Бахшҳо

Шурӯи бунёди сарбанди Нерӯгоҳи Роғун бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29 октябр дар расми бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соҳили дарёи Вахш иштирок намуд.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар ин маросим ҳамчунин аъзои ҳукумат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гуруҳ ҷавонон ҳузур доранд: “Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад”.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ таъкид намудааст, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад: “Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад: “Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳимми аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст”.

Ба гуфтаи манбаъ, Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд: “Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад. Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр моҳи декабри соли 2018 нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз мекунад. Нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад”.
Мӯҳр
Абдурахим
Рогун+ рогун +рогун
бо шунидани ин исм хаёти нуронии мардуми точик пеши назархо меояд.........
Худоё чашми душманро кур кун то дигар монеъае пеш наояд

Ободхох
Рогун барои ояндаи фарзандонамон як давлату ифтихор аст.
Рогун ояндаи точикон аст.
Рогун нури эмони точикон аст.
Рогун нури хаёти точикон аст.
Рогун ободии Точикистон аст.
Рогун ифтихори халки точик.
Рогун мушкилкушои халки точик.
Рогун равшангарои халки точик.

Маҳмадулло
Тамоми мардуми сарбаланду банангу номуси қавиирода ва гайюру ҷасурро ба ин рузи тарихи табрик мегуям. Ба пеш !!!

Мухаммадчон
Муборак бошад ин рузи таьрихи ба мардуми шарифи Точикистон. Он руз дур нест ки мо мардуми бонангу номуси точик бо сиесати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулху вахдати милли мухтарам Э.Рахмон ба истиклолияти энергетики мерасем. Новобоста аз талошхои хамешагии Пешвои миллат бадхохонаи миллат мехоханд Ватани азизамонро ба вартаи чангу чидол кашанд. Лекин мо мардуми бонангу номуси точик дар симои Пешвои миллат, Асосгузори сулху вахдати милли мухтарам Э.Рахмон бахри рушду нумуи Ватанамон чонисори мекунем.

Роғун ояндаи дурахшони Тоҷикистон.
Офарин ба Пешвои миллати тоҷик. Чанд сол пеш ҷаноби олӣ ваъда дода буданд, ки «Роғунро якҷоя месозем» ва бо инқадар мушкилиҳо ва ҳато таҳдидҳо нигоҳ накарда дар ҳақиқат бо иродаи қавӣ барои сохтани ин неругоҳи бузург милати тоҷикро сарҷамъ намуда ҳама якҷоя дар ин сохтумони бузург саҳми худро гузоштанд.

Зинда бод мардуми сарбаланди Форсу Точ,ик. Зинда бод Пешвои миллати Точ,ик бо чунин созандагих,ояш.

Мо як гурух мухочирони точик, ки дар каламрави шахри Екатерингбурги Федератсияи Руссия карор дорем, кайд намудани хастем, аз ин сиёсати пешгирифтаи Президенти ЧТ ва Хукумати ЧТ миннатдори баён медорем, чунки ин як икдоме мебошад, ки дар солхои оянда такдири миллати точикро ру ба суйи бехбуди ва пешрафти Ватани азизамон мебарад.

муродали
Салом ба хама бародарони точикистони! Ман аз номи худам хамаи шуморо ба муносибати ин санаи мухими таърихи дар хёти кишварамон табрик мекунам мо бояд муттахид шавем то ки ягон кас моро аз хам чудо накунад ва тавонем кишвар худмона ба як кишвари тараки карда табдил дихем.

Мо мардуми захматкашу Ватандусдори Точикистон аз ин икдом хле хурсанд, хастем, чунки баъди бунёди ин неругох даххо хазор нафар шахрвандони ЧТ ба чойи кори доими фаро гирифта мешаванд ва хамзамон мардуми шарафманди мо бо неруи барки доими таъмин мегарданд. Ташаккур ба Шумо Чаноби Оли

Мухаммад
Рогун ин хаёти ояндаи халку миллати мо аст мо бояд кушиш намоем ки то хамаи кувамора сарф кнем то ки ин иншоот сохта шавад то ки дигар тамоми точикистон бо неруи барктаъ

Точикистони азизи мо руз то руз ру ба суйи таракиёт рафта истодааст. Хамин ки Нури Рогун ба кор шуруъ кард дар каламрави Чумхуриямон даххо корхонахо бунёд шуда, мардуми мо дар Ватани худ кор карда зиндагониашонро пеш мебаранд. Мо мухочирон умеди калон дорем аз Пешвои миллатамон.

шайх
рогун моро ба истиклоилияти комили энергетики мерасонад ва пероавихои зиёд дар чомеа ба амал мебиёяд барои ин мо бояд ба сарвари давлат ва хукумат шукргузор бошем.

гарени
ба пеш президенти мух,тарам!!!

Одина
Шараф барои чавонмардони ки дар хизмати алку милати Точикан, хамин рузро мардуми Точик кайхо боз интизори мекашидаанд... Дар ин рузхои душвору сангин чунин бунедкорию созандаги бенихоят мушкил аст, мутасифона хукумати Точиистон бо робарии Пешвои миллат ин икдомхои такдирсози давлату миллати Точиистонро амали намуда истодаанд... Худованди карим нигахбонат бод Чаноби Оли!!

Devona
Dar 25sol yagona kadami ustuvori dilgarmkunanda.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)