Бахшҳо
24 окт 2016 12:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

25 октябр: Суд ба баҳси Шаҳбол бо Кумитаи амният нуқта мегузорад

Додгоҳи низомии горнизони шаҳри Душанбе 25-уми октябр ба баҳси Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик бо қушунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нуқта мегузорад.

Тибқи иттилои Эътилофи зидди шиканҷа мурофиаи ниҳоии Шаҳбол Мирзоев, соати 10–и 25-уми октябр дар бинои додгоҳи низомии Душанбе дар назар аст: “Дар назар аст, ки дар пайи шунидани сухани ниҳоии ҷонибҳо додгоҳ қарорашро эълон кунад”.

Дар мурофиаи қаблӣ мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳор доштаанд, ки ҷуброни зарари моддию маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев бояд гунаҳкор дар латукӯб, куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов пардохт кунад.

Аммо ҷониби Шаҳбол ин даъвои мақомоти марзбониро мухолифи қонунгузории гражданӣ –мурофиавӣ хонд. Вакили дифои Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон зарари расонда бояд аз ҳисоби маблағҳое ҷуброн шавад, ки дар ихтиёри мақомоти марзбонӣ қарор доранд.

Кашмакаши дубораи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбудаи тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон дар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дар ҳолест, ки қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ ба Шаҳбол Мирзоев бекор гардид.

Тобистони соли гузашта Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори Додгоҳи ҳарбӣ дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ зарари моддӣ ва 20000 сомонӣ зарари маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев бекор кард. Аз ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки қарор дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар бекор шуд.

Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифт. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон кард,“гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст".
Мӯҳр
BMW
Мухтарам Ёрадамчии Президент оид ба хукук- о зарари расонида ба Шахбол Мирзоевро ки пардохт мекунад? Кушунхои Сархади ба КДАМТ итоат мекунанд, пас чаро давлат ба Шахбол Мирзоев кумак намекунад? Аз кори шудаги дили чавонон нисбат ба хизмат хунук мешавад. БАД ДА БЕРН МЕГАН КИ ХИЗМАТ МЕРАЙ МЕЗАНАН ГАРДАНТА МЕШКАНАН БО БАРОИ ТАБОБАТ ХДТ ДАВОДАВ МЕКНИ НА ЗАДАГИ. Генерал бояд генерал бошад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)