Бахшҳо

“ТАЛКО” аз Вазорати молия ба ҳукумат шикоят мебарад

Корхонаи алюминийи тоҷик, “ТАЛКО” гузориши Вазорати молияи Тоҷикистонро дар мавриди фаъолияташ ғайривоқеӣ ва ғайрикасбӣ хонд.

Игор Сатторов, сухангӯи ТАЛКО, имрӯз, 27-уми октябр зимни қироати изҳороти расмӣ гуфт, ба Вазорати молия посухи муфассалро таҳия доранд ва аз ҳукумат баҳогузории воқеии фаъолияти ТАЛКО-ро хоҳиш хоҳанд кард. Ӯ афзуд, инчунин бо пешниҳоди ҳисоботи муфассал ба ҳукумат хоҳиш хоҳанд кард, ки гузориши ғайривоқеии Вазорати молия баррасӣ шавад. ТАЛКО инчунин иддаои Вазорати молияро дар бораи пинҳон кардани миллиардҳо сомонӣ беасос хонда, аз Вазорати молия далели ин изҳоротро талаб дорад.

Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, фаъолияти толлингии ТАЛКО ин корхонаро зараровар кардааст ва айни ҳол ТАЛКО аз тавлиди ҳар тонна алюминий 100 доллар зарар мебинад. Тибқи гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ТАЛКО дар солҳои 2010-2015 ва аввали соли 2016, ки ахиран расонаӣ шуд, усули толлингӣ ТАЛКО-ро дар вазъи ногувор қарор додааст: “Усули толлингӣ боиси ношаффофӣ дар ҳисоботу созишномаҳо, камсамарии харҷи маблағҳо, афзоиши хароҷоти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ва афзоиши қарздории корхона шудааст”.

Фаъолияти толлингӣ коркарди ашёи хоми ширкати дигарро назар дорад ва ТАЛКО ҳаққи худро барои коркарди алюминий мегирад. Бар асоси ҳисоботи Вазорати молия “Talco Management Limited”, ки соли 2007 барои ТАЛКО таъминкунандаи ашёи хом интихоб шудааст, аз ҳар тонна алюминий 500 доллари амрикоӣ мегирад. Дар ҳоле ки ТАЛКО аз коркарди ҳар тонна алюминий 100 доллар зарар мебинад.

Тибқи ин гузориш инчунин ТАЛКО 3,8 миллиард сомониро, ки тайи солҳои 2010-2015 аз тиҷорати байналмилалӣ ба даст овардааст, дар ҳисоботаш нишон надодааст: “Дар баробари ин истеҳсоли алюминийи аввалия аз 348,8 ҳазори соли 2010 дар соли 2015 то ба 139,1 ҳазор тонна поин фуромад. Қарзи корхона ба ҳолати аввали соли равон 2 миллиарду 257,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондоди соли 2010 859,1 миллион сомонӣ бештар мебошад”.

Вазорати молия инчунин афзудааст, ки теъдоди коргарони ТАЛКО низ кам шуда, аз 10 ҳазору 166 нафари соли 2010 то ба 7 ҳазору 623 нафар дар соли 2015 расидаанд.

Масъулини ТАЛКО дар шарҳи ин гузориши Вазорати молия гуфтанд, низоми толлингӣ корхонаро аз басташавӣ наҷот дод. Онҳо афзуданд, ки изҳороти Вазорати молия хилофи супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки ахиран ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ дастур дод барои дастгирии ТАЛКО чораандешӣ кунанд.
Мӯҳр
Изҳороти Вазорати Молия хилфи супориши Президент нест, баръакс, агар ТАЛКО бе усули толлинг кор мекард, ҳоло дар ин вазъият намеафтод.

Хайронм
Вапше хами усули толинга кадоме пешниход кардаги боша хамура ба чавобгари бкашен.

Набошад. аз ин хулосаи вазорати молия бармеояд, ки аз давраи Эрматов хам дар ин ширкат чизе тагйир наёфтааст.

Усули толлингӣ чи маъно дорад?

инжинер металург
Сухроб,сад дарсад гуфтахои сухроб дуруст аст.дар талко менеджмент нест ,хануз хам бо усули кухна ва ношафоф корбари мекунанд. то ин хел кор кардана нагзаш кор накунад бехтар аст.кучое ки ношафофи аст ончо фасод ривоч меебад ва ин фасод ба масъулини талко хело муносиб аст ки ба ислохот таваччух намекунанд. илтимос ин мероси шуравиро нобуд насозед!!!

Rambo
инжинер металург,
Усули толлинги - я'не усули точикии идоракунии корхона. То последни арматура дуздидан.

Фюрер
RamboНекем рост тахлил карди. Усули толлинги дар хакикат хамин меънеро дорад ман тарафдор ))))

б
Ба суди иктисоди битен аз буча чуброн гирен аз бухрон меброен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)