Бахшҳо
27 окт 2016 10:25Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ВКД: Шахсияти мухлиси фавтидаи “Баха-84” маълум шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шахсияти ҷавонеро, ки ҷасадаш 5 сентябр аз ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайдо шуд, муайян кардааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД имрӯз, 27 октябр ба “Озодагон” гуфт, "муайян гардид, ки он нафар Иноятов Ислом Эркинович, соли таваллудаш 1998 ва сокини шаҳри Душанбе буда, дар ягон ҷо кор намекардааст”.

Ба гуфтаи ӯ, бародари марҳум аз сомонаҳои хабарӣ акси Исломро дида, ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл хабар дода шуд, бо гузашти 1,5 моҳ наздикони ин ҷавон пайдо нашудаанд. Оқои Эмомалӣ 25 октябр иттилоъ дод, ки “кормандони мақомоти умури дохилӣ якҷо бо руҳониёни масҷиди ҷомеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷанозаи ӯро хонда, ҷасадашро тибқи русуми мусалмонӣ ба хок супориданд”.

Ҷасади ин ҷавон 5-уми сентябр аз ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз пушти мактаби №29 пайдо шуда буд. Умарҷони Эмомалӣ гуфт, мақомот маълум кардаанд, ки марҳум мухлиси овозхон “Баха-84” будааст ва чанд рӯз қабл аз марг бо ин сароянда акс гирифтааст: “Якчанд рӯз пеш аз дарёфти ҷасади мазкур барномаи консертии ҳунарманди шинохта Баха-84 дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, ӯ бо ҳамроҳии Баха-84 расм гирифтааст. Дар ҷасад нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт нашудаанд”.

“Баха 84” зимни бозпурсӣ гуфтааст, номи ин мухлисашро намедонад. Ӯ изҳор доштааст, ки мухлисони зиёд дорад ва шахсияти ҳамаи онҳоеро, ки бо ӯ акс гирифтаанд, намедонад.
Мӯҳр
Мухочир
Хамин хабарро дар телевизонхо дихед фикр мекунам, ки наздикони махрум ёфт мешаванд чунки бисёрихо дастраси ба сомонахои хабари надоранд. Ки медонад волидайни ин махрум дар чи вазъ карор доранд. Фикр мекунам ягона рох телевизион аст.

Домулло Зиё
Наход-а??? Ман дар хайратам...

дар расм дар тарафи рости баха боз як нафари дигар ҳаст шахсияти онро низ аниқ карда бошанд?

man fikr mekunam, ki nazdikonash as margi u khabar dorand vale khudro oshkor nakardand

хонанда
масҷиди ҷомеаи не, ҷомеи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)