Бахшҳо

Наврӯз мегӯяд, аз гову бузчаронӣ хизмат беҳтар аст, аммо...

Як ҷавони 26-сола мегӯяд, мехост бо хоҳиши худ ба хизмати артиш биравад, аммо модараш ӯро нагузошт.

Ба гуфтаи Наврӯз Собиров, сокини ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ баъди хатми мактаби миёна имкони дохил шудан ба мактаби олиро надошт ва ба Русия мардикорӣ рафт. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт: “Се сол дар Русия кор карда, соли 2013 Тоҷикистон омадам. Модару падарам байни худ зиёд ҷанҷол мекарданд. Баъди як сол ба шаҳри Остонаи Қазоқистон мардикорӣ рафтам, аммо кори хуб пайдо накарда, баъдид шаш моҳ баргаштам”.

Наврӯз мегӯяд, то имрӯз даҳҳо маротиба аз комиссари ҳарбӣ барояш даъватнома овардаанд, аммо модараш намегузорад, ки ба артиш биравад. “Вақте даъвати тирамоҳӣ сар шуд, ба ҷамоат рафта гуфтам, ки хапу дам маро ба комиссарити ҳарбӣ баред, зеро аз чаронидани гову буз беҳтар аст, ки рафта хизмат кунам. Дар комиссариат аз духтур гузашта, барои рафтан тайёрӣ медидам, ки модарам хабар шуда, рӯзи қабули раиси ноҳия наздаш медарояд ва худро ба замин партофта, аз ҳуш меравад. Ӯро ба беморхона бурда, баъдан ба назди ман ба комиссариати ҳарбӣ оварданд. Баъди илтиҷо ва зории модарам раиси ноҳия маро ҷавоб дод”,-илова намуд ӯ.

Раҳмоналӣ Холов, комисари Камиссариати ҳарбии ноҳия Восеъ ба “Озодагон” тасдиқ намуд, ки Наврӯз Собиров бо хоҳиши худ ба комиссариат омад: “Бо амри раиси ноҳия, ки намояндаи Президент аст, ӯро ҷавоб додем”.

Талоши хабарнигори мо барои суҳбат бо модари Наврӯз бенатиҷа буд, аммо аз беморхонаи марказии ноҳия гуфтанд, баъди ӯро ба инҷо овардан, ба саломатиаш хатаре таҳдид намекард, зуд ҷавобаш доданд.
Мӯҳр
Навруз додари чон ё тушберая хом шумурдаги хасти ё гусфандора.

Сагера хози зарбаи чонкохи сапоги дар зери-нофу алахчат нахурдай да!!!

Дируз бо як афсари артиш сухбат кардам. Гуфт, ки хозир як сарбозро бад нигох карда хам наметавони - дархол кормандони прокуратура ба саратон меоянд. Интизом дар имруза артиши Точикистон аз артиши Шурави хам шояд бехтар бошад. Аз артиши Русия аник бехтар аст. Бехуда бачахоро натарсонед.

Садо,
Ту садо не Сода бмон номта!!! Хаму бачи хамсоятай кияй руша сиёх мекуна!!!! Вакти пеш кай мекуштанд аскархора ??? Хозир чашмои ъалата кушода бин чанд салдат солона халок мешавад аз зарби мушту лагат!!! Ба хоки пои шурави намерояд артиши хозира!! Артиши мо факат аз Зимбабве ва Сомали пеш аст!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)