Бахшҳо
27 окт 2016 16:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Додхоҳии милисаҳои муттаҳам дар латукӯб ва вуруди ғайриқонунӣ ба хона: Бегуноҳем

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати се корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор барои ғайриқонунӣ даромадан ба манзили як сокини ин ноҳия ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Хонаводаи Парвиз Ҳабибов, як сокини ноҳияи Фархор иддао доранд, ки дар пайи як баҳси хонаводагӣ кормандони пулис фарзанди онҳоро ба идораи Шӯъбаи корҳои дохилии Фархор бурда, мавриди латту кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа қабурғаи ӯ шикастааст.

Аммо Акрамшоҳҷони Абдулло, яке аз се корманди милиса, ки нисбаташон парванда боз гардидааст, чунин иддаоро рад намуда, мегӯяд, дар латукӯби Парвиз Ҳабибов даст надоранд.

Ин се корманди милиса, ки аз онҳо Акрамшоҳҷони Абдулло, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатов ном бурда мешавад, баъди сар задани ин ҳодиса аз мақомашон дар ШКД-и Фархор барканор шуда, ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Акрамшоҳҷони Абдулло унвонии Додситонии кулл ва Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиатнома ирсол намуда, иброз доштааст, ки ӯро бе асос бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ гумонбар донистаанд ва аз ин ду ниҳод хоҳиш намудааст, ки ин масъаларо мунсифона баррасӣ кунанд.

Дар муроҷиатномаи Акрамшоҳҷони Абдулло, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” гардид, гуфта шудааст, ки 29 март дар мавриди муноқишаи оилавӣ дар хонаводаи Парвиз Ҳабибов муроҷиат шудааст. Ӯ мегӯяд, бо ду ҳамкораш дар руйхати гурӯҳи фаврӣ номнавис шуда, на аз пеши худ, балки тибқи супориши раҳбарияти ШКД-и Фархор ба манзили шаҳрванд Парвиз Ҳабибов рафтаанд.

Тибқи ин муроҷиатнома, ба ҳабси пешакӣ гирифтани Акрамшоҳҷони Абдулло, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатов баъди он сурат гирифт, ки онҳо бо супориши раҳбарият Парвиз Ҳабибовро аз хонааш гирифта, барои ҷанҷоли оилавияш ба ШКД-и ноҳия овардаанд: “Парвиз Ҳабибовро баъди оне, ки аз Шӯъбаи корҳои дохилаи Фархор ҷавоб медиҳанд, даъво мекунад, ки ӯро ин се корманди ШКД-и Фархор лату кӯб кардаанд. Парвиз Ҳабибов бори аввал ба прокуратураи Фархор шикоят кардааст ва он ҷо миёни ҷонибҳо мусолеҳа шудааст. Вале баъдан Ҳабибов боз ба Прокуратураи генералӣ шикоят кардааст ва ин ниҳод, нисбати Акрамшоҳҷони Абдулло ва ду ҳамкораш бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ-147, қисми 2 бандҳои “а”, “б” (ғайриқонунӣ даромадан ба манзил) ва 316 қисми 3 банди “а” ( баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парванда боз намудааст”.

Акрамшоҳҷони Абдулло дар номаи худ гуфтааст, Парвиз Ҳабибовро, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, оварда ба Шӯъбаи пулис супоридаанд ва баъди 1,5-2 соат ӯро бо супориши раҳбарият ҷавоб додаанду он замон дар баданаш ягон ҷароҳат дида намешуд: “Вале мақомоти тафтишоти пешакӣ бе таҳқиқи далелҳо, танҳо як ташхиси судӣ-тиббиро асос намуда, нисбати мо парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Мақомоти тафтишоти пешакии Прокуратураи генералӣ тафтиши парвандаи мазкурро нопурра ва яктарафа тафтиш намуда, маълум накардааст, ки ҷароҳатҳо дар бадани Ҳабибов Парвиз аз таъсири чи гуна ашёҳо ва бо кадом тарзу усул пайдо шудаанд”.

Акрамшоҳҷони Абдулло дар идомаи муроҷитаномаи худ гуфтааст, тибқи моддаҳое, ки нисбаташон айб эълон шудааст, дар додгоҳи ноҳияи Фархор ду рӯз мурофиаҳои додгоҳӣ баргузор шуд: “Дар ин ду рӯз айби нисбаташон эълоншуда исботи худро наёфт. Аз чӣ сабаб бошад, ки ин парванда барои ба суди дигар додан, ба суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб фиристода шуд ва ҳоло дар баррасии суди ноҳияи Ҳамадонӣ қарор дорад. Дар охир мо кормандони миллитсия аз раиси Суди олӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш ва илтимос дорем, парвандаи ҷиноятие, ки айни замон дар суди Ҳамадонӣ қарор дорад, пурра ва ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор дода шавад, чунки ин парвандаи ҷиноятӣ нисбати мо ғайриқонунӣ, яктарафа ва ғаразнок оғоз карда шудааст”.
Мӯҳр
Не млисаҳо ҳеҷвақт гуноҳ надоран мусичаи бегуноҳан гуноҳкор ҳами мардуми бечоран худошона дар мушту шатаи милисаҳо мезана

оооо
акнун дар путачруби худатон дидед. ки одаме, ки дар дасти шумо меафтад ба чи хол гирифтор мешавад. бо мардум худатон хам мебоист, ки рафтори хуб мекардед. хар чи ки кошти он медарави.

Ино милиса не ино ки формара пушан як чинояткори формадор мешаван дигар одамон мисли як паша мешава

Як чизро нахонда ё надониста гапи но дуруст назанедЗафар,
Зафар,

Гунахгорона махкам кардан наметонан бегунохора дар чои худ махкам кардан. Чабрдидара пурсен уро ки зад у дар свободаай бегунохон махкаман.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)