Коршинос: Трамп барои Тоҷикистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар хатар дорад
Никита Мендкович, коршиноси Шӯрои Русия дар умури муносибатҳои байналмиллалӣ муътақид аст, пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико барои кишварҳое назири Тоҷикистон ва Узбакистон манфиатовар аст.
Ӯ дар суҳбат бо “Sputnik Тоҷикистон” гуфтааст, Трамп борҳо изҳор дошта, ки хостори муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон аст: “Трамп барои Тоҷикистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар хатар дорад”.
Ин дар ҳоле ки ба иддаои Мендкович, Ҳиллари Клинтон нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле хашм дошт: “Махсусан замоне, ки вазифаи котиби давлатии ИМА-ро бар дӯш дошт. Клинтон рӯйи рост бар зидди ҳамгироии АвруОсиё ва наздик шудани Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон баромад карда буд”.
Доналд Трамп дар интихоботи рӯзи 8 ноябр бар рақибаш Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд ва барои чор соли оянда яке аз қутбҳои ҷаҳонро идора хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |