Қаноатмандии Э.Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарбӣ бо Чин дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ дар марз бо Афғонистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо Чэн Гопин, ваколатдори вижаи Чин оид ба масоили амниятӣ ва мубориза бо терроризм, ба вазъи муносибатҳои шарикию стратегии Душанбеву Пекин баҳои арзанда дода, аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ дар минтақаи Тоҷикистону Афғонистон, пурзур кардани иқтидори мудофиавии кишвар изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои пурзур кардани муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд: “Масъалаи таъмини амният ва вазъи муътадил дар минтақа барои амалишавии барномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки беш аз 200 ададро ташкил медиҳад, ҳамчун омили муҳим маънидод карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |