Бахшҳо

Таассуфу нигаронии Р.Эмомалӣ: Мардум масъулини мубориза бо коррупсияро фасодзадатарин медонанд

Рустами Эмомалӣ, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон имрӯз, 27-уми октябр ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузориш додааст, ки бо мақсади муборизаи беҳтар бо коррупсия назари мардумро дар бораи ин падидаи номатлуб мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ӯ имрӯз, 27-уми октябр зимни ҷаласаи ҳукумат бо таассуфу нигаронӣ изҳор доштааст, ки мардум масъулини мубориза бо коррупсияро фасодзадатарин мехонанд. Рустами Эмомалӣ аз қавли мусоҳибон маоши бештари кормандон, ҷазои сангинтари фасодкорон ва таъини шахсони поквиҷдонро ба мансабҳои давлатӣ яке аз роҳҳои паст кардани сатҳи коррупсия хондааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳадафи ин таҳқиқот ва пурсиши сотсиологиро, ки бо иштироки 88 ҳазор сокини кишвар гузаронда шудааст, муайян намудани сабабу омилҳои коррупсионӣ, муносибати аҳолӣ нисбат ба коррупсия ва муқовимат ба он дар сохторҳои давлатӣ хондааст.

“Озодагон” ҳисоботи муфассали Рустами Эмомалиро дар ҷаласаи ҳукумат бе тағйир пешниҳоди хонандаҳо мекунад:

Бо назардошти ба пурсишҳои қаблӣ кам ҷалб гардидани шаҳрвандон ва бо мақсади шаффофу воқеъбинона муайян кардани сатҳи коррупсия, Агентӣ дар ин пурсиш шумораи зиёди сокинони минтақаҳои гуногуни кишварро ҷалб намуд.

Натиҷаи пурсиш муайян намуд, ки аз шумораи умумии иштирокчиён зиёда аз 34 ҳазор нафар ё 39 фоиз сатҳи коррупсияро дар мақомоти идоракунии давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ баланд арзёбӣ намудаанд, ки ба соҳаҳои заминсозӣ 39 фоиз, тандурустӣ 35 фоиз, маориф 25 фоиз, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 36 фоиз ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 34 фоиз рост меояд.

Дар баробари ин, аксари иштирокчиён сатҳи коррупсияро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ баён намуданд. Аз ҷумла, ба ақидаи 43 200 нафар ё 49 фоиз мақомоти прокуратура, зиёда аз 43 ҳазор нафар ё 49 фоиз гумрук, қариб 43 ҳазор нафар ё 48 фоиз андоз, 40 ҳазору 700 нафар ё 46 фоиз амният, қариб 32 ҳазор нафар ё 36 фоиз мақомоти судӣ, 39 ҳазор нафар ё 44 фоиз мақомоти корҳои дохилӣ, беш аз 42 ҳазор нафар ё 48 фоиз Бозрасии давлатии автомобилӣ ва 27 ҳазору 700 нафар ё 31 фоиз комиссариатҳои ҳарбӣ фасодзада мебошанд.

Тавре аз нишондиҳандаҳо бармеояд, сохтору мақомоте, ки худашон бевосита субъекти бар зидди коррупсия муборизабаранда мебошанд, дар пурсиш бештар фасодзада арзёбӣ гардидаанд.

Махсус бояд зикр кард, ки дар пурсиши сотсиологии соли 2015, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва қариб 3 ҳазор нафарро фаро гирифта буд, бештар аз 45 фоизи шаҳрвандон маҳз ҳамин сохтору мақомотро нисбатан фасодзада баён карда буданд, ки ин боиси таассуфу нигаронӣ буда, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз шумораи умумии иштирокчиён беш аз 19 ҳазор нафар ё 22 фоиз сатҳи коррупсияро дар кишвар паст, қариб 34 ҳазор нафар ё 38 фоиз миёна, зиёда аз 23 ҳазор нафар ё 26 фоиз баланд ҳисобида, боқимонда 12 ҳазор нафар ё 14 фоиз мавқеи худро муайян накардаанд.
Қариб 25 ҳазору 500 нафар ё 29 фоиз сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳишёбанда, 25 ҳазор нафар ё 28 фоиз афзоишёбанда арзёбӣ карда, 22 ҳазору 700 нафар ё 26 фоиз чунин ақида доранд, ки сатҳи коррупсия тағйир наёфта истодааст.

Дар ҷараёни гузаронидани пурсиши сотсиологӣ иштирокчиён дар баробари арзёбии сатҳи коррупсия, барои беҳтар намудани мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Чунончи, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани андозаи ҳадди ақали маоши миёна дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, пурзӯр намудани ҷазо нисбат ба шахсоне, ки ба ришваситонӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ даст мезананд, аз ҷумлаи пешниҳодҳои баёншуда мебошанд.

Ба ақидаи аксари иштирокчиён тавассути воситаҳои ахбори омма мавриди муҳокимаи васеъ қарор додани амалҳои содиршудаи коррупсионӣ ва ба хизмати давлатӣ таъйин намудани шахсони поквиҷдон, лаёқатманду босавод роҳҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия маҳсуб мешаванд.
Ҳамзамон бо ин, қисмати дигари иштирокчиён ташаккули маърифати инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангиву миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба халқу Ватан ва содда гардонидани намудҳои хизматрасонӣ ба аҳолиро аз ҷумлаи омилҳои коҳишдиҳандаи сатҳи коррупсия арзёбӣ намудаанд.

Ҳамчунин ба мақсад мувофиқ аст, ки натиҷаи ин таҳқиқотро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода, ба хотири баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба паст намудани сатҳи коррупсия тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Мӯҳр
Сабур
Ба пеш Рустам,то нобудии фасод!

Офарин!!! Пешгирии ин омили номатлуб сабаби ососии пешравии чамият гашта обрую нуфузи Хукумат ва дигар макомотхоро баланд мебардорад. ....

Офарин. Бехтарин тадкикот ва бехтарин тахлил. Оинахо равшан ва пок мешаванд иншоолох....... Агар ахлок аз дасти муллою эшону суфи чазир шавад, давлатдори аз дасти суду прокурору мелеса харобу чазир мегарда.....

БЕҲТАРИН .РУСТАМ БА ПЕШ РИШВА ОБУРУИ ҲУКУМАТРО ПАСТ МЕКУНАД И ХАЛҚРО ГИЗАЛА МЕКУНАД.БОЯД РЕШАКАН КАРДАН ДАРКОРАЙ РИШВАРО

Virkan
Танхо як рох дар решакан кардани коррупсия вучуд дорад, аз хама мухим ва аз хама аввал махалгарои пурра решакан шавад, вагарна ришва идома меёбаду меафзояд. Ба вазифахои баланд инсонхои пок, бо гузаштаи тоза маъруф бошанд таъин карда шаванд, ин гуна одамон хастанд, аммо мутаассифона географияи хуб надоранд. Хазорон нафар касони бехтаринро бароятон мардуми одди метавонад тавсия намояд, ки вазифадорони ришвахорро иваз мекунанд, инсонхои шикастанафс ва баимон дорем, чомеа, кормандон, донишчуён, мардуми одди ононро мешиносанд, чаро ин афродро ба вазифахо таъин намекунед? Хатто донишчуён ва омузгорони макотиби оли он вазифадоронеро мешиносанд, ки дар портфелхояшон пури зачетка буду дар даводави пулчамъкуни буданд, ачиб ки имрузхо дар вазифахои калонтаринанд, муассисахои олиро идора мекунанд. Чи имсол нашунидед, ки барои интиколи донишчуён аз як муассиса ба дигар муассисаи оли мисол дар як донишгохи бонуфузтарини мо бепул касе интикол гирифта натавонист, овозахо буд, ки баъзе сохибони амр дар рузаш аз хисоби ичозати интикол 12 - 15 хазор доллар ба даст меоварданд.

Ва аксарияти мардум бар он назаранд, ки имрӯз танҳо Рустами Эмомалӣ метавонад ҷилави ин наҳангҳоро боз доршта, садди роҳашон шавад, то имиҷи давлатро нарезанд ва онро ба харобӣ накашанд!!!

ватандуст
макомоти карупсия чанд фоиз бошад???

Samar
Agar chunin nishondod durust boshad behtarin nishond!!!Сабур,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)