Бахшҳо
25 окт 2016 08:39Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Шикояти омӯзгорони Кӯлоб: 2 моҳ аст маош нагирифтаем

Як гуруҳ аз омӯзгорони мактаби №36-и ҷамоати Зираки ноҳияи Кӯлоб мегӯянд, ду моҳ аст, ҳақмузди худро нагирифтаанд.

Дилрабо Гадоева, яке аз ин омӯзгорон ба “Озодагон” гуфт, моҳи дуюм аст, ки маоши худро дарёфт накардааст ва масъулин далели онро ҳам нагуфтаанд. Ӯ мегӯяд, мудири мактаб ва муҳосиби он ҳамеша ваъдаи имрӯзу фардо мекунанд, аммо аз маош дараке нест. Хонум Гадоева афзуд, аз сабаби зиёд шудани қарзаш аз мағозаҳои деҳа дигар иҷоза надорад маҳсулотро насия бигирад: “Дирӯз дар мағозае, ки ҳамеша қарз мегирифтам, савдогар равғанро аз дастам кашида гирифт. Гуфт, ки қарзат бисёр шудааст, дигар қарз намедиҳам. Хеле нороҳат шудам”.

Як омӯзгори дигари ин мактаб бидуни ифшои номаш таъкид намуд, бештари муаллимон танҳо бо маош рӯз мебаранд ва нагирифтани музди меҳнат зиндагии онҳоро мушкил кардааст: “Оилаи баъзеаш калон аст ва танҳо ҳамин муаллим онҳоро таъмин мекунад. Акнун тасаввур кунед, ки ду моҳ аст, маош нест”.

Сайфулло Лақаев, муаллими дигар мегӯяд, “ҳамсари ман духтур шуда кор мекунад ва ҳоло бо маоши ӯ зиндагиро пеш мебарем”.

Рустам Иззатов, мудири мактаби №36 дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ кард, ки ду моҳи ахир муаллимон маоши худро нагирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои наздик ин мушкил бартараф хоҳад шуд: “Ин мушкил танҳо дар мактаби мо нест. Дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб омӯзгорони 15 мактаб ҳанӯз маоши худро нагирифтаанд”.

Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин мушкил бо айби муҳосибони мактабҳо ба миён омадааст. Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, “муҳосибони мактаб дар муҳлати муқараршуда варақаҳои худро пешниҳод намекунанд ва ин боиси дер гузаштани пул ба ҳисоби мактабҳо мешавад. Мо аз рӯи феҳраст ба мактабҳо маблағ мегузаронем”.
Мӯҳр
Пах,Маоша чи кор мекунен ;чаноби оли, хаст ку!!!

ВИРКАН
Ё тоба, о уун рузако раксу бозиву чашну сурур ва шукргузорихои бехамто аз комёбихои беназир, аз хаёти фаровону пур аз неъмату хушбахти доштед, бо чилваи парчаму бо чилои нишонхо тую сур кардед, акнун боз чи шуд, ки аз маоши думоха шикоят мекунед. О аввали хамин мох хамаатон раксу бози доштеду??? Ё тавба намедони ба чиву ба ки бовар куни-еее?

Беном
Ба ВИРКАН ва Omar mohammed ali. Ба фикр хамун маракара тамошо карда аз бахилира кафидестен!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! даркор шава бо пагох ташкил мекнем зик нашавед.......................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)