Бахшҳо

Номаи рӯзноманигори маъюби зиндонии тоҷик ба Президент ва Озода Раҳмон

Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик бо ирсоли як нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, хостори раҳоияш аз маҳбас шудааст.

Исмоилов дар номааш, ки дастраси “Озодагон” гардид, мегӯяд, ӯ ҳеҷ гуноҳе надорад ва ҳамеша барои ободонии кишвар фаъолият намудааст: “Маро аз зиндон озод кунед, муҳтарам Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон! Банда ҳеҷ гоҳ хиёнат ба давлату миллат накардаам, кутоҳи гап он аст, ки дар пешрафти мулки Тоҷикистон, ки гуфта будед, “ҳар шахс баҳри ободии давлат масъул аст” шиори худ хонда, амал кардаам. Пӯсткандаи гап он аст, ки банда аз хурдӣ рӯзноманигор астам, бо мақолаҳои проблемавии худ дилу гурдаи хобрафтаи роҳбаронро, махсусан мақомоти қудратиро ба кор медарорам. Онҳо чандин бор бо “поставка” хостанд маро ба даст афтонанд. Ниҳоят бо як зани зархарид шартнома баста, гуиё ӯ ба ман чаҳорсад сомонӣ пора дода бошад, нисбатам айбнома эълон карданд ва ба муҳлати 11 сол равонаи зиндон карданд”.

Номбурда иброз доштааст, ки соли 2014 қонуни афвро нисбаташ татбиқ накарданд ва тибқи қонуни афи имсола ба ӯ гуфтаанд, аз 3 як ҳиссаи мӯҳлати ҳукмат кам карда мешавад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар номаи худ таъкид намудааст, ки бегуноҳ аст, ду фарзанди ноболиғ дорад ва гузашта аз ин, маҷрӯҳи гурӯҳи 3-юм мебошад: “Аз ин рӯ, илтиҷо мекунам, ки муҳтарам Президенти кишвар маро аз маҳбас озод кунед”.

Ин рӯзноманигори тоҷик соли 2013 барои даст доштан дар қаллобӣ муттаҳам гардида, ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Мӯҳр
.
Як иншо навис дар бораи Пешвои миллат, асосгузори сулх ва муассиси Точикистони сохибистиклол. Агар маъкул шавад, шояд чавоб мешави.

Судяи н Бобочон Гафуров 50000 долара гирифт 60000 долар дод халос хурд. А и мардаки хуб ба 400 сомон 11 сол гирифт. Чи хел инро фахмем.

корбар
Хукми инро 2-соли дигар зиёд мекунанд, Чунки ин вакти хитобаш ба Прездент ( Пешвои миллат)нагуфт...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)