Бахшҳо

Баъди қонуни Пешво: Қонун дар бораи Президент ҳам нав шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26-уми октябр дар пайи қабули қонун дар бораи Пешвои Миллат, қонуни нав дар бораи Президенти Тоҷикистонро низ ба тасвиб расонданд.

Қонуни нави марбут ба Президент, ки Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Тоҷикистон” ном дорад, аз 14 моддаю муқаддима иборат мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, қонун дар бораи Президент ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта қабул шуда буд ва дар шакли нав ба он баъзе тағйирот ворид шудааст.

Ӯ ҷузъиёти тағйироти нав ба қонун дар бораи Президентро шарҳ надод, аммо бо ишора ба фарқи қонуни мазкур аз қонун дар бораи Пешво гуфт, “ба маълумоти шумо мерасонам, ки ин қонун дар бораи шахсият нест, дар бораи мақом, дар бораи мансаби президентӣ аст, ки ҳанӯз солҳои 90-ум қабул шуду дар таҳрири нав ба он баъзе иловаҳо ворид гардид”.

“Озодагон” бо дастрас шудани иттилоъ дар мавриди тағйироти нав ба қонун дар бораи Президент онро дар зудтарин фурсат пешниҳоди хонандаҳо хоҳад кард.
Мӯҳр
Ошкоргӯ
Офарин Зуҳуров!
Худатон тасдиқ кардед, ки қонуни Пешвои миллат барои шахсиятпарастӣ ҳаст!

Ошкоргӯ,
Пешво як шахсият мешавад! Боз ки мешуд нодоН? Президент хам як шахс аст! Раиси парлумон хам як шахс аст! Зухуруф хам як шахс аст бад чи? Хамаи конунхо дар бораи амин одамон аст! Аз он чумла дар бораи ту!

Э, монед ин конунотона як су. Масъалаи пули мардума дар бонкхо бинед. Ин сабри мардум хам андлза дорад. То кай дар таги дари боз Агробанк мардум хоб меравад. Ин дафъа хам карзхоша "списать" кунеду монед. Бо такдири инсонхо ин хел бози накунед. Дар пеш зимистон аст. ИНсоф хай ми?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)