Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод,
Ж.Р., рӯзи гузашта дар роҳи Бодкент-Исфана дастгир шуда, ҳангоми ҷустуҷӯ аз дохили баллони гази ӯ 21 киллову 805 грамм ҳашиш ёфт шудааст:
“Айни ҳол нисбат ба боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон парванда оғоз гардида, барои муайян намудани шарикони боздошуда тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр