Бахшҳо
28 окт 2016 15:07Тоҷикистон / Сиёсат

Дастури Убайдуллоев: То 16 ноябр дар хонаҳо парчам насб шавад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои таҷлили бошукуҳи Рӯзи Парчам, ки ҳамасола 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, дастур додааст.

Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, тибқи барномаи тасдиқкардаи Убайдуллоев чорабинии асосии идона 24-уми ноябр соати 10:00 дар Майдони Парчами давлатӣ баргузор мешавад.

Раиси Душанбе раисони навоҳиро муваззаф кардааст, ки ороиши идонаи биною муассисаҳоро новобаста аз шакли моликият таъмин карда, то 16-уми ноябр дар боғу хиёбонҳо ва биноҳои истиқоматӣ парчам насб кунанд. Инчунин супориш шудааст, ки нақлиёти мусофирбар бо парчам ороиш дода шуда, ба муносибати Рӯзи парчам мизҳои мудаввару мусобиқаҳои варзишӣ гузаронда шаванд.

Дастури насби парчам дар хонаҳои истиқоматӣ дар ҳолест, ки ахиран вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи рамзҳои давлатӣ иҷозат доданд, ки шаҳрвандон аз парчами миллӣ истифода намоянд.

Мавлуда Қаландарзода, вакили парлумон, ки имрӯз 12-уми октябр тағйироти мазкурро дар ҷаласа муаррифӣ намуд, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, минбаъд шаҳрвандон ҳуқуқи истифодаи парчами миллиро дар хонаҳояшон доранд. Вакилон маконҳоеро, ки дар он барои истифодаи парчами миллӣ иҷозат аст, бештар намудаанд. Ба гуфтаи Қаландарзода шаҳрвандон метавонанд бо ҳисси ифтихор парчамро дар хонаю корхонаҳои худ насб кунанд.
Мӯҳр
ЭЭЭЭ Офаринннннн!!!!!! Қанд занед. Ана инро бозёфти асри 21 мегуянд. Як аз роҳҳои асосии халосӣ аз буҳрони иқтисоди. Ҷаноби Убайдуллоев барои ин бозёфт ба ҷоизаи Нобел пешниҳод ва ба китоби Гиннес дохил карда шавад. Як ҷаҳон ташаакур!!!!!!!!!!!

dtgcxig rivc nbwka
Барои мо мардуми бекору бемаош парчам марчам лозим нест, ба зимистон тайёри бинед, ки мардуми хорузор дар хонахои бетони намурад, асоси кор ин гамхори ба халк аст на авомфиребиву худнамои ва сохтакори, рости гап вакти он расидаст, ки бо обруи мухаммади курсиро тарк намуда ба ягон шогирди вафодору чавони босавод супоред инсони окил набояд вазифадустор шуда солхо шинад

Ба чои парчамбози Точикистонро бокувваи барк таъминкунед.
Бо ки даркораст парчами 100 000 мета шумо.

Намншавад хамин маблагхое ки дар ин чорабини сарфаш мекунед ба мардуми камбизоат таксим кунед?

Дастоварди ҳукумати раҳмон дар муддати 25 сол ҳамин чашни парчаму чашни харбузаву асал аст тамом ва ссалом.

Шумо - Анварҷон аз ҳамин Тоҷикистони худмонӣ? Бояд ин масъалаҳоро барвақт мефаҳмидӣ.
Агар ин маблағҳоро ба камбизоатҳо тақсим карда диҳанд, чӣ хел худашон соҳиби пули нақд мешаванд?
100 парчам мехаранду 259 парчам менависанд. Ана баъд маишата бин-э.

Ҳоҷӣ
dtgcxig rivc nbwka.Хато кардед, ҷавони хуб! Ватандустон дар руи курсии мансаб мемуранд. Аз Ленину Сталин ибрат мегиранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)