳамин ҷо зиндагонӣ кун, агар натавонӣ кори худатро кун”.
Тилло Кабиров дар идома таъкид мекард, писараш назди хориҷиҳо шикоят накунад, зеро ба гуфтаи вай онҳо ба касе боварӣ надоранд: “Эй ҷураи Муҳиддин, барои ободии Ватан меҳнат кун, чи қадаре фоидаат мерасад хуб, агар не, дар ҳаққи Ватани мо ягон гапи зиёдатӣ нагӯ. Мо хубу ганда 90 сол аст, ки дар ин деҳа зиндагӣ мекунем, ягон зарару гапи зиёдатӣ аз мо нарасидааст. Ту низ чунин будӣ, чаро боз гапҳои зиёдатӣ гап мезанӣ. Барои ободии Ватан бикуш. Худо ба роҳбарон тавфиқу инсоф диҳад, ҳамин мамлакати моро орому тинҷ нигоҳ бидорад, ки ором бигардем, то мурданамон”.
Падари Кабирӣ дар идома мегуфт, “гапи зиёдатӣ назан, агар зада бошӣ ҳам, бахшиш бипурс. Мо дар ҳаққи шумо, ҷавонон ва дар ҳаққи роҳбари кишвар дуо мекунем. Парвардигоро ҳамин давлати моро тинҷу ором нигоҳ дорад. Ягон майда дар ҳаққи хиёнат гап назан, натавонӣ дам зан, ба гуфти халқ”.
Моҳи январи соли равон бошад, наздикони Кабиров гуфтанд, ба ӯ иҷоза надодаанд, ба хориҷи кишвар биравад.
Мақомот Муҳиддин Кабириро яке аз саркардаҳои ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири мудофиа медонанд, ки дар пайи амалиёти вижаи неруҳои ҳукуматӣ дар Ромит кушта шуд. Ин ошӯб моҳи сентябри соли 2014 ба вуқӯъ пайваст ба ба дунболи он Додгоҳи олӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ эълон карда, фаъолияташро мамнӯъ кард. Бо дархости мақомоти Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |