Бахшҳо

“Рейд барои сатр”-сабаби моҷаро миёни корманди амният ва занони Кумита

Гулӣ Зардова, рӯзноманигори тоҷик, ки аз рафтори ношоями корманди мақомоти амният дар қабулгоҳи раиси Кумитаи занони Тоҷикистон хабар дод, асли моҷароро ба “Озодагон” баён дошт.

Ӯ имрӯз, 28-уми октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, он ҷавон воқеан корманди мақомоти амнияти ноҳияи Шоҳмансур буда, моҷаро барои “рейд” алайҳи сатр сар задааст: “Чанд рӯз дар бозорҳо ҳамин хел рейд мегузарондаанд, ки корманди Кумитаи занон рафта сатр мепурсидааст. Онро пинҳонӣ мефурӯшанд ку ва агар фурӯшанда мегуфтааст, ки дорем, ин ҷавон рафта, онро меқапидаст”.

Мусоҳиби “Озодагон” афзуд, дар рӯзи сар задани моҷаро кормандони Кумитаи занон натавонистаанд, дар “рейд” иштирок кунанд, аммо ин ҷавон меравед гуфта, моҷаро бардошт.

Гулӣ Зардова дар саҳифаи фейсбукияш навишт, ки 27 октябр дар қабулгоҳи раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон шоҳиди рафтори ношоями ҷавоне шудааст, ки худро "корманди амният" муаррифӣ мекард.

Хонум Зардова гуфт ин ҷавон худро "корманди амният ва бачаи генерал Саидов" ном бурда, бо нишон додани ҳуҷҷати "муқоваи сурхдор" ба ҳозирин дод мезад: "Ӯ ба ҳозирин дод зада фармон медоду, нафасгирӣ намегузошт. Яке аз духтарон эътироз овард, вале ҷавон ба ӯ дӯғу пӯписа зада гуфт:
- Ту медони катии кӣ гап задестай!? Ма коркуни амниятм, фаҳмидӣ! Даркор шава ҳама кора мепартойю, қати ма мерай...!"

Ӯ дар идома менависад, ҷавони дигаре ин рафтори "корманди амният"-ро дида, аз духтарон пуштибонӣ кард: "Корманди амният ба ғазаб омада ӯро ба сӯҳбати як ба як даъват намуд. Аз авзову рафтор ва гуфтори ҳамин ҷавон, ки ҳар лаҳза ҳуҷҷаташ "удостоверенияаашро" бароварда ба рӯи одамон тиқонда, бале, маҳз тиқонда, ҳатто имконияти хондани ному насабашро намегузошт, аз даҳонаш хаф паридагӣ барин фоффофкунон ҳайтас мезад".

Гулӣ Зардова мегӯяд, дигар тоқат накард ва худро ба он ҷавон муаррифӣ кард: "Ӯ ба ман ким чӣ хел аз боло ба поён нигариста гуфт:
- Хай чӣ! Баъд чӣ!? Ма коркуни амниятум, ту хдта ба ма сарбасар накн!

Гумон макунед, ки ман инҷо ба хатои техникӣ роҳ додаам, не, айнан ҳарфзании ҷавонро овардаам. Вақте ӯ ғалғала бардошта, яке аз кормандони Кумитаро ба берун кашида бурданӣ шуд, камина аз қафояш баромада, насиҳат кардам.

Насиҳат он тараф истад, ки чизеро намедиду намешунид.
Ту медони ма киюм!?
Ма бачаи генерал Саидов ҳастм! Пота ба пои ма дароз накун...!"

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд ва дар сурати дастрас шудани назари мақомот "Озодагон" онро дар зудтарин фурсат нашр мекунад.

Ин қазия дар ҳолест, ки қаблан мақомот аз ифшои чанд ҳолате хабар доданд, ки баъзе ашхос худро "корманди мақомот" ё хеши афроди воломақом муаррифӣ карда, ба қонуншиканию бетартибиҳо даст мезадаанд.
Мӯҳр
Сафархон аз Гарм
Ман бовари дорам ки ин чавоне ки худро корманди амният мегирад дар асл ягончо кор намекунад ва бо истифода аз як аблошкаи рангаш сурх мехостааст ба кавле "храб" занад.

вааххахахахах, Ту медони ки макиюм??)))) Кормандони амният ин намуд гап зани надоранд муаллифи мухтарам. Як чизе нависед, ки ба хакикат кариб бошад

Чихел тарсу шуда рафтем, руи рост хукуки озодиро поймол мекунанд, хама хап ягон кас овоз баланд намекунад.

Баъд чи корт кнм бачаи генерали ё корманди амният !
Дига гуфта бачаи генералм хамара буз мекаши !

Аз дасти фарзандони генералу вазир ба куЧо панох барем. Эй Аллох, мардум аз раи ефтани як бурда нон дар ба дари рус овораву саргардон инзо ман бачаи генерал гуфта дигар кор надоранд? Факат думболи занон ки бо сатр накунанд.

ғариб
чи кор кунем ки дар ТҶ аз ҳамаи давлатҳои посушурави генерал бисёр аст ва ҳар яктои онҳо хешу табор фарзнду ҷияну хорзодаву ҳамсояву ..... доранд

Мусалмон
агар фарзанди вазир хам боши, хак надори бо мардум ин хел муносибат куни. Фикр мекунам, ки дар ин замон аз баъзе кормандони хифзи хукук дида бадрафтортар нест.

Ҳеҷ ягон шахсият наметавонад қонунро поймол кунад! набояд корманди "кумитаи амниЯТ" аз руи мансабаш ба занони ҷомеаи мо ҷангу моҷаро ва ононро маҷбури ба кори хости Худ даст занонад!

Точик
Аз давлати мухтарам эхтимромона хохиш мекунем ки ин гуна рустоихои аз шахрнишини дурро ба рохи рост хидоят фармоянд чун ин гуна рафтори на зеби точики дораду на ба фарханги точики рост меояд точик бояд фарханги ва одами бомаданият бошад агар набошад точик нест.

...афсус ва хело афсус ки одоби муошират тамоман аз байн рафта истодааст дар кишвари азизи ман ...

БА РОСТИ ХАМИН НАЗАРХОИ МАРДУМРО ХОНДАМ ЯГОН ЗАРРА ХАМ АНДЕШАЕ НАЁФТАМ КИ ДИЛАМ РОХАТ КУНАД Ё АКАЛАН ТАСАЛЛОИ ДИЛИ АПАИ ГУЛИ ЗАРД БОШАНД .... ХАЙФ БА ИН МИЛЛАТ КИ ДАЪВО МЕКУНАНД КИ МО МУСАЛМОНЕМ .....ХАЙФ ХАЙФ САД ХАЙФ .......

Мкомоти амнията ба сатрпушии занхо чи кораш мондаст? Ё акнун ин хел занхо хам ба амният хатар доранд-ми? Ачоиб...

Ин ходиса дар хакикат рухдода буд. Шохидони зиёде хастанд, ки аз ин вокиф хастанд ва ин чавон др хакикат корманди амният аст. Ин ахбор рост аст. Ва дигар он аст, ки ба фикрам макомоти кудрати барои химояи хукукхои мо ташкил карда шудааст, на барои тахкиру пуписа задан! Ягон сохторе мавчуд нест, ки дунболагири ин гуна нохакихо шавад?! Ё амният сохтори зуртарини чомеаи имрузаи конститутсионии мо аст? Ба ин саволхо худи сохторхои кудрати чавоб гуянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)